Навиштаи Назрӣ Асадзода, ходими Академияи илмҳо, ки пешниҳоди манъи филмҳои замони Шӯравии Тоҷикистонро кардааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёде барангехт. Хулосаи мақолаи Асадзода аз нашрияи “Илм ва ҷомеа”, ки рӯзи 10-уми январ дар вебсайти Радиои Озодӣ нашр шуд, боис ба пуштибонии як гурӯҳ ва мухолифати шадиди гурӯҳи дигари хонандаҳо шуд.
Назрӣ Асадзода дар навиштаи “Нақши дастгоҳи идеологӣ дар ташаккули рӯҳияи миллӣ”, ки дар маҷаллаи Академияи илмҳои Тоҷикистон нашр шуд, пахши филмҳои замони Шӯравӣ
“Ҷӯра-шикорчӣ” тахаюлӣ аст, аммо вақте “Тоҷикфилм” онро навор мегирад ва намоиш медиҳад, бинандаи тоҷик онро гузаштаи худ медонад. Мо худро дар оинаи ҷаҳоннамо таҳқир мекунем. Ба ҳар сурат, нишон додани залилии миллати худ дар ҳар шакл бад аст. Ин ифтихори миллии моро боло намебарад
дар шабакаҳои телевизиониро "таасcуфангез ва хилофи арзишҳои миллӣ" унвон карда буд.
Вай таъкид кардааст, ки интишори филмҳое аз қабили "Ҷӯра шикорчӣ аз Мин-Архар, ки дар замони шӯравӣ аз ҷониби "Тоҷикфилм" наворбардорӣ шудааст, худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандории шаҳрвандони кишварро коҳиш медиҳанд, бинобар ин намоиши чунин филмҳои ҳувиятшикани замони шӯравӣ дар кишвар бояд манъ карда шаванд. Назрӣ Асадзода дар навиштаи худ пахши чунин филмҳои замони Шӯравиро дар шабакаҳои телевизионии кишвар "таасcуфангез ва хилофи арзишҳои миллӣ" унвон карда буд. Муаллиф ҳатто сатҳи наворбардорӣ ва сифати филмҳои «Рустам ва Суҳроб», «Коваи оҳангар» ва дигар филмномаҳои аз рӯи “Шоҳнома” таҳия шударо бо сабабе, ки ба гуфтаи муаллиф ин филмҳо “шукӯҳу шаҳомати қаҳрамониҳои мардумиро ба таври шоиста инъикос накардаанд” ва ҳамчунин “бо назардошти идеологияи муборизаи синфӣ офарида шудаанд”, мавриди интиқод қарор додааст.
Назрӣ Асадзода рӯзи 15-уми январ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин мақоларо дар пайи мушоҳидаҳои чандсола навиштааст.
Радиои Озодӣ: Чӣ далел доред, ки филмҳои замони Шӯравӣ таҳияшударо хилофи арзишҳои замони муосир медонед?
Назрӣ Асадзода:
Нахуст бояд гуфт, ки ҳадафи ман аз нашри мақолаи мавриди назар ба ҳеҷ ваҷҳ таҳлил ва ё танқиди филмҳои замони шӯравӣ ва ё ҳатто арзёбии вазъи синамои тоҷик нест. Ҳадаф дарёфти роҳкорҳои илмиву муассири ҳувиятсозии миллӣ ва ба ин васила суръат бахшидани раванди ҷомеасозӣ дар кишвар аст. Синамо яке аз абзорҳои татбиқи ин ҳадаф аст. Дар маҷмӯъ, ҳар як филме, ки офарида мешавад, новобаста ба он ки мансуби замони шӯравӣ аст ва ё замони муосир, ҳадафи хос ва паёми вижае дорад, ки ба мардум расонида мешавад. Шӯравӣ низ мисли ҳар як низоми давлатдорӣ ҳадафҳои худро дошт, ки онҳоро дар шаклу қолабҳои мухталиф таблиғ мекард. Дар он замон ҳатто достонҳои “Шоҳнома”-ро ба идеологияи шӯравӣ мутобиқ карда филмбардорӣ карда буданд. Бидуни тардид ҳадафи шӯравӣ аз таҳияи филмҳо бар асоси "Шоҳнома" на таблиғи фарҳанги ориёӣ, на муаррифии таърихи қадими ориётаборон ва на тақвияти худшиносиву ҳуввияти миллати тоҷик буд. Суоле ба вуҷуд меояд, пас ҳадафи шӯравӣ аз таҳияи ин филмҳо чӣ буд? Бешубҳа давлати Шӯравӣ ин филмҳоро барои боло бурдани эҳсоси худшиносии тоҷикон таҳия накарда буд. Масалан, дар филми “Коваи оҳангар” низоми шӯравӣ ба таври бисёр ошкор ҳадафи худро намоиш медиҳад. Асли достон дар "Шоҳнома" талоши истиқлолхоҳии мардуми ориёӣ аст, вале дар филм аслан таваҷҷуҳи тамошобин ба муборизаи табақаи поини ҷомеа алайҳи табақаҳои дорову сарватманд ва мустабид ҷалб карда мешавад. Ҷомеа ва мардум бо роҳнамоии як нафар, яъне Кова боиси сарнагунии сохторе, мисли ҳукуматдории Заҳҳок мешавад. Аслан Заҳҳок ва морони ӯро Фирдавсӣ ба сифати рамз истифода кардааст, ки маънии истиқлолхоҳӣ аз арабҳоро дорад. “Морон”-е, ки мағзи ҷавонони моро мехӯранд. Ин морҳои идеологӣ ҳастанд, ки то ҳанӯз мағзи ҷавонони моро мехӯранд ва бо афкори хатарзо зеҳни миллатро заҳролуд мекунанд. Аммо Шӯравӣ бо таҳияи ин филм на истиқлолҷӯии мардуми ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон, балки муборизаи синфӣ ва ормонҳои идеологии худро таблиғ мекунад. Филмҳои дигар ҳам бо ҳамин манзур таҳия шудаанд. Ғояи миллии мо феълан бо он чизе, ки Фирдавсӣ хостааст, якест, вале Шӯравӣ манзури Фирдавсиро бо ҳадафҳои худ таҳриф кардааст.
Назрӣ Асадзода
Корманди собиқадори соҳаи маориф аст. Ӯ дар ин соҳа, аз омӯзгори оддӣ то мудири маорифи шаҳри Ҳисор кор кардааст. Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон аст. Ҳамеша бо андешаҳояш таваҷҷӯҳ ҷалб мекунад.
Замони ба ҳайси мудири маориф кор кардан дар ноҳияи Ҳисор пайкараи китоби панҷтонагии Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистонро сохт. Як соли ахир дар Академияи илмҳои ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ходими илмӣ кор мекунад.
Назрӣ Асадзода 45 сол дошта, зодаи ноҳияи Ҳисор аст.
Аслан бояд ба эътибор гирифт, ки худи "Шоҳнома” маҳз ба хотири эҷоди ғоя ва идеологияи миллӣ офарида шуда буд. Дақиқӣ ва Фирдавсӣ эҷоди “Шоҳнома” аз рӯйи ташаббуси худ шурӯъ накарданд. Ин на идеяи Дақиқӣ буд, на идеяи Фирдавсӣ. Ин идея аз дарбори Сомониён маншаъ мегирифт ва ба хотири ҷилавгирӣ аз нуфузи рӯзафзуни идеологияи араб ва умуман ҳифзи ҳувияти милливу ва тақвияти худшиносии мардуми тоҷик дастур дода шуда буд. Нуфузи рӯзафзуни идеологияи араб ва арабгароӣ буҳрони ҳувиятиро дар ҷомеаи он рӯза ба вуҷуд оварда буд. Аз ин дидгоҳ, дарбори Сомонӣ ба хотири раҳоӣ аз ин вазъ дастури эҷоди “Шоҳнома”-ро дод. Ин тасмим ба бархӯрди ҷиддии рӯҳониёни арабгаро рӯ ба рӯ шуда буд. Аз ин буд, ки ин қабил рӯҳониён монеъи ҷойгузин шудани ғояи миллӣ дар зеҳни омма мешуданд, чунонки монеъи вуруди турбати Фирдавсӣ ба қабристони умум шуданд. Ҳадафи давлатдории кунунии тоҷикон низ чун Сомониён ва Фирдавсӣ бедор кардани ҳувияту худшиносии миллӣ ҳаст.
"Шӯравӣ "Шоҳнома"-ро таҳриф кард"
Радиои Озодӣ: Яъне Шумо бар ин назаред, ки Шӯравӣ достонҳои “Шоҳнома”-ро таҳриф кард?
Назрӣ Асадзода: Бале, моҳиятан, таҳриф кард. Ҳадафро куллан дигар кард. Аммо новобаста ба ин арзиши таърихии филмҳои мазкурро бояд эътироф намуд. Ҷойгоҳи ин филмҳо дар кинои тоҷик хеле баланд аст, то ҳадде, ки ҳатто метавон гуфт, онҳо шоҳасарҳои синамои тоҷик дар замони шӯравианд. Намоиши ин филмҳоро ҳам аз тариқи ТВ-и тоҷик чунонки дар фазои маҷозӣ андешаҳои маро таҳриф кардаву ҳангомаҷӯӣ кардаанд, ман ҳаргиз мамнуъ надонистаам. Ин филмҳоро бо вуҷуди таноқузҳои зикршуда ва сатҳи наворбардориву сифати саҳнаороӣ, ки хусусияти замонӣ доранду ба рушди технологияи синамогарӣ ва фановарии замон марбутанд, ҳанӯз ҳам метавон мавриди корбурд қарор дод, хоса то мавриде, ки мо гузинаи беҳтар аз онро надорем. Бубинед, ки имрӯз аз тарафи шабакаҳои телевизионии Русия ҳам филмҳои замони Шӯравӣ хеле кам намоиш дода мешаванд. Чун тамоми филмҳои шӯравӣ, ки бар асоси ҳодиса ё асарҳои таърихӣ таълиф мешуданд, дар рӯҳияи муборизаи синфҳои поёнӣ бар зидди синфҳои болоии ҷомеа таълиф мешуданд. Ин хатти сурх ва меҳварии тамоми филмҳои шӯравӣ буд. Ҳатто дар филмҳои мазҳакавӣ ин ин маъниро метавон мушоҳида кард. Саҳнаҳои филми “Бандии Қафқоз”-ро пеши назар оред. Дар дохили ин комедияи маъруф ҳам ба таври бисёр нозук ва номаҳсус ҳамон мубориза бо унсурҳои номатлуби бозмондаи замони буржуазиро метавон дид. Нафаре, ки мехоҳад ба таври иҷборӣ қаҳрамони филмро ба ҳамсарӣ гирад, бо аъмоли худ баёнгари он аст, ки ин ӯ ҳарчанд, дар ҷомеаи сотсиалистӣ зиндагӣ мекунад, вале андешаҳои буржуазӣ дорад. Намоиш додани бархе филмҳои замони шӯравии "Тоҷикфилм" куллан бо мароми имрӯзи ҷомеаи мо созгор нест, ки онро дар мисоли филми “Ҷура шикорчӣ” гуфта будем. Баъзеҳо дар шарҳи навиштаи ман гуфтаанд, ки ин филм бар асоси асари адибест, ки намояндаи мардуми мо нест ва воқеаҳои он аз рӯзгори дигар халқу миллат аст. Бале, он филм бар асоси романи "Джура"-и нависандаи шӯравӣ Георгий Павлович Тушкан(1905-1965), ки соли 1940 нашр шудааст ва асари саргузаштиву тахайюлӣ мебошад, наворбардорӣ шудааст, аммо чун “Тоҷикфилм” онро таҳия кардааст ва воқеаҳо дар кӯҳистони Помир мегузаранд ва ҳамчунин дар робита ба он ки ТВ-и тоҷик онро даҳҳо маротиба лозиму нолозим ҳамчун моли худӣ намоиш медиҳад, аксари бинандаи тоҷик саргузашти қаҳрамонҳои он филмро ҳамчун гузаштаи худ мепазирад. Мо бо намоиши чунин филмҳо худро дар оинаи тамомнамои миллат ба дасти худ таҳқир мекунем. Ба ҳар сурат нишон додан ва фароҳам овардани фазои фикрӣ оид ба зиллати миллати худ дар ҳар шакл нохушоянд аст ва рӯҳияи миллиро заиф карда ифтихори миллии аҳли ҷомеаро коҳиш медиҳад.
Радиои Озодӣ: Бисёриҳо мегӯянд, вақте мо филмҳои замони шӯравиро намоиш намедиҳем, пас чӣ чизеро ба шакли филм бояд намоиш диҳем?
Назрӣ Асадзода: Ҳунарпешаҳои зирабти синамо шояд ин мавқеъгирии интиқодии моро бо ранҷиш қабул кунанд. Ин ҷо гуноҳи онҳо нест. Чун замони шӯравӣ офарандагони чунин филмҳо фармоиши давлати вақтро иҷро карда буданд. Шӯравӣ 26 соли пеш барҳам хӯрд. Ам мо новобаста ба ин мушаххас аст, ки меҳвари идеологияи миллиро дар ҷомеаи мо муқаддасот ва арзишҳову манофеи миллӣ ташкил медиҳанд. Ҳифзи муқаддасот ва арзишҳову манофеи миллӣ бояд мароми ҷомеаи мо бошад. Абзорҳои ҷомеасозӣ, аз ҷумла соҳаи синамо низ дар ҷомеаи мо аслан бояд ба хотири амалӣ кардани ин ҳадаф мавриди корбурд қарор дода шаванд. Феълан дар синамои ватании мо теъдоди филмҳое, ки ба ин талабот ҷавобгӯ бошанд, хеле кам аст, вале мутаассифона, филмҳое, ки мухолифи ин талабот мебошанд, зиёд аст. Ҳадафи аслӣ дар мақолаи интишорёфта таҳлили фаъолияти синамогарони тоҷик нест, чуноне, ки бисёриҳо ба ҳамин мазмун дар атрофи навиштаи мазкур баҳс кардаанд. Ҳарчанд на танҳо филмҳои замони шӯравии синамогарони тоҷик, балки филмҳои муосири онҳо низ аз дидгоҳи манофеи миллӣ хатти меҳварии ғайри қобили қабул ва таҳаммул доранд.
"Филмҳои муосир низ ҳадафҳои номуайяне доранд"
Радиои Озодӣ: Пас имрӯз ба андешаи шумо кадом андеша ё идеяро ба ҳайси идеяи миллӣ қабул кунем, ки атрофи он филм офарида шавад?
Назрӣ Асадзода: Ҳанӯз ба шакли комил дар аксар ҷомеаҳои пасошӯравӣ идеологияи миллӣ ҳамчун мактаби фикрӣ матраҳ нашудааст. Айни замон мо дар шароите қарор дорем, ки технологияи идеологияи миллиро бояд коркард кунем. Ҳоло дар шакли ниҳоӣ идеологияи миллӣ дар кишвари мо қолабрезӣ нашудааст, аммо аммо новобаста ба ин мушаххас аст, ки меҳвари идеологияи миллиро дар ҷомеаи мо муқаддасот ва арзишҳову манофеи миллӣ ташкил медиҳанд. Ҳифзи муқаддасот ва арзишҳову манофеи миллӣ бояд мароми ҷомеаи мо бошад. Абзорҳои ҷомеасозӣ, аз ҷумла соҳаи синамо низ дар ҷомеаи мо аслан бояд ба хотири амалӣ кардани ин ҳадаф мавриди корбурд қарор дода шаванд. Феълан дар синамои ватании мо теъдоди филмҳое, ки ба ин талабот ҷавобгӯ бошанд, хеле кам аст, вале мутаассифона, филмҳое, ки мухолифи ин талабот мебошанд, зиёд аст. Ҳадафи аслӣ дар мақолаи интишорёфта таҳлили фаъолияти синамогарони тоҷик нест, чуноне, ки бисёриҳо ба ҳамин мазмун дар атрофи навиштаи мазкур баҳс кардаанд. Ҳарчанд на танҳо филмҳои замони шӯравии синамогарони тоҷик, балки филмҳои муосири онҳо низ аз дидгоҳи манофеи миллӣ хатти меҳварии ғайри қобили қабул ва таҳаммул доранд. Масалан, муҳтавои филми “Афсонаи ишқ” куллан ба тарзи тафаккури хирадгароёнаи миллии мо ва ҳатто ғояҳои волои умумибашарӣ созгор нест. Дар ин филм ҷавони тоҷик ҷасади ҳамсари худро, ки дар рӯзи тӯи арӯсӣ ҳангоми гузаштан аз роҳи кӯҳистон бинобар сангрез фавтидааст, дар инзивои кӯҳистон бо гиёҳҳои мармуз аз нав "зинда" мекунад. Он арӯс баъд аз "зинда" шудан зуд бо ҷавони дигар рафтори ғайриахлоқӣ менамояд. Пас аз он бо он ҷавон фирор карда, шавҳари худро, ки умрашро барои ӯ фидо карда буд, танҳо мегузорад. Тамошои ин филм дар зеҳни бинандагон андешаи нодурустеро таҳрик медиҳад, ки гӯё занҳо як мавҷуди бевафо ва носипос мебошанд. Зан модар аст. Зан офарандаи зиндагист. Дар маҷмӯъ тавҳин кардани ҷинси зан амалест, ки аз диди ахлоқӣ ва меъёрҳои инсонӣ ғайри қобили қабул аст. Дигар ин ки миллати мо аз қадим миллате хирадгаро буд, аз ин рӯ бо тасвири саҳнаҳои "зинда" кардани шахси фавтида дуруст ва хушоянд нест, ки офарандагони чунин филмҳо ҷаҳонбиниву тафаккури миллати тамаддунофари моро хурофотиву ғайриратсионалӣ нишон диҳанд
"Бо андешаҳои Саймӯъмин Ятимов мувофиқам"
Радиои Озодӣ: Мақолае, ки боиси баҳс шуда буд, бо иқтибос аз Саймӯъмин Ятимов, раиси КДАМ навишта шудааст. Бисёриҳо дар баҳсҳо гуфтанд, ки ин мақола супоришӣ таълиф шудааст.
Назрӣ Асадзода: Андешаҳо дар бораи дарёфти роҳкорҳои илмии ҳувиятсозии миллӣ солҳо пеш зеҳни маро андармон карда буд ва феълан низ ин вазъи фикрӣ идома дорад. Ҳатто ҳамин изҳори назар, яъне асли ин мақола чанд соле пеш таҳия шуда буд. Аммо бо мутолиаи навиштаҳои донишманд Сайидмуъмин Ятимов дарёфтам, ки он кас муҳиммияти масъалаи мазкурро ба таври мукаммалу муназзам ва илман асоснок таъкид кардаанд. Чун андешаҳо умумият дошт, ҷо-ҷо барои тақвияти дидгоҳи худ аз навиштаҳои С.Ятимов, ки маро таҳти таъсир қарор дода буданд, иқтибос овардам.Ин андеша, ки касе фармоиш дода бошад, куллан асос надорад. Аз нафароне, ки чунин мавқеъгирӣ мекунанд, хоҳиш мекунам, мунсифона ва асоснок қазоват кунанд. Он чи ки Сайидмуъмин Ятимов доир ба идеологияи миллӣ таъкид мекунанд, бисёр бамаврид аст. Дар мақола он чӣ дар бораи синамо гуфтаем, талоше барои ислоҳ аст. Таҳияи филмҳо барои ислоҳи вазъ бисёр муҳим ҳастанд. Агар дар филмсозӣ мо таъхир кардем, дар тағйири вазъи фикрӣ таъхир мекунем.
Радиои Озодӣ: Бархе коргардонҳо дар самти офаридани филмҳои миллӣ бо шумо ҳамназаранд, вале мегӯянд, ҳоло имкони молӣ вуҷуд надорад, то онро амалӣ кунанд.
Назрӣ Асадзода: Бубинед, ки дар хориҷа аз соҳаи кино миллионҳо даромад мегиранд, вале бархе филмсозони мо онро дар миёни мактаббачагон бо усули иҷборӣ намоиш медиҳанд, то маблағ ба даст оранд. Дар масъалаи молӣ бо онҳо мувофиқам. Аммо филмсозӣ ба ҷуз санъат, саноат ҳам ҳаст, ки дар замони муосир метавонад худкифоя бошад. Шояд мо умумӣ ба кори филмсозон баҳо медиҳем ва шароити имрӯзи онҳоро дуруст дарк намекунем. Аз тарафи дигар, фикр мекунам, ки муассисаҳои филмсозӣ бояд барои худкифоя будани худ талош кунанд. Шояд дар қадамҳои аввал ба кӯмаки сарпарастон зарурат бошад, аммо зарур аст, ки баъдан ба тадриҷ ба фаъолияти худкифоя гузаранд. Ин андешаро шояд сатҳӣ пиндоранд, вале дар шароите, ки ҳазорон сокини Тоҷикистон ҳамарӯза филмҳои хориҷиро барои тамошо харидорӣ мекунанд, фикр мекунам, ки имкони худкифоя шудани ин соҳа вуҷуд дорад. Танҳо ин филмҳо аз мавқеи миллӣ бояд таҳия шаванд.