Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуллоҳ: "Бархе дар пайи сарнагунии ҳукумат ҳастанд"


Абдуллоҳ Абдуллоҳ гуфтааст, ки шуморе аз афрод дар пайи суқути ҳукумати ваҳдати миллианд. Рӯзи гузашта Гордиян навишта буд, Ҳомид Карзай дар ҳоли заминасозӣ барои суқути ҳукумати ҳозираи Афғонистон аст.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон рӯзи 13 июн дар суханронии худ дар шаҳри Файзобод -- маркази вилояти Бадахшони он кишвар ба таври ғайримустақим аз Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури пешини он кишвар интиқод кард. Оқои Абдуллоҳ гуфт, ки ранҷу азоберо, ки имрӯз мардуми Афғонистон таҳаммул мекунанд, мероси чаҳордаҳсолаи ҳукумати қаблист.

Ҳарчанд Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз касе ва ё гурӯҳе ном набурд, аммо гуфт, ки 14 соли гузашта ин афрод бунёди ҳукуматдориро вайрон карданд ва ҳоло чашмбароҳи суқути ҳукумати ваҳдати миллӣ мебошанд. Ӯ гуфтааст, ки дар чаҳордаҳ соли гузашта ин афрод фурсати тиллоиеро аз даст даст доданд ва ранҷу азобе, ки миллати Афғонистон имрӯз мекашад, маҳсули кори онҳост.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ гуфтааст, ҳукумате, ки ӯ дар мақоми раиси иҷроия қарор дорад, бар асоси манфиати миллӣ ва беҳбуди кишвар ба миён омадааст ва дар сурати суқути он, гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва нерӯҳои ҳаросафкан ба сари қудрат хоҳанд омад.

Ин суханони тунди Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар мавриди роҳандозии тавтеа барои сарнагунии ин ҳукумат дар ҳоле садо дод, ки ахиран рӯзномаи бритониёии "Гордиян" бо нашри як гузориш, гуфт, ки шуморе аз вазирон ва сафирони даврони ҳукумати Ҳомид Карзай дар пушти дарвозаҳои раиси ҷумҳури пешин саф баста ва бо Ҳомид Карзай дар ҳоли машварат ҳастанд. Ин рӯзнома навиштааст, ки Ҳомид Карзай мехоҳад, ки бо эҷоди монеаҳо бар сари роҳи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон, ки дар раъси он Ашрафғанӣ Аҳмадзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ қарор доранд, заминаҳои суқути ҳукуматро ҳамвор созад.

Рӯзномаи "Гордиян" аз қавли дипломатҳои ғарбӣ навишт, ки Ҳомид Карзай аз чанд моҳ ба ин тараф дар талош аст, то ҳукумати ваҳдати миллиро суқут диҳад ва ҳукумат муваққатӣ ташкил гардида ва дар раҳбарии он, худи ӯ қарор бигарад. Ин дипломатҳо, ки аз онҳо номе бурда нашудааст, гуфтаанд, ки Ашрафғанӣ аз ин таҳдидҳо огоҳ аст, аммо хостори он нест, ки бо Ҳомид Карзай дар ҷидол қарор дошта бошад. Аммо Аймал Файзӣ, сухангӯи пешини ҳукумати Афғонистон ин иддаои рӯзномаи Гордиянро радд кардааст.

Ба гуфтаи ин дипломатҳои ғарбӣ, ин танишҳо миёни сарони ҳукумат ваҳдати миллӣ ва раиси ҷумҳури пешини он кишвар замоне оғоз шуд, ки мувофиқатномаи ҳамкории истихборотӣ миёни Кобул ва Исломобод имзо шуд ва Ҳомид Карзай аз он ба шиддат интиқод кард. Ҳомид Карзай рӯзи 4 июн дар сӯҳбат ба "Садои Амрико" гуфт, “ҳамчун давлат ва миллат мо набояд ба ҳеч кас бовар кунем, балки умури вазъро ба дасти худ гирем”. Ба ақидаи вай, Покистон, саҳеҳтараш ҳарбиён ва хадамоти ҷосусии он ҳаргиз сулҳи Афғонистонро намехоҳанд ва набояд ба онҳо дасти дӯстию рафоқат дароз кард.

Аз ин қабл низ, манобеи наздик ба ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон аз он изҳори нигаронӣ карда буданд, ки таҳти сарварии раисиҷумҳури пешини Афғонистон Ҳомид Карзай мансабдорони собиқи ҳукумат, фармондеҳони ҷиҳодӣ ва ҳатто бархе аз гурӯҳҳои марбут ба Толибон нерӯеро шакл медиҳанд, ки дар пайи барканории ҳукумати муштараки Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ хоҳанд буд.

Ғанӣ ва Абдуллоҳ, ки дар интихоботи президентии сентябри соли гузашта рақиби ҳамдигар буданд ва баҳси онҳо сари шумориши оро ҳафтаҳо тӯл кашида, бо миёнаравии ИМА яке раисиҷумҳур ва дигаре раҳбари иҷроияи Афғонистон шуданд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ намояндаи Эътилофи Шимол буда, худро “фарзанди Панҷшер” меномид ва ҳарчанд аз падари пашту ва модари тоҷик ба дунё омадааст, аз ҳамсафони наздики Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд буда, барои бисёре аз сокинони Афғонистон баёнгари манфиатҳои тоҷикони ин кишвар аст. Ашраф Ғанӣ Аҳмадзайро намояндаи паштуҳои Афғонистон медонанд, ки ҷунбиши Толибон аз миёни онҳо бархостааст.

Карзай, ки дар авҷи ин баҳсҳо гуфта буд, метавонад раёсаташро то ҳалли комили ихтилофи Ғанӣ-Абдуллоҳ идома диҳад, дар моҳи октябри соли 2014 аз мақом рафт ва то ин авохир садои ӯ шунида намешуд. Ӯ дар тирамоҳи соли 2001 пас аз суқути режими Толибон дар нишасти Бонн дар раъси ҳукумати муваққати Афғонистон қарор гирифт ва дар интихоботи соли 2005 ва ҳамин таври сабқати президентии ҷанҷолбарангези соли 2009 пирӯз шуд. Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон ба поси хизматҳои ӯ, Фурудгоҳи байналмилалии Кобулро ба номи ӯ гузошт.

XS
SM
MD
LG