Хариди як мошини гаронбаҳо бо пули калон панҷ соли пеш барои як сокини Душанбе хурсандӣ неву дардисар шуд.
Мақомоти интизомии Литва аз боздошти як гурӯҳи фаромиллӣ хабар доданд, ки ба қочоқи мошинҳои гаронбаҳо аз Олмон, машғул буд. Ба навиштаи расонаҳои Литва, ин мошинҳо ба шарқ, умдатан ба Тоҷикистон содир мешуданд.
Баъди як муддати кӯтоҳи хариди “Volkswagen” маълум шуд, ки мошини Абдурасул Қурбонов қочоқӣ буда, аз тариқи кишвари дуюм ба Тоҷикистон ворид карда шудааст.
Мошини шик бо боздошт дар Украина анҷомид
Ӯ рӯзи 19-уми декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, замоне аз қочоқӣ будани мошинаш хабардор шуд, ки мехост вориди Украина шавад. Ӯро боздошт карданд. Таърихчаи мошини таърифии Қурбонов саргузаштҳои зиёде доштааст.
Дар поёни моҷароҳо бо полис, ба Қурбонов гуфтанд, ки мошинаш дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ буда аз кишвари Русия дуздида ва баъдан тариқи Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид шудааст. Қурбонов мегӯяд, ӯ ин мошинро бо кӯмаки як дӯсташ аз тоҷири мошинфурӯш харида буд, ки мегуфт, аз Дубай ба Тоҷикистон мошин ворид мекунад.
“Панҷ соли пеш ин мошинҳо қиммат ва нархаш 30 ҳазор доллар буд, ҳуҷҷатҳояш ҳам дуруст буд. Вақте ба марзи Украина расидем, моро боздошт карда гуфтанд, ки ин мошин дуздӣ аст ва бояд онро супорам. Ҳамин тавр мошинро ҳабс карданд ва маро чаҳор рӯз дар як боздоштгоҳи муввақатии Украина нигоҳ доштанд. Маълум шуд, ки мошин дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ буд ва маро бо пардохти ҷарима озод карданд,” – гуфт Абдурасул Қурбонов.
Ин сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, аломовараш ҳамин буд, ки барои хариди мошини шики олмонӣ солҳо пул ҷамъ кард ва дар ниҳоят як моли қочоқӣ харид. Илова ба ин, боздошту нигаҳдорӣ шуданаш дар полис ӯро хеле рӯҳафтода кард. Баъди ин ҳодиса дигар орзуи доштани мошини гаронбаҳои шикро аз сар дур карда, як мошини камхарҷӣ “Daewoo Matiz” гирифтааст. Дарси асосие, ки Абдурасул Қурбонов аз ин моҷаро бардошт, ин аст, ки харидорон бояд аз тоҷироне мошин бигиранд, ки ҳалолкор ҳастанд. Илова ба ин, тамоми санади мошин бояд санҷида шавад.
Мошини Акбаршо нав ва дуздӣ баромад
Ба фарқ аз Қурбонов, Акбаршо - як мусоҳиби дигари Радиои Озодӣ мегӯяд, се соли пеш ӯро барои доштани мошини дуздии як шаҳрванди Олмон боздошт карданд. Таърихчаи ин мошин ҳам баъдан ба Акбаршо маълум шуд. Ошкор шудааст, ки мошини харидааш дар аввалин соатҳои дуздида шудан аз қаламрави Иттиҳодияи Аврупо берун ва дар кишвари дуюм соҳиби санад ва рақамҳои нав шудааст. Танҳо баъди гузаштани ин марҳилаҳо мошин ба унвони моли тозаву қонунӣ ба харидораш дар Тоҷикистон оварда шуд.
Акбаршо мегӯяд, тааҷҷубовар ин аст, ки мошин пеш аз ворид шудан ба Тоҷикистон сарҳади чандин кишвари дигарро убур мекунад ва дар марзи ҳар давлат санадҳои мошин бояд санҷида шавад. “Ин ҷо гапи дигаре ҳаст, ки чаро дар вақти гузаштани ин ҳама санҷишҳо ин тақаллуб ё дуздӣ ошкор намешавад? Сабабашро бояд мақомот дақиқ кунанд, ки мошинҳои дуздӣ аз кадом роҳ ба Тоҷикистон ворид мешавад ва як харидоре мисли ман аз куҷо медонад, ки мошин қочоқӣ аст ё не?”.
Литва қочоқчиёни мошинҳои дуздӣ ба Тоҷикистонро боздошт кард
Рӯзи 18 декабр мақомоти интизомии Литва аз боздошти як гурӯҳи фаромиллӣ хабар доданд, ки ба қочоқи мошинҳои гаронбаҳо аз Олмон машғул буд. Ба навиштаи расонаҳои Литва, ин мошинҳо ба шарқ, умдатан ба Тоҷикистон содир мешуданд. Тибқи иттилои сомонаи хабарии "Ru.Delfi", аъзои ин гурӯҳи фаромиллӣ рӯзи 17-уми декабр дар пайи амалиёти пулиси Каунас дар ҳамкорӣ бо мақомоти Олмон, боздошт шуданд.
Манбаъ мегӯяд, ки боздоштшудаҳо ҳама шаҳрвандони Литва мебошанд. Дар ҳоли ҳозир шуморе аз гумонбаршудаҳо боздошт ва ҷустуҷӯи боқимондаҳо идома дорад. Аз ҷумла, дар шаҳрҳои Вилнюс ва Каунас 8 нафар ба гумони қочоқи 15 худрави тамғаи BMW ва Mercedes дастгир шудаанд. Ба гуфтаи манбаъ, ду тани дигар аз аъзои ин гурӯҳ дар Олмон ба чанг афтодаанд. Як расонаи дигари ин кишвар навишт, ки дар ҳоли ҳозир чанд мошин дар ҳудуди Тоҷикистон пайдо шудааст. Як мақоми пулиси ин кишвар гуфтааст, ки ин таҳқиқот як сол бо ҳимояти ҳамкоронашон аз Олмон ва дигар кишварҳо, анҷом шудааст.
Мақомоти интизомии Тоҷикистон то ба ҳол дар робита ба ин хабар вокуниш нишон надодаанд. Рӯзи 19 декабр Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳануз дар бораи ин қазия аз ҷониби Литва хабаре дарёфт накардаанд. Вале ӯ ба он таъкид кард, ки ҳар мошине аз хориҷи кишвар ворид мешавад, аввал аз тариқи шабакаҳои махсуси Интерпол санҷида ва баъдан барои ҳуҷҷатгузорӣ иҷозат мегирад.
Ӯ гуфт, “тамоми мошинҳо аз рӯи рамзе, ки доранд ва рақамгузорӣ мешаванд, тафтиш мешавад ва хадамоти Интерпол дар Тоҷикистон онро месанҷад. Ин хадамот бо нашри маълумотнома мефаҳмад, ки ин нақлиёт дар кофтукоб ҳаст ё не. Баъдан он ҳуҷҷатгузорӣ мешавад”.
Аммо сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ аз гуфтани омори дақиқи мошинҳои қочоқӣ ба Тоҷикистон худдорӣ кард.
5 сол пеш 93 мошини дуздӣ дар Тоҷикистон ошкор шуд
Аммо афроди огаҳ аз тиҷорати мошинҳои қочоқӣ мегӯянд, то замоне, ки мақомоти интизомии давлате, ки дар онҷо мошин дуздида шудааст, дастбакор мешаванд, нақлиёт аллакай аз чанд даст гузашта харидори охиринро пайдо мекунад. Як сабаби бо роҳи осон қочоқ шудани мошинҳо аз қаламрави Иттиҳодияи Аврупо ҳам дар пок кардани рақами махсуси мошин аз сӯи дуздон аст, ки маъмулан дар тарафи рост ва ҷои нишасти мусофири пеш аст. Дуздон, ки маъмулан гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ҳастанд, барои мошини қочоқӣ санади тақаллубӣ таҳия мекунанд.
Моҷарои вуҷуди мошинҳои дуздидашудаи олмонӣ дар ҳудуди Тоҷикистон бори аввал соли 2013 аз ҷониби нашрияи олмонии “Bild” расонаӣ шуд ва дар он гуфта мешуд, ки дар Тоҷикистон дастикам 93 мошини тамғаи “BMW”-и дуздидашуда дар Олмон ошкор шудааст, ки аз ҷониби афроди сарватманд истифода мешаванд. Он замон бархе расонаҳои аврупоӣ Тоҷикистонро макони “обу лойи” мошинҳои дуздидашуда унвон карда буд. Аммо дар моҳи январи соли 2017 Рамазон Раҳимзода вазири корҳои дохилӣ гуфта буд, ки “шаҳрвандони Тоҷикистон ҳеҷ рабте ба мошинҳои рабудашудаи Олмон надоранд ва дар сурати баргузории мурофиаи додгоҳӣ, шаҳрвандони ин кишвар, ки мошинҳои олмониро дар даст доранд, “харидорони боинсоф” ном хоҳанд гирифт”. Ба бовари вазир, мошинҳо ба Тоҷикистон тавассути тоҷирони хориҷӣ ворид мешаванд.
Тоҷикистон ягон корхонаи ватании мошинсозӣ надорад ва эҳтиёҷоти мардумашро бо васоили нақлия 100 дарсад аз ҳисоби воридот бароварда мекунад. Ба Тоҷикистон асосан аз се кишвар - аз Дубай мошинҳои сохти Ҷопону Корея ва Амрико ва аз кишварҳои соҳили Балтик мошинҳои сохти Аврупоро ворид мекунанд. Як соли ахир ҳам ба бозори ин кишвар мошинҳои истеҳсоли Ӯзбекистон роҳ ёфтанд. Азбаски ниёз ба мошинҳои нав ё ба истилоҳ дасти як дар бозори Тоҷикистон чандон зиёд нест, ба ин кишвар бештар мошинҳои дасти ду ворид карда мешаванд. Бино ба омори расмӣ, дар Тоҷикистон ба ҳазор нафар 48 мошини шахсӣ рост меояд. Ин нишондиҳанда панҷ сол қабл 39 ададро ташкил медод. Аз ҳама бештар сокинони шаҳри Душанбе соҳиби мошин будаанд.