Як шаҳрванди Тоҷикистон бо далелҳои номаълум се моҳ қабл ҳангоми убури марзи Урдун боздошт шудааст. Пайвандони Дилшод Иброҳимови 44- сола мегӯяд, ӯро замоне боздошт кардаанд, ки ӯ дар даст чиптаи парвоз ба Русияро дошт.
Фирӯза Иброҳимова, ҳамсари Дилшод Иброҳимов, 25-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шавҳараш ба тиҷорати атриёт машғул буд. Ба нақли Фирӯза, шавҳари ӯ аз Қоҳира ба Русия атриёт мебурд ва дар Маскав савдо мекард. “Бинобар масдуд шудани парвозҳои мустақим аз Миср ба Русия, шавҳарам маъмулан тариқи транзит парвоз мекард.7-уми апрел шавҳарам бо ман тамос гирифт ва гуфт ки ҳоло дар фурудгоҳи Қоҳира аст ва савори таёра мешавад. Аммо вақте, ки ба Урдун расид бо ҳамин тамосаш бо мо қатъ шуд. Ман дигар нафаҳмидам, ки барои чӣ ӯро боздошт карданд.”- афзуд хонум Фирӯза.
Ба гуфтаи мусоҳиби мо, бо гузашти ду моҳ шавҳараш тариқи Кумитаи байналмилаии Ҳилоли Аҳмар ва Салиби Сурх барояш паём фиристода хабар додааст, ки дар идораи кашфи Урдун нигаҳдорӣ мешавад ва шояд ба зудӣ раҳояш кунанд.
Фирӯза ба шавҳараш аз тариқи Кумитаи байналмилаии Ҳилоли Аҳмар ва Салиби Сурх нома фиристод, аммо ҳафтае пеш ин мактуб ба далели иваз шудани маҳалли нигаҳдории Дилшод Иброҳимов бозпас гаштааст. “Намояндагони ин кумита гуфтанд, ки шавҳарамро ба дигар ҷо гузаронданд ва онҳо ҳаққи ворид шудан ба онҷоро надоранд.” -гуфт Фирӯза Иброҳимова
Боздошти Дилшод Иброҳимов дар марзи Урдун дар ҳолест, ки қаблан хабарҳо дар мавриди боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Миср бо гумони ҳамдастӣ бо гурӯҳҳои тундрав, аз ҷумла “Давлати исломӣ” ба нашр мерасид. Расонаҳои мисрӣ дар бораи боздошти 4 нафар тоҷикистонӣ навишта буданд, ки “бо баҳонаи саёҳат, вале дар асл бо ҳадафи ҷалби ҷавонон ба гурӯҳи “Давлати исломӣ”ба Қоҳира омадаанд.”
Тибқи омори расмӣ, феълан беш аз 1000 сокини кишвар ба сафи гурӯҳи "Давлати исломӣ" шомил шуда ва дар муҳорибаҳои Сурия ва Ироқ ширкат доранд. Дар маҷмӯъ 146 хонавода аз Тоҷикистон ба Сурия ва Ироқ кӯч баста ва 21 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ба сафи ин гурӯҳ пайвастаанд.
Аммо худи ҷангиёни тоҷик борҳо дар наворҳое, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст, сафи худро бештар аз омори мақомот дониста гуфтаанд, ки "кор"-и онҳо бо Ироқу Сурия тамом намешавад. Бо таваҷҷӯҳ ба шумораи афзояндаи ҷангиёни тоҷик дар ин кишварҳо ду соли пеш ба 2014 ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон банди махсусе ворид карда шуд, ки ҳамчунон барои ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ аз 12 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Дар ҳамин ҳол, Фируза Иброҳимова, фарзияҳо дар мавриди эҳтимоли узвияти шавҳараш дар ягон гурӯҳи тундравро рад мекунад. Ӯ мегӯяд, шавҳараш 4 сол инҷониб ба тиҷорати атриёт машғул буд ва ҳатто сандаи расмиро аз сафорат дар даст дошт, ки тоҷир буданашро исбот мекард.
Фирӯза Иброҳимова барои расидагӣ ба ин қазия ба сафорати Тоҷикистон дар Миср ариза пешниҳод кардааст. Вале дар он ҷо ба ӯ гуфтанд, бинобар мавҷуд набудани сафорати Тоҷикистон дар Урдун муайян кардани сабабҳои боздошт ва маҳалли нигаҳдории Дилшод Иброҳимов то ним сол тӯл хоҳад кашид. Беҳруз Раҳимов, як масъули сафорати Тоҷикистон дар Миср дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо қазияи боздошти ин шаҳрванди Тоҷикистонро таҳқиқ доранд ва ба унвонии Вазорати умури хориҷии шоҳигарии Урдун нома задаанд, вале то ҳанӯз посухе дарёфт накардаанд.
Беҳруз Раҳимов гуфт, онҳо фарзияҳо дар мавриди узви кадом як гуруҳи тундрав ва ифротӣ будани Дилшод Иброҳимовро тасдиқ ё рад кардан наметавонанд.
Фирӯза Иброҳимова баъд аз боздошти шавҳараш бо шаш фарзанди ноболиғ дар шаҳри Қоҳира бесаробон мондааст. Зиндагии хонавода 2 моҳ боз бо кӯмаки ҳамсояҳо пеш меравад. Вале Фирӯзаро, ба гуфтаи худаш, бештар аз ҳама номуайянӣ парешон кардааст, ки маълум нест то кай идома хоҳад кард.