Як сокини Душанбе аз истифодаи бе иҷозаи аксаш дар таблиғи хадамоти ширкати хусусии таксӣ шикоят карда ва аз ин муассиса талаб дорад, ки аксҳои ӯро бардорад. Вале масъулони ширкати таксӣ бо ин иддао розӣ нестанд. Онҳо мегӯянд, акс бо ризояти духтар нашр шудааст.
Акси Сакинаро ба "Олуча" кӣ дод?
Ҳуқуқшиносон таъкид мекунанд, ки истифодаи аксу видеоҳои хусусӣ бидуни иҷозати муаллиф ҳам як қонуншиканӣ аст ва дар баробари халалдор кардани ҳарими хусусии инсон, ҳуқуқи инсонии ӯро рахна мекунад.
Сакина Абдуллоева, сокини 22-солаи Душанбе як муддат дар ширкати "Олуча-такси" ба ҳайси танзимгар кор кард. Баъди аз кор рафтани ӯ аксҳояш дар маводи таблиғотии ширкат пайдо шуд. Сакина иддао дорад, ки ширкати маъруфи "Олуча-такси" бе иҷозати ӯ ду аксашро дар маводи таблиғотии худ истифода кардааст.
Сакина қаблан се моҳ дар ширкати мазкур ҳамчун танзимгар кор кардааст ва аксҳо низ он замон бардошта шудаанд. Ӯ мегӯяд, намедонист, ширкат аксҳои ӯро дар таблиғи тиҷоратӣ ё реклама истифода мекунад ва баъди онки ин мавзӯъ мавриди баҳсу даъво дар хонааш шуд, ширкатро дар истифодаи бидуни иҷозати аксаш гунаҳкор кард.
"Мантиқан бигирем, акси як духтари ҷавонро бе иҷозат иҷозат нашр кардан хуб нест. Волидонам намехоҳанд, акси ман барои таблиғи ширкат истифода шавад. Чанде аз дӯстон занг зада гуфтанд ки "Олуча-такси” бо акси ту маводи таблиғотиашро нашр кардааст ва ин чиз боис ба нороҳатии ман шуд", - гуфт Сакина Абдуллоева рӯзи 15-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Ӯ гуфт, баҳсаш бо ширкати "Олуча-такси" ҳанӯз то додгоҳ нарасидааст, вале мебинад, талошҳо барои аз роҳи музокираву шикояти ҳузурӣ натиҷа намедиҳад.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Сакина донишҷӯи соли севуми Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия аст ва мегӯяд, ҳеҷ гоҳ намехоҳад бидуни иҷозат аксҳояш барои таблиғи ширкате ба намоиш гузошта шавад. "Дуруст аст, ки дар ин ширкат кор кардам. Агар ширкати "Олуча-такси" барои истифодаи аксҳоям ҳадди имкон иҷозаи маро мепурсид, кор то ба ин ҷо намекашид. Ё вақте акси маро истифода карда, аз ҳисоби таблиғи ширкат ҳаққи маро медоданд, ин гапи дигар буд", - гуфт ин духтари донишҷӯ.
"Ризояти шифоҳии Сакинаро гирифта будем"
Масъулони ширкати "Олуча-такси" дар суҳбати бидуни сабт иддаои Сакинаро бепоя хонда гуфтанд, истифода аз акс бо иҷозати худи духтар сурат гирифтааст. Ин ширкат иддао дорад, ки барои истифодаи акси Сакина аз ӯ ризоияти шифоҳӣ гирифта буданд. Онҳо муроҷиати Сакинаро барои пок кардани аксҳояш аз саҳифаи фейсбукии ширкат таъийд мекунанд, аммо мегӯянд, ба хотири онки маводи таблиғӣ барои ширкат муҳим буд, он замон натавонистанд аксро аз саҳифаашон ҳазф кунанд.
Ба гуфтаи Парвина Ҷӯраева, як масъули бахши маркетинг дар ширкати "Олуча-такси", бори аввал акси Сакина Абдуллоева 5-уми апрели имсол дар маводи таблиғотӣ дар саҳифаи фейсбукии ширкат нашр шуд. Ба гуфтаи Ҷӯраева, он замон Сакина коргари расмии корхона буд ва ҳеҷ эътироз надошт.
Ҷӯраева мегӯяд, эътирози Сакина дар робита бо нашри акси дуюмаш аст, ки дар маводи қаблан омодашуда рузи 11-уми июл нашр шуд. Ин даврае буд, ки Сакина дигар дар "Олуча-такси" кор намекард. Вай гуфт, "бо назардошти онки иштироки Сакина дар аксбардории мақсаднок барои истифода дар маводи таблиғотӣ қаблан довталабона буд, мо тасмим гирифтем ки маводро баъд аз муддате пок кунем".
Қонун бо кист -- Сакина ё "Олуча"?
Ҳамин тавр, ҳарду ҷониб дар ин даъво худро ҳақ меҳисобанд. Ҳуқуқшиносон мегӯянд, истифодаи аксу видеоҳои хусусӣ бидуни иҷозати муаллиф ҳам қонуншиканӣ аст ва ҳам дар баробари халалдор кардани ҳарими хусусии инсон, ҳуқуқи инсонии ӯро рахна мекунад.
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, қонунгузории Тоҷикистон бидуни мувофиқа ва иҷозаи шаҳрванд, истифодаи акс ва ҳамагуна маълумотро дар бораи шахс иҷозат намедиҳад. Ба гуфтаи ӯ, вақте шаҳрванд дар дилхоҳ коргоҳ фаъолият мекунад, тибқи Кодекси меҳнати Тоҷикистон шартнома имзо мекунад ва барои кори анҷомдодааш маош мегирад. Аммо дар сурати истифодаи омилҳои инсонӣ, кори изофа ва ё истифода аз акси шахс бояд шартномаи хаттӣ ба имзо расад. Зеро, ба гуфтаи Ҳакимов, дар низоми қонунгузории Тоҷикистон шартномаи шифоҳӣ қувваи қонунӣ надорад.
"Якум, ин як навъ таблиғ аст, ки тавассути акс ширкат тавонистааст барои сокинон худро муаррифӣ карда, даромади бештар ба даст биёрад. Дар ин ҳолат аз ҳисоби реклама як фоизи муайяни маблағ барои соҳиби акс пардохта шавад. Аз сӯи дигар, ин зарари маънавӣ расондан ба шахс аст. Чун Тоҷикистон як кишвари суннатӣ аст ва имкон дорад барои истифодаи ин акс духтар ба даҳҳо саволе посух гӯяд, ки бо чӣ ҳадаф аксаш дар маводи талиғотӣ нашр шудааст", - шарҳ дод ӯ.
Дар ин ҳолат, ба гуфтаи ҳуқуқшинос, шаҳрванд метавонад ба додгоҳ муроҷиат карда, ҷуброни зарари маънавӣ талаб намояд. Ҳуқуқшиносон мегӯянд, дар ин баҳс мушкили аслӣ бо ширкати тиҷоратӣ аст, ки мувофиқати қаҳрамони рекламаашро дар як қарордод ё санаде сабт накардааст. Дар ин сурат даъвогар ҳақ дорад, ки то зинаҳои охирини додгоҳӣ барои қонеъ шудани даъвояш шикоят кунад.
"Олуча" аксҳои Сакинаро аз Фейсбук-аш пок кард
Дар ҳамин ҳол Нуъмон Набизода, сардори шӯъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он дар вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар як сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо омодаанд барои машваратҳои ҳуқуқӣ ба Сакина Абдуллоева кумак кунанд.
Ширкати "Олуча-такси" ҳангоми омода шудани мавод дар бораи ин баҳс, аллакай акси дуюми Сакинаро аз саҳифаашон дар "Фейсбук" пок кард. Масъулони бахши маркетинг дар ширкати "Олуча-такси" хабар доданд, ки онҳо аз сӯи Сакина ягон дархосте дар мавриди додани ҳаққи аксаш нагирифтанд ва ҳоло ҳам омодаанд пас аз пок кардани акс, дар ин маврид бо ин духтар ба мувофиқа расанд.
Матбуот дар бораи вуҷуди баҳсҳои додгоҳӣ дар заминаи истифодаи ғайримуҷози акс ё дигар маълумоти хусусии инсон бо ҳадафҳои тиҷоратӣ зиёд хабар намедиҳад, вале ҳуқуқшиносон огоҳ мекунанд, ки бо рушди фанновариҳои навин, хатари зиёд шудани чунин баҳсҳо вуҷуд дорад.
Нашри соддаи аксе дар саҳифаи хусусии шабакаи иҷтимоии шахс метавонад аз ҷониби сеюме бо ҳадафҳои муайян, аз ҷумла таблиғоти тиҷоратӣ ва бидуни иҷозат истифода шавад ва дар ин ҳолат шаҳрванд ҳақ доранд, ки ба додгоҳ аз болои ин шахс ё созмон шикоят кунад.