Абдурашид Каримови 105-сола ва иштирокдори Ҷанги дувуми ҷаҳониро мардуми ҷамоати Шоҳамбарии Ҳисор бо эҳтиром “раисбобо” ном мебаранд. Вай замоне ба дунё омадааст, ки ҳанӯз Аморати Бухоро пойбарҷо буд.
Абдурашид Каримов рӯзи 9 май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар 29-солагиаш Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ шурӯъ шуд ва ӯ дар қатори ҳазорон нафари дигар дар ҳайати артиши Шӯравӣ то Чехославакияи собиқу Олмон рафтааст.
“Соли 1942 ба ҳайси муаллим кор мекардам. Моро аввал ба Самарқанду Бухоро бурда, таълими ҳарбӣ доданд ва сипас ба муҳорибаи Сталинград гусел карданд. Пас аз озодии Сталингард (моҳи феврали соли 1943, Волгогради имрӯза) мо ба самти Ростови лаби Дон ҳаракат кардем. Аммо дар як амалиёт аз зарбаи пораи норинҷак пушти сарам сӯрох шуд ва дар шаҳри Горкий маро ҷарроҳӣ карданд”, - нақл кард ӯ.
Ин сокини ҷамоати Шоҳамбарӣ мегӯяд, ки баъди се моҳи табобат ӯро дубора ба қисми ҳарбии пиёданизоми Ивановск фиристоданд ва онҳо дар озод кардани чанд шаҳри Украина саҳм гирифтанд. Ӯ гуфт, “полки мо дар озод кардани шаҳри Киев саҳм гирифтааст. Дар ҳамин ҷо ман аз дастам тир хӯрдам ва маро ба шаҳри Житомир бурданд. Баъд аз дуним моҳи табобат боз ба фронт баргаштам.”
Абдурашид Каримов мегӯяд, ӯ баъдан дар муҳорабаҳои Лаҳистону Олмон ҳам иштирок карда, ба қавли худаш то 8 марти соли 1945 дар майдони ҷанг будааст. “Баъд аз хатми ҷанг мо панҷ моҳ дар як ҷангали Чехословакия мондем ва баъди он ба шаҳри Минск омадем. Аз онҷо моро ҷавоб доданд ва 19 ноябри соли 1945 ба назди пайвандонам баргаштам”, - хулоса кард ӯ.
Ба гуфтаи Каримов, баъди як соли бозгашташ аз ҷанг падараш – раиси хоҷагии Шоҳамбарӣ даргузашт ва ӯро ба ҷойи падар таъин намуданд. Ин хоҷагиро ӯ муддати се даҳсолаи дигар раҳбарӣ кардааст. Ҷамоати Шоҳамбарӣ дар гузашта як хоҷагии тобеи ноҳияи Ҳисор буд ва ҳоло дар ҳайати ноҳияи Рӯдакӣ аст. Суҳбати мо бо Абдурашид Каримов дар манзили ӯ дар ин маҳалла сурат гирифт.
“Раисбобо” мегӯяд, бо вуҷуди беш аз як аср умр диданаш ҳанӯз солиму бардам аст, хотираи қавӣ дорад ва озодона роҳ меравад. “Барои адои намоз ҳам талош мекунам, ки бо пойи худ ба масҷид равам”, - гуфт ӯ. Абдурашид Каримов худро як инсони хуштолеъ меҳисобад, чунки дар ин син ва бо он саргузаштҳое, ки доштааст, имрӯз бардам қадам мемонад ва нози пиронаи ӯро ҳамаи нӯҳ фарзандаш мебардоранд.
Дуо мекунад, ки Турсунмуроди 69-солаву Қурбонмуроду Давлатмурод ва Мукарраму Мусалламу фарзандони дигари аз 60-сола болояш мисли ӯ умри дарозу бобаракат дошта бошанд.
Абдурашид Каримов гуфт, ки дар тӯли ин қадар умр танҳо чашмонаш хира шудаанд: “Ҳанӯз дар ҷавониам ба ғизо аҳамият медодам ва ҳар чизе, ки рӯи дар дастархон гузошта мешуд, намехӯрдам. Хомшӯрборо дӯст медорам, чун ғизои зудҳазм аст ва ба меъда мушкил намеорад. Лекин дар соли 2006 ба ин тараф ба бемории дил мубтало шудам ва ранҷ мекашам.”
Абдурашид Каримов мегӯяд, агар замони Шӯравӣ ӯро бо роҳхати давлатӣ ба осоишгоҳҳои Қафқоз барои табобат мефиристоданд, ҳоло бо истифода аз оби маъдани чашмаи Шоҳамбарӣ талош мекунад, ба кори хуби меъдааш кумак кунад.
Аз Тоҷикистон дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ 270 000 ё тақрибан панҷяки аҳолии вақти ҷумҳурӣ ширкат карда, тақрибан 90 ҳазори онҳо дар муҳорибаҳо кушта шуданд. 54 зодаи Тоҷикистон дар ин набардҳо ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ даст ёфтанд. Бино ба маълумоти Шӯрои ветеранҳои ҷангу меҳнати Тоҷикистон, феълан дар кишвар 448 собиқадори Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ боқӣ мондаанд.