Довуди Бурҳон, яке аз дипломатҳои сафорати Афғонистон дар Душанбе рӯзи 19-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, яке аз ин зиндониён моҳе пештар бар асари бемории сил даргузашт ва аввалӣ моҳи апрели имсол фавтид.
“Ҳашт нафар ба марази сил гирифтор ҳастанд ва ду нафарашон бечораҳо мурданд. Шаш нафарашонро то ҳол озод накардаанд.” –гуфт дипломати афғон ба Радиои Озодӣ. Яке аз зиндониёни фавтидаро барои дафн ба Афғонистон фиристодаанд ва дигариро, ки ба гуфтаи дипломати афғон "соҳиб" наёфт дар Тоҷикистон ба хок супурданд.
Ҳашт нафар ба марази сил гирифтор ҳастанд ва ду нафарашон бечораҳо мурданд.
Ба қавли Довуди Бурҳон қарор буд, ин ҳашт нафар бар асоси қарори раиси ҷумҳури Тоҷикистон афв шаванд, вале то кунун дар зиндон ҳастанд. Дипломати афғон гуфт, маълум нест, чанд маҳбуси афғон бар асоси Қонуни афв, ки чанде пеш раиси ҷумҳури Тоҷикистон имзо кард, озод мешаванд.
“Бандиҳо дар инҷо зиёд аст аз, ҳатто табодула накарданд. Мо гуфтем, ки табодула сурат бишавад, бираванд, боқимонда ҳабси худро дар Афғонистон сипарӣ кунанд. Вале то ҳамин лаҳза ин гапҳо нашудааст.” гуфт, Довуди Бурҳон.
Дар Тоҷикистон бештар аз 100 зиндонии афғон нигаҳ дошта мешаванд, ки аксарияташон барои қочоқи маводи мухаддир ҷазо гирифтаанд. Довуди Бурҳон гуфт, бо вуҷуди онки Қонуни афв раҳо кардани зиндониёни хориҷиро пешбинӣ кардааст, аммо маълум нест, чанд зиндонии афғонро аз зиндонҳои Тоҷикистон раҳо мекунанд.
Ӯ афзуд, барои дақиқ кардани теъдоди зиндониёни афғон дар Тоҷикистон, чанде пеш ба вазорати умури хориҷӣ номае фиристодаанд ва мунтазири посух ҳастанд. Бар асоси Қонуни афв, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 28-уми август имзо кард, қарор аст, шаҳрвандони хориҷӣ аз зиндонҳои кишвар озод карда шаванд ва ё парвандаҳояшонро ҳам қатъ мекунанд.
Тоҷикистон бо Афғонистон марзи бештар аз 1300 километрӣ дорад ва яке аз роҳҳои асосии қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба Русия ва дигар кишварҳо ба ҳисоб меравад. Ҳар сол мақомоти интизомӣ аз боздошти қочоқбарони афғон гузориш медиҳанд ва ё дар муқобила бо қочоқбарони мусаллаҳ онҳоро мекушанд. Айни замон дар кишвар 2500 паноҳҷӯи афғон зиндагӣ мекунанд ва даҳҳо нафари дигар дархости паноҳандагӣ кардаанд.