Намунаҳои ҳунарҳо, мусиқӣ ва суруду рақсҳои халқӣ дар китобе таҳти унвони “Дурдонаҳои халқ” ва сурудҳои занон дар китобе бо номи “Сурудҳои анънавии занони тоҷик” гирд оварда шудааст. Ин китобу дискҳои видеоӣ бо теъдоди 100 нусха аз сӯи нашрииёти “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд ва маркази мазкур ранга табъ шудааст.
Наим Ҳакимов, муаллифи китоби “Сурудҳои анъанавии занони тоҷик” дар суҳбат бо Радиои Озодӣ дар бораи таълифи он чунин гуфт: “Гурӯҳи эҷодии мо ба тамоми гӯшаву канорҳои Тоҷикистон, аз Суғд то Бадахшон, аз Хатлон то Ҳисору Рашт 4 моҳ сафар карда, 20 намунаи суруди “Алла”-ро ба навор гирифт. Бахши дуюм - “сурудҳои анъанавии
занон” 20 суруду ашӯлае, ки бонувон ҳангоми ҷашну маросимҳои оилавию арӯсӣ, мотам, кор: либосдӯзиву қолинбофӣ мехонанд, мухаммасхонӣ, саломномахонӣ, фалаксароӣ ва ғайраро дарбар мегирад. Аслан ин барномаи мо “Занони тоҷик чӣ мехонанд ?” ном дошт, баъд китобро ба номи ҳозирааш чоп кардем.”
Ҷаноби Ҳакимов афзуд, ин китобу дискҳо ба хотири ҳифзи сурудҳои халқии занони тоҷик ба нашр расонида шудааст. Сурудҳо аз забони занон, умдатан куҳансолон, ки сурудҳои халқиро ҳанӯзам дар ёд доранду месароянд, сабт шудааст. Созҳои халқиро низ ҳунарварони халқӣ навохтаанд.
Зимнан, маркази мазкур чанд сол қабл озмуни вилоятии аллахонӣ бо иштроки 300 зани аллахон баргузор намуда, 12 намунаҳои суруди “Алла” – ро бо диск ва нотаи онҳо ба нашр расонида буд. Ин навбат дар “Дурдонаҳои халқ” нақшҳои тоҷикӣ ба нота дароварда шудааст:
Ҷаноби Ҳакимов мегӯяд, “нақшҳое, ки имрӯз муйсафеду ҷавонони Масчову Исфараву Истаравшан ва Бобоҷон Ғафуров дар тӯйу сурҳо мехонанд, ин сурудҳои нодиртарини халқи тоҷик аст. Мутаассифона, имрӯз чандон ба ҳифзи он эътибори хосе намедиҳем. Вале ҳанӯзам, ки дер нашуда, мо метавонем, нақшхониро ҳамчун мероси фарҳангии ҷаҳони тоҷикон ба ҷаҳониён шиносонем.”
Ба гуфтаи профессор Ҳакимов, суруду тарона ва ашӯлаҳои бонувони тоҷик дар ҳар маҳали Тоҷикистон рангу бӯи хосе доранд ва дар ёду хотир ва дилу забони мардум, хусусан занони солхҳрда зинда аст, вале дар саҳнаи касбӣ, ки аз сӯи давлат маблағгузорӣ мешавад, хеле кам иҷро мешаванд.
“Байни халқи тоҷик анъанаҳои ҳаст, ки хабар ҳам надоштем. Масалан як бонуи солхӯрда дар ноҳияи Ғончӣ, ки афсонаҳоро бо шеър нақл мекунанд. Ё наътхонии занон баъд аз марги инсон, ки дар бархе маҳалҳо дар рӯзҳои мо ҳам зинда аст. Ё санъати “Тановор ”, ки бонувон бо рақс ашӯла мехонанд. Мо маҳраме надоштем, ки ин ҳамаро ба навор бигирад. Дар Панҷакент ансамбли бонувони “Кадбону” ҳаст, ки сурудҳои суннатии халқиро бо анъанаҳои хосе иҷро мекунанд. Дар Бадахшон анъанаи мадҳияхонӣ ҳаст, ки шеърҳои шоирони классики тоҷик, масалан Носири Хисравро дар бораи мақоми инсон ва муносибати вай бо ҳастӣ мехонанд. Ман мушоҳида кардам, дар Вахон як бону 150 силсилаи мадҳия медонистааст, ки аз соати 12-и
нимрӯз то 6 - и саҳари рӯзи дигар мехонд. Вай гуфт, ки ин танҳо яке аз 150 достони медонистагии вай аст. Дар замони шӯравӣ сароидани ин гуна сурудҳои диниву фалсафӣ тарғиб намешуд, балки бо роҳу васила манъ мекарданд, вале ростӣ, намедонистем, ки имрӯз низ чунин беҳтарин анъанаву суннатҳои овозхонӣ зиндаву чунин сарояндаҳои халқӣ дар Тоҷикистон ҳастанд.”
Наим Ҳакимов, Ҳабиба Ҷалилова ва Норӣ Ҳакимова ҳаммуаллифи китоби “Дурдонаҳои халқ” ҳастанд. Чопи он ва “Сурудҳои анъанавии занони тоҷик”-ро ҳукумати Хуҷанд маблағгузорӣ кардааст. Ба гуфтаи муаллифон, нашри китобҳо бидуни дискҳо тарҳрезӣ шуда буд, вале дар ҷараёни таҳия ба хотири муаррифии ҳунарҳо дискҳои сабти видеоиро замима кардаанд. Нашри аввали ин китобҳо дар фурӯши озод гузошта нашуда, ба китобхонаҳои кишвар паҳн карда хоҳанд шуд.