Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӣ сол мунтазири мақоми шаҳрвандии Тоҷикистон


Файзихудо Муҳаммаднасим
Файзихудо Муҳаммаднасим

Як шаҳрванди Афғонистон, ки дар аввалҳои солҳои 90-уми асри гузашта аз ҷанг гурехта дар Тоҷикистон паноҳ бурдааст, то ҳол натавонистааст, мақоми шаҳрвандӣ бигирад.

Файзихудо Муҳаммаднасим, 30 сол боз дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад. Ҳамсару фарзанду набера дорад. Мегӯяд, худро дар ҳалқаи оила хушбахт меҳисобад, вале барои хушбахтии комили аҳли хонавода танҳо як чиз намерасад ва он ҳам мақоми шаҳрвандии Тоҷикистон ба падар. Ба ҷуз ӯ дигар ҳамаи аҳли хонавода шаҳрванди Тоҷикистонанд.

Муҳаммаднасим мегӯяд, даҳҳо бор ба мақомот муроҷиат кард ва танҳо як посух гирифт, ки барои баррасии аризааш дар бораи дарёфти мақоми шаҳрвандии Тоҷикистон, бояд аз шаҳрвандии Афғонистон даст кашад. Ӯ мегӯяд: "Барои ин бояд худи шаҳрванд ба Афғонистон рафта, ба раисҷумҳур муроҷиат кунад. Ман тасмим доштам, биравам ва шиносномаи хориҷии Тоҷикистонро ҳам гирифтам. Вале ман эҳсоси хатар мекунам. Аз вуҷуди гурӯҳи Толибон ва гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ. Вазъи сиёсиву низомии Афғонистон маро аз сафар бозмедорад."

Файзихудо Муҳаммаднасим, ки дар Хуҷанд маркази вилояти Суғд зиндагӣ мекунад. Байни Тоҷикистон ва Афғонистон созишномаи душаҳрвандӣ вуҷуд надорад. Барои шаҳрванди Тоҷикистон шудан, хориҷӣ бояд аввал аз шаҳрвандии кишвари худ даст кашанд. Файзихудо Муҳаммаднасим мегӯяд, андешаҳое ҳам ӯро нигарон медорад, ки дар сурати сафари душвор ба Афғонистон ва даст кашидан аз шаҳрвандӣ, мақомоти тоҷик дархости ӯро бо сабабе рад кунанд. Онгоҳ ӯ аз ин мондаву аз он ронда, байни замину осмон хоҳад монд.

Файзихудо Муҳаммаднасим мегӯяд, дар Бадахшони Афғонистон мезист ва мавҷи аввали муҳоҷират, барҳам хӯрдани субот дар кишвараш ӯро дар қатори даҳҳо нафар ҳамватанаш ба Тоҷикистон овард. Муҳаммаднасим 54 - сола аст ва шаҳодатномаи тоҷикӣ, ки ба ӯ ҳаққи сафару зиндагӣ дар кишварро додааст. Мехоҳад шаҳрванди комилҳуқуқи Тоҷикистон шавад. Ҳаққи иқомати доимӣ дар Тоҷикистон дорад, вале бо он пайдо кардани ҷои кори хуб номумкин аст. Файзихудо бо ихтисоси табиб таҳсил кардааст, вале ҷое кор намекунад.

Файзихудо Муҳаммаднасим мегӯяд, хонаводаи хушбахт дорад.
Файзихудо Муҳаммаднасим мегӯяд, хонаводаи хушбахт дорад.

Ӯ мегӯяд, надоштани мақоми шаҳрвандии ӯ, барои фарзандонаш низ умдатан дар пайдо кардани ҷойи кор ва имтиёзҳои иҷтимоӣ мушкил меофарад. Барои ҳамин ва ба хотири ояндаи фарзандонаш талош дорад, шаҳрванди Тоҷикистон шавад. Фарҳод, писари калонии хонадон баъд аз хатми донишгоҳ натавонист, ҷойи кор ёбад. Тирамоҳи соли 2018 ба артиш артиш рафт ва хидмати яксоларо адо кард. Фарҳод орзу дорад, корманди сафорат шавад. Умедор аст, хидмати ҳарбӣ барои соҳиби кор шудан, ба ӯ дар баробари довталабони дигар имтиёз медиҳад.

Сарнавишт ҳамсари Файзихудо, Марҳабо Муҳаммаднасимиро дар Хуҷанд бо ҳамсари ояндааш рӯ ба рӯ кард. Ӯ парастор ва шавҳари ояндааш - донишҷӯи донишгоҳи тиббии Хуҷанд буд. Хонум Муҳаммаднасимӣ ҳоло дар як маркази саломатии Хуҷанд ба ҳайси парастор кор мекунад. Ӯ мегӯяд: "Тақдир буд, ки бо ӯ оиладор шудам, соли 1995. Шавҳарам инсони хуб. Соҳиби се писар шудем, ки хурдӣ - мактабхон, дуюмӣ - донишҷӯ, калонӣ - Фарҳод хидмати ҳарбиро тамом карда, баргашт. Фақат, шавҳарам шаҳрванди Тоҷикистон мешуд, ҳамааш хуб мешуд."

Мисли Файзихудо Муҳаммаднасимӣ садҳо шаҳрванди Афғонистон охирҳои солҳои 90 - и асри гузашта ва баъди ба қудрат расидани Толибон ба Тоҷикистон омаданд ва паноҳандагӣ хостанд. Соли 2000-ум теъдоди расмии паноҳандагони афғон дар вилояти Суғд беш аз 100 хонавода, иборат аз 600 нафар гуфта мешуд.

Солҳои баъд Канада ҳазор хонаводаи паноҳандагони афғонро аз Тоҷикистон бурд. Қисмате бо мусоидати Комиссариати Олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон ба ватани худ - Афғонистон баргаштанд. Бархе Тоҷикистонро ба қасди кишварҳои дигари муштаракулманофеъ ва ғарбӣ тарк гуфтанд.

Ҳоло теъдоди каме, мисли Файзихудо Муҳаммаднасим боқӣ мондаанд, ки оила барпо карда ва Тоҷикистонро барои зиндагии доимӣ баргузидаанд. Ӯ бо ишора ба аҳли хонаводааш мегӯяд: "Ман ҳама чизро дорам. Ҳама боигарии ман ҳаминҳо. Агар оилаву фарзандон намешуд, шояд ман дар Тоҷикистон намемондам. Аз зиндагӣ шикояте надорам, танҳо мушкили ман ин аст, ки шаҳрвандии Тоҷикистонро надорам."

XS
SM
MD
LG