Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сангсори Рухшона: Тибқи шариат ва ё ҳукми саҳроӣ?


Тасдиқ шудани воқеияти навори видеоии бо сангсор кушта шудани як духтар дар вилояти Ғӯри Афғонистон ин қазияро дигарбора вирди забонҳо кардааст.

Симо Ҷӯянда, волии вилояти Ғӯри Афғонистон гуфт, воқеияти навори видеоии то мурданаш сангсор шудани Рухшона ном духтари 19-сола тасдиқ шудааст. Симо Ҷӯянда гуфт, сангсори ин духтар дар рустои Ғалмин, дар минтақае ки пурра дар дасти ҷангиёни Толибон қарор дорад ва ҳукумат ба онҷо дастрасӣ надорад, рух додааст.

Дар поёни моҳи октябр дар Интернет як навори дудақиқаӣ нашр шуд, ки дар он як гурӯҳи мардони ришдору саллабанд духтареро дар як чуқурии мисли чоҳ кандашуда андохта, сангсор мекунанд ва гурӯҳе дигар ин саҳнаро бо телефонҳои мобил навор мегиранд. Аз дохили “чоҳ” гоҳ-гоҳ садои он духтар ба гӯш мерасад, ки бо садои нолон калимаи “Шаҳодат”-ро ба забон меорад.

Порае аз ин видео инҷост:

Толибон Рухшонаро сангсор карданд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:46 0:00

Мақомоти Ғӯр мегӯянд, сангсори Рухшона рӯзи 25 октябр дар наздикии маркази вилоят, шаҳри Фирӯзкӯҳ аз сӯи “Толибон, рӯҳониёни маҳаллӣ ва ҷангсолорони мусаллаҳ” сурат гирифтааст.

Дафтари волии Ғӯр мегӯяд, волидонаш мехостанд Рухшонаро бар хилофи хости ӯ ба шавҳар бидиҳанд ва ӯ вақте ба дасти ҷаллодонаш афтод, ки мехост бо марди 23-солае бо номи Муҳаммад Гул фирор кунад. Пулиси Ғӯр гуфт, Муҳаммад Гул бо чанд зарбаи шаллоқ халос хӯрдааст.

Ин қазия мавҷи маҳкумиятро аз сӯи ҳомиёни ҳуқуқ ба бор овард. Симо Ҷӯянда, яке аз ду волии зан дар Афғонистон низ гуфт, сангсори Рухшонаро ҳамчун амали зидди исломӣ шадидан маҳкум мекунад: “Он кореро ки Толибон анҷом доданд, алайҳи Ислом аст, алайҳи Қонуни асосии Афғонистон аст, як амали ғайриинсонист.”

Сангсори Рухшона боз як мавриди дигар аз силсилаи муҷозот дар мазҳари ом дар вилояти Ғӯр барои аъмолест, ки ҷангиёни Толибон фасоди ахлоқӣ унвон мекунанд. Дар моҳи август давр ин минтақа як ҷуфти ҷавонро бо ҷурми даст задан ба зино дар пеши чашми мардум шаллоқ зада буданд. Ҷӯянда аз он ҳукм ҳимоят карда буд ва ба ин далел ба интиқоду маҳкумияти саросарӣ рӯбарӯ ҳам шуд.

Дар қонуни Шариат сангсор ҳамчун василаи ҷазо барои зинокорон пешбинӣ шудааст, вале ин шева дар кишварҳои мусалмонӣ хеле кам истифода мешавад. Қонунҳои Афғонистон низ бо сангсор ҷазо додани зинокоронро манъ кардааст.

Вале дар манотиқи таҳти назорати Толибон, мардону занони муҷрим дар алоқаи ғайримашрӯъи ҷинсӣ ваё равобити бидуни никоҳро ба қатл маҳкум мекунанд. Дар соли 2012 дар вилояти Ҳирот як духтари ҷавон ва дӯстдоштаи ӯро дар маҳзари ом куштанд. Ҳамин тавр, дар ҳамон соли 2012 як зан дар вилояти Парвон бо ҷурми алоқаи ҷинсӣ бо марди номаҳрам аз сӯи Толибон дар пеши чашми мардум парронда шуд. Пулис гуфт, ин занро барои он куштанд, ки ду фармондеҳи Толибон барояш вориди баҳс шуданд, ки ӯ бояд моли кадоми онҳо шавад.

Доктор Рафиуллоҳ Бедор, намояндаи расмии Кумиссиюни мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон рӯзи 4 ноябр дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ин ниҳод қатли Рухшона аз роҳи сангсорро ҳамчун як ҷазои саҳроӣ ва худсарона шадидан маҳкум мекунад ва бар ин аст, ки омилони ин сангсор бояд ба масъулият кашонда шаванд.

Доктор Бедор: “Ин як қатли қасдӣ, як амали ғайришаръӣ, ғайриисломӣ ва ғайриқонунист. Аз нигоҳи Кумиссиюни мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон чунин файсалаҳои саҳроӣ ва худсарро, ки аз сӯи афрод сурат мегирад дар саросари кишвар, мо мардуд медонем. Чунки онҳо ниҳоди босалоҳияте нестанд, ки чунин ҷазоҳоро баррасӣ бикунанд, ҳам тасбити ҷурм бикунанд ва муодилоти ҷурм ва ҷазоро таъйин бикунанд ва билохира ҷазои таъйинкардаи худро ба иҷро бирасонанд. Ин афрод тамоми ниҳодҳои қонунии тафтишотӣ ва адлияи моро ба чолиш мекашонанд, низоми адлияро ба дасти худ мегиранд ва чунин ҷазоҳоеро татбиқ мекунанд.”

Радиои Озодӣ: Аммо чаро чунин қазияҳо иттифоқ меуфтанд дар Афғонистон?

Доктор Бедор: “Ончӣ ки дар Ғӯр рух дод ва дар манотиқи дигар, бо истифода аз заъфи идороти давлатӣ ва заъфи ниҳодҳои қонуние, ки онҷо ҳастанд, сурат мегиранд. Ваё дар манотиқе ки амнияти мардум чандон таъмин нест. Ва ин ҳам аз масъулиятҳои давлат аст, ки амнияти мардуми худро таъмин бикунад. Мо мухолифи чунин ҷазоҳоем ва ин амалро шадидан маҳкум мекунем.”

Радиои Озодӣ: Ба дасти шумо дар бораи чунин мавридҳо гузоришҳо зиёд мерасанд?

Доктор Бедор: “Бале. Шумо ёд доред, ки дар Сарипул падару духтарро ба дарахт баста, дар мазҳари ом латукӯб карданд. Ин қазия охир дар Ғӯр, аз он пеш дар Парвону Ҳирот, ҳамин тавр, дар саросари Афғонистон чандин бор ба қатли духтарон иқдом шудааст. Ҳар ончӣ ки бидуни тай кардани як ҷараёни комили муҳокимотӣ ва адолат сурат мегирад, Кумиссиюни мо чунин амалҳоро ғайришаръӣ, ғайриисломӣ, ғайриқонунӣ ва як амали худсар медонад, ки омилонаш бояд мавриди таъқиб қарор дода шаванд.”

Радиои Озодӣ: Яъне ҳоло талаби шумо аз давлат ин аст, ки омилони чунин ҷазоҳои худсаронаро ба курсии ҷавобгарӣ бишинонад?

Доктор Бедор: “Бидуни шак. Чунки ин аъмол ғайриқонунист, ҳеҷ кас баррасиҳои лозимро анҷом надодааст дар ин қазия, ки оё ин духтар чӣ қадар ҷурм дошта? Зиндагии як инсонро соқит кардан ва гирифтан ин калонтарин нақзи ҳуқуқи башар аст, ки бидуни мӯҷиби қонунӣ сурат мегирад. Ва ин афрод, аз нигоҳи мо, мардуд ҳастанд ва бояд ба дасти қонун супурда шаванд, то адолат тантана кунад.”

XS
SM
MD
LG