Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таксиронии Сайсорои 63-сола. ВИДЕО


Сайсоро Қодирова
Сайсоро Қодирова

Сайсоро Қодирова, сокини 63-солаи минтақаи Кӯлоб, аз ҷумлаи камшумор занонест, ки таксиронӣ мекунад ва агар рӯзе ба кор набаромад, шариконаш “парешон” мешаванд. Ин зан, ки бо табиати шӯх ва ҳарфҳои зариф миёни ҳамкоронаш шӯҳрат дорад, дар хатти сайри Восеъ – Темурмалик мусофиркашонӣ мекунад.

То даме қувват дорам, ин касбро тарк карданӣ нестам. Ҳоло рӯзе то се-чаҳор бор одамонро ба ноҳияи Темурмалик бурда меорам. Дар 26 соли кориам чаҳор мошинро иваз кардам

Касоне, ки бори аввал Сайсоро Қодироваро мебинанд, гумон мекунанд, аз мусофирони яке аз ин хатсайрҳост. Замоне ки мефаҳманд, ронандаи таксист ва мисли дигарон дар ҷустуҷӯи муштарӣ ҳаст, ҳайрон мешаванд. Дар ҷомеаи Тоҷикистон кам иттифоқ меафтад, ки модаре бо ин син кор кунад ва пайи касби маош бошад.

Сабоҳати 78-сола пас аз 40 сол табибӣ ронандаи таксӣ шуд

26 сол аст, ки кори Сайсоро Қодирова мусофиркашонист. Сайсоро Қодирова рӯзи 28-уми сентябр гуфт, то соли 1991 зиндагии бонизом дошт, аммо пошхӯрии Шӯравӣ ва оғози даргириҳои дохилӣ барояш ҳодисаи нохушоянд ва такондиҳанда шуд. "Ин ҳодиса ормонҳои зиёдеро аз ман гирифт ва як марҳилаи дигар дар зиндагиро оғоз бахшид", - нақл кард ӯ.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Таксиронии Сайсорои 63-сола ва мухолифати шадиди фарзандонаш
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:49 0:00

Сайсоро Қодирова мегӯяд, шаш фарзандашро бо пули таксиронӣ хононд, хонадор кард ва ҳоло ҳар яке соҳиби кору маошанд. Феълан Сайсоро бо фарзандонаш дар “рақобат”-и шадид қарор дорад. Фарзандон дигар намехоҳанд, ки модарашон кор кунад. Аммо Сайсороро аз иродааш гардондан ҳам кори саҳле нест.

"То даме қувват дорам, ин касбро тарк карданӣ нестам. Ҳоло рӯзе то се-чаҳор бор одамонро ба ноҳияи Темурмалик бурда меорам. Дар 26 соли кориам чаҳор мошинро иваз кардам”,- мегӯяд Сайсоро Қодирова.

Сайсоро якчанд сол пеш сактаи мағзӣ шуд. Ҷарроҳияш карданд. Осори ин беморӣ ҳанӯз ҳам дар чеҳрааш пайдост. Бо вуҷуди таъкиди табибу фарзандон, баъди чанд вақт, чун эҳсоси сиҳҳатӣ кард, боз паси чанбараки мошин нишаст. Келинаш Парвина Шарифова тарафдори он аст, ки хушдоманаш дигар ба кор набарояд, аммо боз чун ҷасорат ва кӯшиши Сайсороро мебинад, мегӯяд, ҷуръаташро қобили таҳсин меҳисобад.

​Ӯ гуфт, “чанд бор гуфтем, ки холаҷон, синнатон ба ҷое расидааст, биёед, истироҳат кунед. Аммо касбашро, ки дӯст медорад, намехоҳад онро тарк кунад. Мо худамон бештар аҳамият медиҳем, рӯзе дар хона монад, чизеро дар назараш гум кардааст ё бемор мешавад.”

Ин зан, ки маънии зиндагии худро дар кор мебинад, пайваста ба хонаводааш таъкид мекунад, ки то тавонаш ҳаст, ба таксиронӣ машғул хоҳад шуд. Фарзандон ногузиранд мавқеи ӯро бипазиранд. Аз як тараф дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон дар муқобили ҳарфи калонсолон истодагарӣ кардан роиҷ нест ва аз тарафи дигар Сайсоро аз занҳое нест, ки битавон гапи ӯро рад кард ва ҳарфашро "на" гуфт.

Биноан, хонаводааш ҳар субҳ ҷуз ин илоҷ надоранд, ки дарвозаро барои мошинаш боз кунанду ба ӯ барори кор хоҳанд.

XS
SM
MD
LG