Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занони афғон: беҳуқуқ дар кӯча, тавоно дар хона


Рӯзноманигор Анна Бадхен як солро ҳамроҳ бо занони туркмантабори афғон дар манотиқи шимолии Афғонистон сипарӣ намуда, китоберо зери унвони “Ҷаҳон як қолин аст” ба табъ расонд, ки ҳаёти занон афғонро аз дохил тасвир намудааст.

Дар китоби “Ҷаҳон як қолин аст” рӯзноманигори амрикоӣ Анна Бадхен ҳаёти хусусии занони афғонро тасвир намуда, баъзе натиҷагириҳои аҷоиб пешкаш мекунад. Масалан дар деҳаи дурдасти Оқаи шимоли Афғонистон мардум аз ҳисоби қолинбофӣ рӯз мегузаронанд ва ба гуфти хонум Бадхен марду зан ба таври озод равуо мекунанд.

Ӯ меафзояд: “Дар деҳа ҳар яке ба дигаре хешу таборӣ дорад ва ҳеҷ зарурате нест, ки мардон аз занон ҷудо бошанд. Дар ин деҳа ягон кас бегона нест. Бисёре аз деҳоти дурдасти Афғонистон дар ҳамин ҳоланд. Мардум якдигарро мешиносанду ба хонаҳои ҳамдигар рафтуомад мекунанд. Онҳо доимо ҳамдигарро мебинанду дар ин гуна деҳот ҷудоии зану мард эҳсос намешавад.”

Хонум Бадхен илова мекунад, ки вазъ дар шаҳрҳои бузурги Афғонистон дигар аст. Ӯ шаҳри шимолии Мазори Шарифро ба ёд меорад. Дар он ҷо Бадхен муддате дар як манзил ҳамроҳ бо 7 зан ва беш аз 20 кӯдак иқомат доштааст. Ин рӯзноманигори амрикоӣ таъкид мекунад, ки занон дар ҳаёти ҷамъиятии шаҳрҳои афғон нақши бузурге надоранд, вале вақте онҳо ба ошхона меоянд, вазъ тағйир меёбад ва зан ҳокими мутлақ аст.

Ба қавли хонум Бадхен занони афғон дар оилаҳои сармоядор имтиёзи бештар доранд: “Ҳоли занон дар оилаҳои пулдор, ки асосан дар шаҳрҳо ба сар мебаранд, беҳтар аст. Агар шумо дар Кобул бошед, мебинед, ки занону духтарон аз оилаҳои сарватманд дар донишгоҳи амрикоии Кобул ва ё донишгоҳи Кобул таҳсил мекунанд. Метавон гуфт, дар донишгоҳҳои Кобул фақат занону духтарони оилаҳои доро таҳсил мекунанд, зеро барои духтар фароҳамоварии шароит зарур аст. Ҳар оила қудрати онро надорад. Тағо ва ё амак зарур аст, ки духтар дар хонаи ӯ зиндагӣ кунад. Ронанда зарур аст, ки духтарро ҳар рӯз ба дарс расонда, сипас ба хона баргардонад. Гаштани занон дар кӯчаҳо аз нуқтаи назари амниятӣ бехатар нест. Умуман, дар байни афғонҳо анъанаи сайругашти занон дар кӯчаҳо қабул нашудааст. Хуллас, шумо бояд пул дошта бошед. Инро ҳам набояд фаромӯш кард, ки 98 дарсади аҳолӣ дар фақр ба сар мебараду имтиёзи шабеҳи маълумоти олӣ ба ҳама дастрас нест. “

Хонум Бадхен бо тассуф изҳор менамояд, ки дар давоми 12 соле, ки амалиёти байналмилалӣ дар Афғонистон пиёда шудааст, беҳбуди зиёди дар ҳаёти занон ба чашм намехӯрад. Ҳамоно мизони маргу мири кӯдакон ва фавти занони афғон ҳангоми ҳамл ва таваллуди кӯдак яке аз баландтарин дар саросари дунё мебошад. Рӯзноманигори амрикоӣ хеле ҳам нигарон аст, ки соли 2014-ум баъди беруншавии нерӯҳои эътилоф аз Афғонистон дар ин кишвар бархӯрдҳо аз нав авҷ гирифта, ҳуқуқи занон поймол хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG