Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги Абдурасул Назаров баъди як рӯзи боздошт дар Душанбе. ВИДЕО, АКС


Абдурасул Назаров
Абдурасул Назаров

Наздикони Абдурасул Назаров, сокини шаҳри Кӯлоб, мегӯянд, ҷасади ӯро баъди як рӯзи боздошт аз тарафи маъмурони милиса бо осори латту кӯб аз бемористони Қарияи Болои Душанбе гирифтаанд. Ин сокини кӯчаи Чармгарони шаҳри Кӯлоб муваққатан дар пойтахт мезист.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Марги Абдурасул Назаров баъди як рӯзи боздошт дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:51 0:00

Қабл аз ин, яке аз пайвандони Абдурасул бо миқдори ками маводи мухаддир боздошт шуда буд. Вай иқрор кард, ки он миқдор маводро аз Абдурасул гирифтааст.

То ба ҳол мақомоти расмӣ далели боздошт ва марги ӯро шарҳ надодаанд. Дар Шуъбаи қабули беморони Қарияи Боло ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки "Абдурасул Назаров бо марги клиникӣ рӯзи 28-уми март ба беморхона оварда шуд. Субҳи рӯзи дигар ҷасади ӯро ба наздиконаш супурданд."

Хонаводааш иддао доранд, ки Абдурасул Назаров бе ягон сабаб ба идораи милиса бурда шуд ва дар онҷо мавриди шиканҷа қарор гирифтааст.

"Абдурасул Назаровро барои бозпурсӣ бурданд"

​Баъзе аз манобеъ дар мақомоти тафтишотӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки боздошти Абдурасул Назаров дар асл ба чанд грамм маводи мухаддир рабт мегирад. Манобеъ рӯзи 30-юми март гуфтанд, "қабл аз ин, яке аз пайвандони Абдурасул бо миқдори ками маводи мухаддир боздошт шуда буд. Вай иқрор кард, ки он миқдор маводро аз Абдурасул гирифтааст. Баъдан ӯро барои бозпурсӣ бурдаанд."

Абдурасул Назаров дар бемористони Қарияи Боло
Абдурасул Назаров дар бемористони Қарияи Боло

Манбаъ мегӯяд, дар пурсишҳои ибтидоӣ кормандони милиса гуфтаанд, зоҳиран Абдурасул Назаров замони боздошт маводи мухаддир истифода карда буд. "Онҳо гуфтанд, ҳангоми рӯбарӯкунӣ боздоштшуда эътироф кард, ки маводро аз Абдурасул Назаров гирифта буд. Ҳамон вақт дили дувумӣ аз кор монд", - афзуд ӯ.

​Манбаи мо мегӯяд, дар бадани Абдурасул Назаров "осебҳои шубҳанок” ба назар мерасад ва сабаби марги ӯ пас аз хулосаи ниҳоии ташхис расман эълон хоҳад шуд.

"Дар тани шавҳарам доғҳои сиёҳ буд"

Абдурасул Назаров, ки дар яке аз марказҳои таъмири мошин дар маҳалли 46-уми шаҳри Душанбе кор мекард, рӯзи 28-уми март аз тарафи маъмурони пулиси Сино-2 боздошт шудааст. Садбарг Бобохонова, ҳамсари Назаров, рӯзи 30-юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ин маъмурони милиса дар тан либоси шаҳрвандӣ доштаанд.

Ҷасади Назаровро аз Душанбе ба Кӯлоб бурданд
Ҷасади Назаровро аз Душанбе ба Кӯлоб бурданд

Ӯ афзуд, шаби 29-уми март аз шӯъбаи шикастабандӣ (корпуси 5)-и Қарияи Боло ба онҳо гуфтаанд, ки ҷасади Абдурасул Назаровро баранд. Ба гуфтаи Садбарг Бобохонова, пизишкон гуфтаанд, ки ҷасади Назаровро аз Шӯъбаи корҳои дохилии Сино-2 ба бемористон оварданд.

​“Вақте ҷасади шавҳарамро мегирифтем, ду нафареро дидам, ки бо либоси шаҳрвандӣ ба хонаамон омада буданд. Онҳо дар назди беморхона буданд. Пизишк гуфт, ки ҷасадро ҳамин ду нафар оварданд. Дар тани шавҳарам доғҳои сиёҳ буд. Дастонаш, як тарафи сараш захм дорад. Дар чеҳрааш осори латту кӯб ҳаст”, - афзуд ӯ.

Баҳриддин Сафоев, як ҳамкори Абдурасул Назаров, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз рафтори хуби ӯ тавсиф кард. Вай гуфт, "Абдурасул дар миёни кормандон шахси намунавӣ буд. Агар нашъакашӣ ё рафтори номатлуби дигаре медошт, ҳамкорон медиданд. Мефаҳмиданд. Чунин ҳарфҳо нисбат ба ӯ дуруст нест. Дар коллективи мо шахси боэҳтиром буд."

ШКД: Дертар тамос гиред

Замоне ки барои дарёфти посух дар робита ба иллати марги Абдурасул Назаров ба Шуъбаи корҳои дохилии Сино-2 рафтем, дар бахши робита бо сокинон гуфтанд, "чизе намедонанд", вале айни замон гуфтанд, "ӯ "ломка" дошт". Навбатдори Шӯъбаи корҳои дохилӣ рӯзи 30-юми март дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, “дертар тамос гиред, роҳбарият медонад”.

Ҷасади Абдурасул Назаров рӯзи 29-уми март аз Душанбе ба Кӯлоб интиқол ёфт ва, қарор аст, дар зодгоҳаш - Чармгарони шаҳри Кӯлоб дафн шавад. Абдурасул Назаров соҳиби ду фарзанд аст ва тайи 12 соли охир ҳамроҳи хонаводааш дар яке аз хобгоҳҳои пойтахт ба сар мебурд.​

XS
SM
MD
LG