Ҳудуди 20 донишҷӯи тоҷик ба далели афтодани исми онҳо дар “рӯйхати сиёҳ”-и мақомоти Русия наметавонанд баъди анҷоми таътили тобистона барои идомаи таҳсил ба донишгоҳҳои Беларус баргарданд.
Комрон, донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи информатика ва радиоэлектроникаи Беларусро субҳи 1 сентябр ба далели вуҷуди номаш дар “рӯйхати сиёҳ” аз парвози Душанбе – Маскав пас гардондаанд. Комрон дар сӯҳбат бо Озодӣ бо изҳори ҳайрат гуфт, “танҳо ду дафъа ва он ҳам ҳамчун транзит дар роҳи сафар ба таҳсил ва бозгашт аз Беларус вориди хоки Русия шудаам, вале имрӯз қабл аз парвоз аз масъулони ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар фурудгоҳи Душанбе фаҳмидам, ки ҳамчун нафари мамнӯъулвуруд ҳаққи сафар ба Русия ва ҳатто ҳаққи убури қаламрави он кишварро надорам.”
Ҷаҳонгир Ашӯров, донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи шаҳри Гроднои Беларус ба Озодӣ гуфт, ӯ ҳанӯз рӯзи 28 август ба парвози Душанбе – Маскав чипта гирифта буд, то сипас аз онҷо ба Гродно сафар кунад: “Лекин пеш аз ман як ҳамсабақамро аз Маскав гардонданд. Аз ин рӯ, ман ҳам рафта, номамро тафтиш кардам ва маълум шуд, ки ман ҳам дар “рӯйхати сиёҳ” будаам. Ба ин далел, чиптаамро супурдам ва ҳоло ба вазорати шуғли аҳолӣ муроҷиат кардем, ки ба мо дар роҳи рафъи ин мушкил кумак кунанд.”
Нурулло Маҳмадуллоев, муовини вазири шуғли аҳолии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба ин вазорат 4 донишҷӯ муроҷиат кардааст ва ҳоло онҳо барои ҳалли мушкили ин донишҷӯёни тоҷик дастбакор шудаанд: “Инҳо имрӯз ба мо муроҷиат карданд. Мо ҳуҷҷатҳояшонро гирифтем ва ба мақомоти муҳоҷирати Русия расман нома мезанем. Масъалаи донишҷӯёне, ки дар бахшҳои рӯзонаи мактабҳои олии Русия мехонанд, ҳаллшаванда аст. Фикр мекунам, баъди муроҷиати мо ба мақомоти Русия, онҳо имкони бозгашт ба маҳалли таҳсилашонро пайдо хоҳанд кард.”
Олег Вомсяк, мушовири сафири Беларус дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, сафорат низ аз мушкили донишҷӯёни тоҷик дар роҳи бозгашт ба донишгоҳҳои Беларус дарак дорад. Ба гуфтаи оқои Вомсяк, донишҷӯёни тоҷик иштибоҳан ба “рӯйхати сиёҳ”-и Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия афтодаанд ва бо ислоҳи ин иштибоҳ ҳатман имкони бозгашт барои идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои Беларусро пайдо хоҳанд кард. Ӯ мегӯяд: “Эҳтимолан донишҷӯён ҳангоми убури қаламрави Русия дар кортҳои муҳоҷират ба ҷои “транзит” худи Русияро ҳадафи сафари худ нишон додаанд ва ба ин далел дар “рӯйхати сиёҳ” афтодаанд.”
Ба гуфтаи намояндаи сафорати Беларус дар Душанбе, то ислоҳи ин иштибоҳ сафари ин толибилмон ҳатто тавассути кишварҳои дигар, барои мисол, аз тариқи Туркия ё Қазоқистон, ба Беларус имкон надорад, зеро: “Ин имкон надорад, чунки “рӯйхати сиёҳ”-и афроде, ки Хадамоти муҳоҷирати Русия барои ихроҷ омода мекунад, дар тамоми қаламрави давлати муттаҳидаи Русияву Беларус амал мекунад.”
Падари Комрон, донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи информатика ва радиоэлектроникаи Беларус ба Озодӣ гуфт, дар пайи пас гаштани ӯ аз парвози Душанбе –Маскав мехост, ки писарашро аз роҳи Қазоқистон ё Туркия ба Минск бифиристад, вале: “Як ҳавопаймо бо мухлисони футбол барои тамошои бозии Беларусу Тоҷикистон аз Душанбе мустақиман ба Минск ҳам парвоз мекунад. Мо ҳатто мехостем барои Комрон дар ин парвоз билет бигирем. Вале дар сафорати Беларус ба мо машварат доданд, ки аз ҳар навъ талоши расондани Комрон ба Беларус то ҳазфи номи ӯ аз “рӯйхати сиёҳ” худдорӣ кунем, чунки тавре гуфтанд, ин “рӯйхат” дар тамоми қаламрави давлати муттаҳидае, ки Русияву Беларус ташкил додаанд, амал мекардааст.”
Донишҷӯёни тоҷик ҳамин тавр, аз саргардонии чанд толибилми дигари мактабҳои олии Беларус хабар доданд, ки дар роҳи сафар ба Беларус дар Қазоқистон дармондаанд. Дастикам ду нафари онҳоро аз Русия, аз ҷумла якеро аз фурудгоҳи Оренбург пас гардондаанд. Аммо як ҳамсабақи Комрон тавонистааст бидуни мушкил худро ба Беларус бирасонад.
Бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Беларус, дар ҳоли ҳозир дар мактабҳои олии он кишвар беш аз 200 донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд.
Ин бори аввал нест, ки донишҷӯёни тоҷик дар роҳи сафар ба Русия ваё убур аз қаламрави он кишвар дучори чунин мушкил мешаванд. Як сол пеш ҳудуди 80 донишҷӯи тоҷики мактабҳои олии худи Русия ба далели поймол кардани қоидаҳои иқомати ин кишвар ба “рӯйхати сиёҳ” афтоданд. Бо мусоидати сафорати Тоҷикистон дар Маскав 14 нафари онҳоро аз ин “рӯйхат” берун оварданд, вале даҳҳо нафари дигар аз ин шумор аз имкони идомаи таҳсил дар мактабҳои олии Русия маҳрум шуданд.