Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шогирди собиқи Донишгоҳи Ломоносов дар Сурия кушта шуд


Насим Наботов -- сокини 28-солаи ноҳияи Фархор, собиқ донишҷӯи Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав ба номи Ломоносов, ду рӯз пеш бар асари таркиши мина дар Сурия кушта шудааст.

Насим Наботов, донишҷӯи собиқи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов рӯзи 2-юми июн аз таркиши мина дар Сурия кушта шудааст. Ин хабарро, падари Насим -- Абдулмаҷид Наботов ва ҳам мақомоти амниятии ноҳияи Фархор тасдиқ карданд.

Абдулмаҷид Наботов дар гуфтугӯи кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ рӯзи 4-уми июн гуфт, ки хабари кушта шудани писарашро ҳам аз мақомот ва ҳам аз рафиқони писараш, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ӯ мукотиба доштаанд, шунидааст. Ба падари Насим гуфтаанд, ки писараш дар таркише аз мина кушта шудааст. Наботов мегӯяд, ҳафтае пеш бо писараш сӯҳбати телефонӣ дошт ва Насим гуфтааст, ки дар шаҳри Аданай, воқеъ дар марзи Туркия бо Сурия машғули "кор" аст. Насим ба падараш гуфтааст, ки “дигар ба Тоҷикистон пас гашта омада наметавонад” ва Абдулмаҷид Насимов, ӯро сарзаниш кардааст.

«Чанд маротиб аз ҳар рақам занг зад, сухан карда натавонист. Баъдан бо як рақам телефон карда, ҳамроҳамон гап заду гуфт, ки дар шаҳри Аданай аст. Ман рақамҳои телефони ӯро ба амният супоридам ва онҳо муайян карданд, ки писарам на дар Туркия, балки дар Сурия будааст», --гуфт Абдулмаҷид Наботов.

Абдулмаҷид Наботов писараш Насими 28-соларо чанд сол пеш, вақте фаҳмид, ки бо нафарони ифротӣ шинухез мекунад, аз таҳсил дар Донишгоҳи Ломоносови шаҳри Маскав маҳрум кард ва ба ӯро маҷбуран ба Тоҷикистон овард. Ба гуфтаи наздиконаш, баъди бозгашт низ Насим бештар аз "ҷиҳод" сӯҳбат мекард ва аввалҳои моҳи марти соли ҷорӣ ба таври ногаҳонӣ аз зодгоҳаш дар ноҳияи Фархор нопадид шуд.

Падари Насим рӯзи 27 март ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки писарашро соли 2009 аз Маскав ба Тоҷикистон оварда буд, то барояш ба оҳистагӣ фаҳмонад, ин ҳарфҳое, ки аз "ҷиҳод" мегӯяд, иштибоҳанд. Наботов мегӯяд, эҳсос мекард, дар Маскав писараш тасмими ба Сурия рафтан дорад ва ҳоло ба ҳолате гирифтор шудааст, ки масали "омад ба сарам аз он чи метарсидам"-ро мемонад.

Насим Наботов
Насим Наботов

"Вай соли 2007 ба донишгоҳи Ломоносов дохил шуд ва дар бахши молия ва иқтисод мехонд. Он вақт дар Маскав масҷид ба масҷид гашта, ба кадом гурӯҳҳои ифротӣ равуо доштааст ва ман тавассути баъзе ҳамдиёрон ӯро ба ин ҷо оварда будам. Ӯ интернетро хуб медонист ва кор мекард. Вақте мегуфтам, чӣ кор мекунӣ, мегуфт, сураи Қуръон азёд мекунад. Лекин ба корҳои ӯ сарфаҳм намерафтам," -- афзуд ӯ.

Дар пайи фирори Насим Наботов пайвандонаш аз фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб иттилоъ гирифтаанд, ки ӯ шоми 5 марти соли ҷорӣ бо ҳавопаймо ба Маскав рафтааст.

Муҳаммад, як шиноси Насим дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, ки хабари марги ӯ аз дирӯз боз дар Фархор қиссаи сари забонҳо мардум шудааст. Ӯ мегӯяд, Насимро бисёриҳо мешинохтанд зеро ӯ дар Фархор бо мошини опелаш тоҷирони нонфурӯшро бо нон ва кулчақанд таъмин мекард.

«Ба Худо ба сари ин бача чӣ гуна ин суханҳоро ҷой карданд, ҳеҷ кас намедонад. Ӯ пеш аз фирораш доим аз номи “бародарон” сухан мекард. Мо аҳамият намедодем, ки бародаронаш кист ва киро мегӯяд. Баъди фирор огаҳ шудем, ки ин ҳамон бародарони суриягиро ҳамеша ба забон меовардааст. Ҳоло дар Фархор овоза аст, ки Насим фавтидааст,» -- гуфт мусоҳиби мо.

Дар ҳоли ҳозир раёсати умури дохили минтақаи Кӯлоб нисбат ба 47 ҷиҳодии зодаи ин минтақа парванда боз кардааст. Аммо як масъули шуъбаи умури дохилии ноҳияи Фархор, мегӯяд, ҷавононе, ки аз ин ноҳия дар ҷангҳои Сурия иштирок доранд, тақрибан чаҳор нафар буданд, ки сеи онҳо кушта ва яки дигар дар ин кишвари ҷангзадаи Ховари Миёна қарор дорад. Ба маълумоти ин ниҳод ду кушташудаи аввал Сангак ва Сайфиддин Қосимовҳо буданд, ки шаш моҳ пеш дар як даргирӣ дар марзи Туркия кушта шудаанд.

Марги Насим Наботов дар ҳолест, ки волидайни Убайд Наимов, як ҷавони 30-солаи дигар аз Фархор мегӯянд, мақомот ба назди онҳо омада, аз ҳузури писарашон дар ҷангҳои Сурия хабар додаанд. Ба қавли онҳо, Убайд дар Санкт-Петербурги Русия кор мекард, вале ду моҳ боз ному нишонаш нест. Ва ҳоло волидайни Убайд низ дар ҳоли афсурдагиянд, ки чӣ гуна як писари аз дин хабар надоштаашон ба гурӯҳи «Давлати исломӣ» пайвастааст.

Мақомоти Тоҷикистон шумори шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафи гурӯҳҳои тундраве, чун «Давлати исломӣ» дар Сурияву Ироқро то 400 нафар мегӯянд. То имрӯз дар бораи ҳалокати то 60 нафар аз зодагони Тоҷикистон гузориш шудааст. Ниҳодҳои минтақаи Кӯлоб шумораи ҷангиёни минтақаи Кӯлобро дар "Давлати исломӣ" 47 нафар ҳисоб кардааст, ки гуфта мешавад аз ин теъдод 6 нафараш дар ҷангҳо ҷон додаанд.

Кушта шудани Насим Наботов дар ҷангҳои Сурия дар ҳоле сари забонҳо шуд, ки моҳи гузашта пеш ду сокини Кӯлоб, Сафар Рустамов писари собиқ фармондеҳи Фронти халқӣ Хайрулло Рустамов, дигаре, Лоиқ Раҷабов, сокини шаҳри Кӯлоб дар ин ҷангҳо кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG