Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақвияти низомии Узбакистон дар марз бо Афғонистон


Марзи Афғонистон ва Узбакистон.
Марзи Афғонистон ва Узбакистон.

Низомиёни Узбакистон дар марз бо Афғонистон тадобири амниятиро афзоиш дода ва гаштҳои низомиро дар соҳилҳои дарёи Ому бештар кардаанд.

Пас аз он, ки Атомуҳаммади Нур, волии вилояти Балх дар чаҳор рӯзи пеш аз ҳузури густурдаи афроди вобаста ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар нуқтаҳои мухталифи Афғонистон, аз ҷумла вилояти Балх нигаронӣ кард, масъулони амниятии афғон аз афзоиши гаштҳои низомии ҳарбиёни Узбакистон дар дарёи Ому ва сарҳади муштарак бо Афғонистон, хабар медиҳанд.

Мунир Фарҳод, сухангӯи волии Балх рӯзи 13-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки гашти нерӯҳои низомии Узбакистон аз як моҳ ба ин тараф шиддат ёфта ва сабаби он, густариши фаъолиятҳои террористии мухолифин дар шимоли Афғонистон ва таҳдидҳои амниятӣ ба соҳилҳои дарёи Ому мебошад.

Оқои Мунир гуфт, ки ин гашти низомӣ дар ҳамоҳангӣ бо нерӯҳои амниятии афғон сурат мегиранд: "Омилҳои афзоиши гаштҳои низомиро шумо беҳтар медонед, ки шимоли Афғонистон ноамн шудааст ва инҳо дар мавриди таҳдидҳо, ки соҳилҳои Ому ба он рӯбарӯ аст, нигаронанд. Дар мавриди ноамниҳои шимоли Афғонистон онҳо низ нигарониҳои худро доранд ва дар нуқтаҳои марзӣ гаштзанӣ мекунанд."

Аз сӯи дигар, Наъим Ҳайдарӣ, фармондеҳи пулиси марзии манотиқи шимоли Афғонистон мегӯяд, ки ин гаштҳо ба воситаи киштиҳои ҷангӣ ва низомии Узбакистон дар нуқоти мухталифи марз ба таври давомдор сурат мегирад. Вай гуфт, ки "ҳар амал, ки дар дарёи Ому сурат мегирад, бояд ҳамоҳанг шавад. Ба ҳар ҳол, онҳо гаштҳои низомии худро доранд ва ин гаштҳо ба таври давомдор аст. Мо чунин гаштҳоро дар дарёи Ому надорем."

Ин дар ҳолест, ки чаҳор рӯз пеш Атомуҳаммади Нур, волии Балх низ дар мавриди афзоиши ноамниҳо нигаронӣ кард ва гуфт, ки афроди вобаста ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва дигар гурӯҳҳои тундрав аз минтақаи Чатроли Покистон вориди вилояти Бадахшон мешаванд ва бо ноамн сохтани шимоли Афғонистон да талоши густариши ноамниҳо ба Осиёи Миёна мебошанд.

Ахиран Григорий Карасин , котиби давлатӣ ва муовини вазири корҳои хориҷаи Русия шумори ҷангиёни созмони тундрави “Давлати исломӣ” (ДИИШ) дар Афғонистонро 6000 ҳазор нафар гуфт. Геннадий Карасин дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо нашрияи "Казахстанская правда" гуфтааст, таҳдидҳои амниятии ношӣ аз Афғонистон муболиға ё бофта нест, балки дар баробари ҷунбиши Толибон, ки мавқеи худро акнун дар шимоли Афғонистон ҳам тақвият медиҳад, созмони “Давлати исломӣ” низ дар ин кишвари ҷангзада барои худ ҷои по меҷӯяд.

Григорий Карасин дар ин мусоҳиба, ки рӯзи 7 апрел нашр шуд, мегӯяд, “гурӯҳи “Давлати исломӣ” аз поёни соли 2015 мавқеи худро дар Афғонистон тақвият медиҳад. Бино ба маълумоти мавҷуда, дар ҳоли ҳозир дар Афғонистон ҳудуди 6 000 узви ин созмон ҷамъ шудаанд. Тарафдорони ин гурӯҳ дар 25 вилоят аз 34 вилояти Афғонистон дида мешаванд. Дар байни онҳо зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози шимолӣ ҳам ҳастанд. Бовар кунед, ки ин рақамҳо аз ҳаво гирифта нашудаанд.”

Се кишвари Осиёи Миёна -- Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон бо Афғонистон ҳазорон километр марзи муштарак доранд. Раҳбарони кишварҳои минтақа ва ҳамин тавр Русия борҳо аз ҳузури ҷангиёни ин кишварҳо дар сафҳои Толибон ва Ал-Қоида нигаронӣ кардаанд. Нооромиҳои ахир дар шимоли Афғонистон ва суқути чандин минтақаҳои марзӣ ба дасти Толибон, ба ин нигарониҳо афзудааст.

XS
SM
MD
LG