Додситонии вилояти Суғд мегӯяд, Кибриё Юлдошева, як сокини 33-солаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ва модари 5 фарзанд аз даъвои худ, ки “кормандони милисаи ноҳия ӯро ҳангоми бозпурсӣ бараҳна ва таҳқир кардаанд, даст кашидааст”.
Худи Кибриё Юлдошева мегӯяд, дигар ба онҳое, ки ӯро бараҳна бозпурсӣ карданд, даъво надорад, зеро аз он дар ҳарос аст, ки “вазъи бе ин ҳам харобаш бадтар нашавад”.
Ман дигар даъвое надорам. Дигар даркор нест, ба худам бад мекунам. Беҳтараш бимонем. Бе ин ҳам хеле хаста шудам. Саломатиамро аз даст додам
Дар бораи даст кашидани Кибриё Юлдошева аз даъвои худ алайҳи кормандони пулис, ки ба иддаои ӯ вақти бозпурсӣ ӯро бараҳна кардаанд, як мақоми додситонии вилояти Суғд рӯзи 20 июл дар ҷараёни нишасти хабарии нимсолаи ниҳод дар шаҳри Хуҷанд хабар дод.
Юлдошева аз аризааш даст кашид
Рустам Раззоқзода, сардори шуъба дар додситонии вилояти Суғд дар баробари хабарнигорон гуфт:
“Юлдошева дар баёноташ қайд кардааст, ки маълумоти пештар дарҷкардаашро дастгирӣ намекунад. Нисбати ӯ аз тарафи кормандони ШКД ягон амали ғайриқонунӣ ва зӯроварӣ кор бурда нашудааст. Айни ҳол тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Юлдошева аз ҷониби шуъбаи корҳои дохилии Спитамен идома дорад”.
Манзури додситон – “қаллобӣ” аст, ки полис қабл аз моҷарои бараҳна кардани зан, Юлдошеваро дар ин иттиҳом гумонбар карда буд. Бинобар ин иттиҳом, гӯё Юлдошева бо санади шахси дигар аз бонки муфлисшудаи “Тоҷпромбонк” қарз гирифтааст.
"Маҷбур карданд либосҳоямро бадар кунам"
Кибриё Юлдошева дар як мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ рӯзи 9-уми июл гуфта буд, ки нисфирӯзии 3-уми май дар як утоқи Шӯъбаи корҳои дохилии Спитамен се корманди милиса ӯро бозпурсӣ карданд, вале қабл аз оғози бозпурсӣ “бо ин баҳона, ки ӯ дар либосҳояш дастгоҳи сабти садо надошта бошад, “маҷбур карданд, тамоми либосҳояшро бадар кунад”.
Кибриё Юлдошева он вақт гуфт, ки кормандони пулис ба баданаш даст нарасонданд, вале нигоҳу рафтор ва шеваи бозпурсиашон таҳқиромез ва бараҳна бозпурсӣ шудан барояш хеле дардовар буд. Тафтиши ин қазия баъд аз арзи Кибриё Юлдошева ба додситонии кул анҷом гирифтааст.
"Дилсард шудам"
Кибриё Юлдошева рӯзи 20 июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, билохира шикояташ натиҷае ба бор наовард ва ҳоло баъд аз 3 моҳи ҳодиса ва муроҷиатҳояш ба мақомот тасмим гирифт аз аризааш даст кашад. Мегӯяд, дар ин ҳама талошҳо дилсард шуд ва дигар саломативу тавон надорад, ки ба баҳс иддома диҳад. Ӯ афзуд:
“Ман дигар даъвое надорам. Дигар даркор нест, ба худам бад мекунам. Беҳтараш бимонем. Бе ин ҳам хеле хаста шудам. Саломатиамро аз даст додам. Сиҳҳатиам намегузорад бо онҳо мубориза кунам. Ман 5 фарзанди хурдсол дорам ва онҳо бепардар монданд. Агар онҳо маро ҳабс кунанд, ҳоли кӯдаконам чӣ мешавад?”
Ӯ гуфт, бозпурсиҳо зимни тафтиши парвандааш ва азоби равонии қазияи бараҳна бозпурсӣ шуданаш саломатии ӯро хароб кардааст:
“Боре пеши чашмонам сиёҳу торик шуд ва ба замин задам. Қабурғаам шикаст. Духтур гуфт, ки фишори хунам хеле паст шудааст. Ҳоло ба табобати он машғулам.”
Хонум Юлдошева гуфт, қаблан як вакили дифоъ аз ҳуқуқи ӯ ҳимоят мекард. Ҳоло аз нодорӣ аз хидмати ӯ даст кашидааст. Дар Тоҷикистон мавридҳои озору таҳқири сокинон зимни бозпурсии онҳо аз ҷониби мақомот борҳо расонаӣ мешавад. Ва афроди озордида, мисли Кибриё Юлдошева ба мақомот шикоят мебаранд, вале дар бештарин маворид даъвои онҳо нодида гирифта мешавад ва ё таҳқиқи рӯякии он бенатиҷа анҷом меёбад.