Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози амалиёти бозпасгирии вулусволии Дарқад


Мақомоти маҳаллӣ дар Тахор мегӯянд, ки амалиёти бозпасгирии вулусволии Дарқади ҳаммарз бо ноҳияи Фархори Тоҷикистон аз дасти Толибонро оғоз кардаанд.

Мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Тахори Афғонистон ҳаммарз бо вилояти Хатлони Тоҷикистон мегӯянд, ки амалиёт барои бозпасгирии вулусволии Дарқад аз шаби гузашта оғоз шудааст.

Суннатуллоҳ Темур, сухангӯи волии Тахор рӯзи 9-уми январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар натиҷаи амалиёти нерӯҳои амниятии афғон Камол Ҳайдар, фармондеҳи номниҳоди Толибон дар ин минтақа ва Мулло Басир, вулусволи Толибон дар ноҳияи Янгиқалъаи Тахор бо 22 тани афродашон кушта шуданд.

Оқои Темур афзуд, ки дар натиҷаи ин амалиёт як тан аз нерӯҳои давлатӣ кушта шуда ва 4 тани дигар захмӣ шудаанд. Вай афзуд, ки нерӯҳои давлатӣ дар ҳоли ҳозир ба сӯи маркази вулусволии Дарқад дар ҳаракат ҳастанд. Вазорати умури дохилии Афғонистон ҳам мегӯяд, ки амалиёт барои бозпасгирии Дарқад шоми дирӯз оғоз шуд ва то ба ҳол чандин деҳа аз вуҷуди ҷангиёни Толибон озод шудааст.

Бархе манобеи наздик ба фармондеҳон дар ҷабҳаи ҷанг дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҳам замоне, ки Толибон мехостанд аз дарё убур намоянд ва ба дохили ҷангалҳои тарафи Тоҷикистон паноҳ бибаранд, иҷоза надода ва тарафи онҳо тирандозӣ намуданд. Аммо мақомоти Сарраёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон то ба ҳол дар ин робита шарҳе ироа накардаанд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб ҳам мегӯяд, ки сар соати ҳашти шаби гузашта сокинони ноҳияи марзии Фархор садои аслиҳаи вазнин ва сабук аз он сӯи марзро шуниданд. Ба гуфтаи хабарнигори Озодӣ, садои тирпаронӣ то субҳи рӯзи шанбе идома кардааст.

Маркази вулусволии Дарқад дар марзи ноҳияи Фархори Тоҷикистон, аз авохири моҳи октбяри соли гузашта таҳти назорати Толибон қарор дорад. Толибон Дарқад ва Хоҷағорро 28 октябр замоне зери тасарруфи худ дароварданд, ки дар пайи фишорҳои нерӯҳои давлатӣ маҷбур шуда буданд минтақаи Дашти Арчӣ дар вилояти ҳамсояи Қундузро тарк кунанд.

Дарқад бо ноҳияи Фархори вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз аст. Мақомоти афғон мегӯянд, дар ҷангҳо дар манотиқи шимоли Афғонистон ба Толибон ҷангиён аз созмонҳое, чун Ҳаракати исломии Узбакистон, ки қасди густариши фаъолиятҳои худ ба кишварҳои Осиёи Марказиро доранд, низ ҳамроҳ шудаанд. Мақомоти Тахор қаблан гуфта буданд, ки шадидтарин муқовиматро маҳз ҷангиёни тоҷику узбак нишон медиҳанд.

XS
SM
MD
LG