Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон: Мулло Умар зинда аст


Ҷунбиши Толибони Афғонистон сарусадоҳои бархоста дар бораи даргузашти раҳбар ва асосгузори ин созмони тундрав Мулло Умарро “дурӯғпароканӣ” хонда, рад мекунад.

Сухангӯи Толибони Афғонистон сарусадоҳои навбатӣ дар бораи гӯё даргузаштани раҳбар ва асосгузори ин созмони тундгаро Мулло Умарро “таблиғот” номида ва рад кардааст. Ӯ гуфтааст, раёсати амнияти миллии Афғонистон мехоҳад нокомиҳояш дар амри ҷилавгирӣ аз силсилаи ҳамлаҳои ахири ин гурӯҳи чирӣ дар Кобул ва саросари Афғонистонро бо нашри чунин “таблиғот” ё “пропаганда” пӯшонад. Сухангӯи Толибон гуфтааст, “алорағми ин ҳама дурӯғпароканиҳо, амиралмӯъминин Мулло Муҳаммад Умар зинда аст.”

Сухангӯи раёсати амнияти миллии Афғонистон Ҳасиб Сиддиқӣ рӯзи 19 ноябр ба хабарнигорон гуфт, ба 3 гурӯҳи мухталиф таҷзия шудани раҳбарони аввали Толибон ҳокист, ки бисёрии онҳо дигар ба зинда будани раҳбари аввали ин созмони ифротӣ Мулло Умар бовар надоранд. Ҳасиб Сиддиқӣ аз ҷумла аз тақвияти нуфузи Мулло Ахтар Муҳаммад Мансур дар раҳбарии Толибон хабар дод ва гуфт, ки ӯ алакай чанде аз дӯстони худашро дар чанд мақоми баланди раҳбарии ин ҳаракат нишондааст: “Бархе чирикиҳо фикр мекунанд, ки Мулло Умар зинда нест ва ҳоло Мулло Ахтар Муҳаммад мансур ёрони наздикашро ба мақомҳои калидӣ таъин мекунад.”

Ин намояндаи раёсати амнияти миллии Афғонистон тахмин задааст, ки ба 3 гурӯҳи алоҳида ҷудо шудани раҳбарони аввали Толибон аломати рӯшани даргузашти Мулло Умар аст, ки муовинони ӯро барои тақвияти нуфуз ва набард барои ҷойнишинии ӯ ба чунин як муборизае дар дохили худи созмон чунин далер кардааст.

Ҳасиб Сиддиқӣ гуфт, гурӯҳи аввалро Мулло Қайюм Зокир ва Таййиб-Оғо раҳбарӣ мекунанд ва ин гурӯҳ афроди шинохтаи Толибон, ба мсили Ҳофиз Маҷид, Амирхон Ҳоқонӣ, Мулло Муҳаммад Исо, Ходим Абдулрауф, Зиё-Оғо ва Торак-Оғоро фаро мегирад. Дар гурӯҳи дувум ба раҳбарии Мулло-Оғо ва Мулло Самад Ғанӣ толибҳои низ пурнуфузе, чун Мавлавӣ Нанӣ, Садр Иброҳим, Шайх Мавлавӣ Абдулҳаким ва Мавлоно Муҳибуллоҳ гирд омадаанд. Гурӯҳи сеюм, ба гуфтаи сухангӯи мақомоти амниятии афғон, чанде аз раҳбарони бетарафи Толибонро муттаҳид мекунад, ки ҳанӯз тасмим нагирифтаанд, ки дар ин “набард” барои курсии “амиралмӯъминин” аз кадом ҷиноҳ ҳимоят кунанд.

Мақомоти амниятии Афғонистон ба ҷуз ин тахмин, ки раҳбарони Толибон сешоха шудаанд, ягон далели собитеро, ки даргузашти Мулло Умарро собит кунад, наовардааст.

Ин бори аввал нест, ки матбуот аз қавли мақомот ва манобеи мухталиф дар бораи фавти ин раҳбари тундрави яке аз ифротитарин гурӯҳҳои мазҳабии дунё хабар медиҳад. Бори охирин чунин иддао моҳи июни соли равон нашр шуда буд. Аммо ҳар дафъа овозаҳо дар бораи марги раҳбари Толибон аз сӯи тарафдорони Мулло Умар ва сухангӯёни ин гурӯҳ рад мешуд.

Яке аз аксҳои нодире, ки бовар меравад, аз Мулло Умар бошад
Яке аз аксҳои нодире, ки бовар меравад, аз Мулло Умар бошад

Худи шахсияти Мулло Умар ба сари худ хеле мармуз боқӣ мемонад. Ӯ ҳатто дар даврони раҳбариаш бар Афғонистон дар солҳои 1996-2001, ки бахши аъзами ин кишвар зери султаи ӯву тарафдоронаш қарор дошт, дар маҳзари ом тақрибан ҳозир намешуд. Аз Мулло Умар то ҳол ягон акси собите дар матбуот нашр нашудаву аз соли 2001, ки режими Толибон тавассути нирӯҳои эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико аз Арки Кобул рӯфта шуд, касе тақрибан садои ӯро ҳатто нашунидааст.

Бовар меравад, уки баъди суқути режими Толибон дар 13 соли пеш ӯву боқӣ раҳбарони аввали Толибон ва муттаҳидонаш аз гурӯҳҳое, чун шабакаи Ҳаққонӣ, ҳизби Гулбуддин Ҳикматёр ва шабакаи Ал-Қоида дар сарзаминҳои қабиланишини Покистон паноҳ бурдаанд. Мулло Умар гоҳ-гоҳ аз пинҳонгоҳҳҳои худ паёмҳое ҳам нашр мекунад. Дарпёми моҳи январаш ӯ аз ҷумла гуфта буд, баъди хуруҷи нирӯҳои Амрико аз Афғонистон барои ҷангиёни Толибон ҳамагӣ як ҳафта кофист, ки Кобулро баргардонанд. Дар паёми ахираш, ки қариб ду моҳ пеш дар остонаи иди Қурбон нашр шуд, раҳбари Толибон ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон муроҷиат кард, ки ҳадафи онҳо таҷовуз ба хоки ҳеҷ кадоми онҳо нест, балки Толибон танҳо истиқрори давлати исломӣ ва ҳифзи истиқлоли Афғонистонро дунбол мекунад.

Дар бораи худи Мулло Умар низ маълумоти зиёде нест. Ҳатто сини ӯро дақиқ намедонанд ва “амиралмӯъминин Мулло Муҳаммад Умар Муҷоҳид”, тавре худи Толибон ӯро расман ном мебаранд, бино ба бархе манобеъ, 64 ва бино ба манобеъи дигар 52 сол дорад. Гуфта мешавад, ки ӯ байни солҳои 1950 - 1962 дар вилояти Қандаҳор ё Урузгон ба дунё омада, парвардаи Дорулуми Ҳаққония ва мадрасаи Девбандияи Ҳинд аст. Ҳанӯз дар солҳои 80 ба сафи муҷоҳидин пайваста, ба гуфтаи ҳамсафонаш, дар ҷангҳо алайҳи артиши Шӯравӣ як чашмашро аз даст додааст ва ба ин далел ӯро “Кӯри Мулло Умар” ҳам ном мебаранд.

Дар соли 1996 ҷунбиши Толибон ибтидо гурӯҳҳои Гулбуддин Ҳикматёр ва дар ниҳоят нирӯҳои содиқ ба раисиҷумҳури вақти Афғонистон Бурҳонуддин Рабонӣ ва вазири дифои ӯ Аҳмадшоҳи Масъудро шикаст дода, вориди Кобул шуд. Режими ӯ то соли 2001 ба зу аз қисматҳои хурде дар шимол ва вилояти Бадахшони он кишвар боқӣ қаламрави Афғонистонро ба даст оварда, дар ин қаламрав меъёрҳои шадиди, ба ақидаи худи онҳо, “шариатӣ”-ро ҷорӣ карда буд. Дар аҳди Толибон занону духтарон аз ҳаққи кору таҳсил маҳрум шуда, ахлоқи мардум, аз ҷумла то чӣ андоза мураттаб намоз гузоридани онҳо аз сӯи пулиси “амри маъруф ва наҳй аз мункар” назорат мешуд.

Дар пайи ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001, вақте режими Толибон аз талаби ба Амрико супурдани раҳбари Ал-Қоида Усома Бин Лодин ва афроди дигари гумонбар дар он ҳамлаҳои хунин даст кашиданд, эътилофи байналмилалии зиддитеррор ба раҳбарии Амрико нирӯҳояшро вориди Афғонистон кард ва дар алакай дар моҳи декабри соли 2001 Толибонро аз Кобул берун андохт. Аммо ин гурӯҳ 13 сол боз алайҳи нирӯҳои эътилоф ва урдуи давлатии Афғонистон ҷангҳои чирикиро пеш мебарад.

XS
SM
MD
LG