Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвози номаҳдуди Аюб Одинаев. ВИДЕО


Аюб Одинаев аз камтарин маълулони тоҷик аст, ки дар рӯи аробачаи маъюбӣ ҳунарнамоӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, маъюбӣ хосту парвозҳои дили ӯро маҳдуд намекунад.

Аюб ва Фирӯза барои тамрини ниҳоии худ омодагӣ мебинанд. Дар пеш онҳоро чорибинии муҳиме интизор аст. Ба ин хотир онҳо хурдтарин ҳаракатҳоро низ аз худ мекунанд, то иштибоҳе накунанд. Ду рӯз баъд онҳо дар консерти хайриявие бояд бирақсанд. Рақси ин ду нафар маъмулӣ нест, зеро яке аз рақсандаҳо маълул аст ва наметавонад роҳ бигардад.

Аюб Одинаев, ки маълул аст, мегӯяд, "мехоҳем рӯҳияи нафарони маъюбро боло барем. Яъне гуфтан хостем, ки мо метавонем, ки дар ҳамаи соҳаҳо, варзиш, театр ва дигар соҳаҳо худро бисанҷем ва ҳунари худро намоиш диҳем."

Фирӯзаи Абдувалӣ 24-сол дорад ва ҳамсоли Аюб аст. Ӯ мегӯяд, тӯли фаъолияташ ба ҳайси муаллими рақс, ба афроди зиёде нозукиҳои ин касбро омӯхтааст, аммо бо ашхоси имконияташон маҳдуд барои бори нахуст машқ мегузорад ва ҳамроҳаш рақс мекунад.

Фирӯза нақл мекунад, ки вақте нахустин маротиба бо Аюб вохӯрд, дарк кард, ки ӯ нафари фавқулодда аст. Ба гуфтаи Фирӯза, давоми сӯҳбат вақте Аюб фаҳмид, ки вай устоди рақс аст, пешниҳод намуд, ки ҳамроҳ машқи рақс кунанд.

Барои интихоби суруд ва ҳаракатҳо ба ин рақси ғайриоддӣ, Хуршед Мустафоев -- ҳунарманди тоҷик кӯмак кардааст. Ӯ мегӯяд, ки бояд онҳо сурудеро интихоб мекарданд, ки ҳарду қаҳрамон тавонанд дар он иштирок ва ҳунарнамоӣ кунанд.

Хуршед Мустафоев мегӯяд, ки "аслан рӯзи аввал хеле азоб кашидем. Ҳамеша фикр мекардам, ки чӣ кор кунем, ки дили бача шикаста нашавад, яъне мо коре кунем, ки аз ӯҳдааш бароем ва он ҳаракатҳоеро, ки ин ҷавонро пушти парда нагузорад, пайдо кардем."

Парвози Аюб ва рақси бидуни маҳдудият
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:00 0:00

Аюб Одинаев зиндагии солим ва муқаррарӣ дорад. Ӯ дар як ташкилоти хайриявӣ ба ҳайси ихтиёрӣ фаъолият мекунад ва дар аксари маҳфилҳои ин ташкилот акс мегирад. Ба гуфтаи ӯ, маълулӣ охири ҳаёт нест ва барои пеш рафтан дар ҳаёт одам бояд талош кунад.

Аюб Одинаев мегӯяд, "нафарони зиёдеро медонам, ки бо сабаби маълулӣ ҳатто ба берун намебароянд. Дар хона машғули тамошои телевизион ҳастанд. Ба онҳо гуфтанӣ ҳастам, ки ба кӯча бароянд, талош кунанд. Ҳамеша нафароне пайдо мешаванд, ки ба онҳо кӯмак мекунанд."

Дар консерти хайриявие, ки Аюб ва Фирӯза мерақсанд, ситораҳои эстрадаи тоҷик ҳам ҳунарнамоӣ карданд. Аммо намоиши рақс бо аробачаи маъюбӣ бештар аз ҳама диққати тамошобинонро ҷалб набуда, хеле хуб истиқбол шуд. Ва ҳамин тавр Аюб, ки аз пойи равон маҳрум аст, бо рақси худ дар ҷарроҳии пойи як ҳамтакдири хеш саҳм гузошт. Маблағи аз ин барнома ба даст омада, барои ҷарроҳии пойи навраси маълуле истифода хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG