Гурӯҳе аз наққошони афғон ин рӯзҳои доғҳои шаҳри Кобулро пок мекунанд -- доғҳоеро, ки даҳсолаҳо ҷанг дар симову сурати пойтахти Афғонистон гузоштааст.
Онҳо низ аслиҳа доранд ва аслиҳаашон мӯқалам ва сатилҳои ранг аст. Умед Шарифии 30-сола ва наққошони ҳамроҳаш мехоҳанд, бо наққошӣ дар деворҳои Кобул ва дигар шаҳрҳои Афғонистон дар дили мардуми аз ҷангу террор безоршудаи Кобул умед барангезанд.
“Мисле шудааст, ки шаҳри Кобулро мисли зиндон сохтаанд. Ягона роҳаш ин аст, ки мо бо рангу бо наққошиву паёмҳое, ки аз муҳаббат аст, ин деворҳоро рангашонро мутафовит бисозем”- мегӯяд Умед Шарифӣ.
Дар таърихи Афғонистон ҳамеша қаҳрамонҳоеро ба мо муаррифӣ кардаанд, ки ё шамшер доштанд, ё силоҳ.
Рӯзе, ки хабарнигори Радиои Озодӣ ба суроғашон рафт, Умед Шарифӣ фасодро нишон гирифта буд. Бо ҳамроҳонаш дар девори вазорати шаҳрсозӣ нақши касеро мекашиданд, ки ришваро рад мекунад. Шарифӣ барои ин кор иҷозаи пулису ниҳодҳои давлатиро гирифтааст ва умедвор аст, Афғонистонро тағйир медиҳад.
“Дар таърихи Афғонистон ҳамеша қаҳрамонҳоеро ба мо муаррифӣ кардаанд, ки ё шамшер доштанд, ё силоҳ. Барои ҳамин мо бурс (мӯқаламро) интихоб кардем, ки ҳамроҳи он як тағйире биёрам” – мегӯяд, Шариф.
Наққоши ҷавони афғону ҳамроҳонаш бахше аз гурӯҳи афзояндаи наққошони хиёбонӣ дар Кобул ҳастанд, ки доғу осори ҷангҳои даҳсоларо бо ранг мешӯянд. Деворҳои то чанд сол пеш бенақши Кобул, ҳоло аз ҳуқуқи кӯдак, ваксинзанӣ ва ҳуқуқи зан паём медиҳанд. Сокинони Кобул ҳам онҳоро хуш доранд. Муҳаммад Азим, ки ба писари 6 солааш деворҳоро нишон медод, ба Радиои Озодӣ гуфт:
“Инҳо ҳама як чиз аст, ки инсонҳоро дар оянда ба як ҷое мерасонад. Вақте мардум инро мебинанд, мегӯянд, мову шумо дар чӣ ҳолат будед. Ҳамаи мардуми Афғонистон алоқа дорад, ки мулкаш, ватанаш ором бошад.”
Умед Шарифӣ се сол пеш ба наққошии деворҳо шурӯъ кард ва баъди таъсиси гурӯҳе ба номи "Артлордс", 30 наққошро ба ҳам овардааст. Гурӯҳи Шарифь аз соли 2014 то кунун дар Кобул 50 девор ва дар саросари Афғонистон 200 деворро наққошӣ кардааст.
Шакило Раҳимӣ аз Шарифӣ илҳом гирифтааст ва бо ӯ кор мекунад. Ба шарофати кӯмакҳои хайрияи хориҷӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ Шакилову ҳамкоронашон тавонистанд, дурустии корашро ба ҳукумату мардум нишон бидиҳад.
"Мардум аввал ин қадар алоқаманд набуданд, вале фикр мекунам, рӯз ба рӯ алоқаашон зиёд мешавад. Меоянду мебинанд, хушҳол мешаванд вақте кори моро мебинанд."