Мақомоти зиндони Парвони Афғонистон хабарҳои нашршуда дар бораи бо талаби раҳоияшон даст ба гуруснанишинӣ задани маҳбусони хориҷӣ дар ин зиндонро ҳангомаҷӯӣ номида, рад карданд.
Генерал Мир Соҳиб Гул, қумандони умумии зиндони Парвон рӯзи 28 январ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ҳеҷ касе аз маҳбусони хориҷӣ дар зиндони Парвон эътисоби ғизо накардааст. Инро ҳам бояд бигӯям, ки дар ин зиндон касе ба унвони муттаҳам нигоҳ дошта намешавад. Ҳамаи маҳбусони зиндони Парвон маҳкумшудаанд, яъне касоне ҳастанд, ки ҷурмашон собит ва ҳукмашон содир шудааст. Ҳеҷ маҳбуси бегуноҳе дар инҷо вуҷуд надорад."
Қаблан шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира аз қавли Тина Фостер, мудири иҷроияи Шабакаи байналмилалии адлия (International Justice Network) ва вакили мудофеи ду маҳбуси тоҷикистонӣ, ки дар боздоштгоҳи Парвон нигоҳ дошта мешаванд, хабар дод, ки муваккилони ӯ - бародарон Саид Ҷамолуддин ва Абдулфаттоҳ - ҳамроҳ бо як маҳбуси дигар аз Узбакистон бо номи Мӯсо Аҳмадҷонов аз 18 январ ба ин тараф бо талаби раҳоияшон аз боздошт даст ба гуруснанишинӣ задаанд.
Саид Ҷамолуддин ва Абдулфаттоҳ, ки аз соли 2008 дар боздошт қарор доранд, ба вакили худ гуфтаанд, ки додгоҳи Афғонистон онҳоро дар соли гузашта танҳо ба вайрон кардани қоидаҳои раводид айбдор донист, ки ҷазои ҳадди аксараш 3 соли зиндон аст ва онҳо, ки 8 сол боз пушти панҷараанд, бояд озод шаванд.
Боздоштгоҳи Парвон дар қаламрави пойгоҳи ҳавоии Багром дар канори Кобул ҷойгир шуда, умури он аз моҳи декабри соли 2014 аз нирӯҳои Амрико ба ихтиёри вазорати дифои миллии Афғонистон вогузор шудааст. Дар зиндони Парвон дар пойгоҳи ҳавоии Багром дар канори Кобул маъмулан афродеро нигоҳ медоранд, ки дар ҷиноятҳои сангини марбут ба терроризм ва ифротгароӣ гунаҳкор шинохта шудаанд.
Тина Фостер аз қавли муваккилонаш гуфтааст, ки бародарон Саид Ҷамолуддин ва Абдулфаттоҳ соли 2008 дар як амалиёти нирӯҳои амниятӣ бо иттиҳоми иртибот бо гурӯҳҳои тундрав дастгир ва ба боздоштгоҳи Багром интиқол дода шудаанд. Саид Ҷамолуддин, ки он замон ҳамагӣ 17 сол дошт, ба вакилаш гуфтааст, ки ӯ мехост аз тариқи Афғонистон барои таҳсил ба Машҳади Эрон биравад ва бародараш дар ин сафар вайро ҳамроҳӣ мекард, вале манзили дӯсти онҳо мавриди амалиёт қарор гирифта, дастгирашон кардаанд.
Саид Ҷамолуддин ва Абдулфаттоҳ ва ҳамин тавр, Мӯсо Аҳмадҷонов аз Узбакистон гуфтаанд, ки ба зодгоҳи худ баргаштан намехоҳанд, чунки метарсанд, ки дар Тоҷикистон ва Узбакистон таҳти шиканҷа қарор хоҳанд гирифт.
Бино ба ҳисоби сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон, дар ҳоли ҳозир дар зиндонҳои он кишвар ҳудуди 20 шаҳрванди тоҷик нигоҳ дошта мешаванд. Аз ҷумла 6 нафар – бо иттиҳоми терроризм дар зиндони Парвон.
Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Кобул рӯзи 28 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо талош доранд, тамоми зиндониҳои тоҷикро аз зиндонҳову боздоштгоҳҳои Афғонистон ба Ватан баргардонанд: “Ҳатто онҳое ҳам ки дар инҷо ба терроризм айбдор мешаванд, боз ҳам шаҳрвандони Тоҷикистонанд ва мо аз тариқи сӯҳбату ҳатто ҷалби наздиконашон талош дорем, онҳоро ба бозгашт моил кунем. Вале то имрӯз танҳо 3 нафар аз онҳое, ки ба терроризм айбдор мешаванд, барои бозгашт розӣ шудаанд.”
Оқои Имомов гуфт, соли гузашта бо миёнаравии падараш як маҳбуси муттаҳам ба терроризмро, ки қаблан аз бозгашт ба Тоҷикистон сарпечӣ мекард, моил ба бозгашт кардаанд.
Ӯ ҳамин тавр, аз қазияи Муҳаммадҳайдар валади Муҳаммадаҳмад, мулаққаб ба Амир Муҳаммад, як сокини шаҳри Хуҷанд ёдоварӣ кард, ки аз пешниҳоди бозгашт ба Тоҷикистон сар печид ва ӯро соли 2012 дар Афғонистон бо ҷурми ҳамдастӣ дар анҷоми ду амалиёти маргталабона эъдом карданд. Шарофиддин Имомов гуфт: “Агар ӯ розӣ мешуд, ки ба Тоҷикистон баргардад, ҷонашро ҳифз мекард, чунки дар Тоҷикистон ба иҷрои ҳукми қатл мораторий эълон шудааст.”
Тоҷикистону Афғонистон дар соли 2010 мувофиқатномаеро дар мавриди табодули маҳбусон имзо карданд. Аммо банди аввали ин қарордод табодули зиндониёни муҷрим дар ҷиноятҳои сангинро рад мекунад. Бар асоси ин санад, аз тақрибан 100 шаҳрванди афғоне, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон адои ҳукм мекарданд, онҳоеро, ки дар ҷиноятҳои сабуке, чун марзшиканӣ, ё тақаллуби аснод айбдор мешуданд, ба Афғонистон супурданд.
Ҳоло дар зиндонҳои Тоҷикистон асосан он шаҳрвандони афғон мондаанд, ки дар қочоқи маводи мухаддир ва убури мусаллаҳона аз марз муҷрим шинохта шудаанд. Ҷониби Тоҷикистон ин маҳбусонро барои амнияти худ хатарнок мешуморад ва аз табодули онҳо худдорӣ мекунад, чунки мӯътақид аст, ки онҳо баъди раҳоӣ ба қочоқи маводи мухаддир идома хоҳанд дод.
Аммо аксари шаҳрвандони тоҷики дар Афғонистон зиндонишуда ҷангҷӯёни марбут ба гурӯҳҳои тундраве, чун Ҳаракати исломии Узбакистон, Ансоруллоҳ, Ал-Қоида ва дар ин авохир, аз афроди “Давлати исломӣ”-анд.
Мақомоти Афғонистон мегӯянд, танҳо дар шимоли ин кишвар дар сафи гурӯҳҳои тундрав алайҳи нирӯҳои давлатӣ то 1300 ҷангҷӯ аз Тоҷикистону Узбакистон меҷанганд.
Танҳо дар ним соли охир дар бораи боздошти чандин шаҳрванди тоҷике, ки қасди пайвастан ба гурӯҳҳои ҷангҷӯ дар Афғонистонро доштанд, гузориш шудааст. Аз ҷумла Нусратуллоҳ Кенҷаев ном сокини Душанбе моҳи ноябр дар вилояти Тахор бо гумони қасди пайвастан ба сафи “Давлати исломӣ” дастгир шуд.
Дар моҳи декабр мақомоти вилояти Нангарҳор аз боздошти 15 хориҷӣ, бо шумули 12 тоҷику узбаке, ки аз Покистон меомаданд, хабар доданд.
Ҳамин тавр, дар поёни моҳи декабр мақомоти Афғонистон сарбози қисми низомии "21 33" -и нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон Фатҳулло Файзуллозодаро, ки ба хотири пайвастан ба гурӯҳҳои тундрав марзро убур карда буд, ба ҷониби Тоҷикистон супурданд.
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон ду рӯз пеш хабар дод, ки раҳбари созмони мамнӯи “Ансоруллоҳ” Амриддин Табаров ним сол пеш низ дар Афғонистон кушта шудааст.