Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоҷеае, ки Маъруфро аз як дасту чашм маҳрум кард (ВИДЕО)


Зиндагии Маъруфро, ки орзуҳои зиёд дорад ва мехоҳад, баъди мактаб ба донишгоҳ равад, таркиши снаряде комилан тағйир дод. Ҳодиса рӯзи 15 августи имсол дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Шамсиддин Шоҳин рух дод ва ин ҷавонро аз як чашм ва як даст маҳрум кард.

Маъруф мегӯяд, ки “мо говчаронӣ рафтем, ман говҳоро гардонданӣ рафтам, ки дар назди симчӯбе снаряд партофтагӣ буд. Онро гирифта ба пеши ҳамроҳонам омада гуфтам, ки ин тир аст. Гуфтанд, ки ин тирро парто. Вале нохост аз дасти ман афтод ва таркид...”

Фоҷеа дар канори деҳа, ҷойи подабонии мардум рух дод ва ҳамроҳ бо Маъруф, писари амакаш Сафармад ва Сарахони ҳамсоя низ буданд. Сафармад нақл мекунад, ки дар ҷои ҳодиса ҳамроҳ бо Сарахон менишаст ва Маъруфҷон ҳам дар атрофи онҳо мегашт. "Мо дароз кашида будем. Ӯ инҷо буд, ман як метр дуртар. Як садои баланди таркиш шуд, ҳушам рафт. Баъд хестам, ки раҳматии Сарахон ба телефон гап мезанад ва мегӯяд, ки акаи Раҳим биё, моро шифохона бар."

Дар шифохона пойи маҷрӯҳи Сафармадро табобат карданд, вале Сарахони 28-сола ва падари ду фарзандро наҷот дода натавонистанд. Ӯ се ҳафта баъд аз зодрӯзаш фавтид ва ӯро бо либосҳояшро гӯронданд.

Фоҷеае, ки Маъруфро аз як дасту чашм маҳрум кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:28 0:00

Гӯлулаи нотаркидае, ки Маъруф пайдо кард, ғолибан аз нерӯҳои Русия мондаааст, ки дар размоишгоҳи Мумирак машқ мекарданду тиру гулӯлаҳояшон то ба деҳаҳои наздик мерасид.

Назригул Насриддинова, як зани сокини деҳаи Зулмобод дар мавриди тамринҳои нерӯҳои Русия дар гузашта дар ин минтақа мегӯяд, "ҳамин одамоне, ки ҳамонҷо нахуд мекоштанд, дарав мекарданд, мегуфтанд, ки тирҳо шуввас аз болои сарамон мегузаранд, Худо ба ростӣ чизе рух надода буд, вале тирандозӣ бисёр сахт буд. Вале то ҳол ягон одам аз ин тирҳо зарар надида буд."

Маъруф аз аввалин сокинони деҳаи Зулмобод аст, ки дар натиҷаи таркиши гӯлулаҳои боқимонда аз нерӯҳои пойгоҳи 201-уми Русия маъюб мешавад. Дар рустоҳои ҳамсоя чандин нафар дар гузашта ҳалок шудаанд ва ё осеб дидаанду мисли Маъруф дарду ранҷ мекашанд.

Гулбаҳор Исоева, модари Маъруф мегӯяд, ки фарзандаш 28 рӯз дар бемористони бистарӣ буд ва ҳоло ҳам як ё ду рӯз баъд ӯро барои муоина ба назди табибон мебаранд. Ба гуфтаи ӯ, то ҳоло пораҳои снарядро аз баданаш мегиранд.

Нерӯҳои Русия размоишгоҳи Мумиракро соли гузашта тарк карданд ва ба Лоҳур наздикии Душанбе рафтанд, аммо гулулаҳои маргборе мерос монданд, ки мунтазири наврасони кунҷкове мисли Маъруф ҳастанд.

XS
SM
MD
LG