Эҳсонҷон Тоҳиров, сокини 42-солаи шаҳри Хуҷанд, рӯзи 17 феврали имсол ба таври фавқулода аз чанголи тарма ҷон ба саломат бурда, феълан дар идомаи кору барномаи сафар ба шаҳри Дубай аст. Ӯ рӯзи 22 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар лаҳзаҳое, ки дучори фоҷиа шуд, дигар ба наҷоташ аз чанголи марг бовар надошт, вале то лаҳзаи охирин барои зинда мондан талош кард. Дар сӯҳбат аз Эҳсонҷон Тоҳиров хостем, ки нахуст дар бораи худи ҳодиса нақл кунад.
Вақте дар торикӣ дар роҳи пур аз тарма ба даруни ҳавзи оби сард афтодем, бо вуҷуди дасту по задан, лаҳза ба лаҳза баданамон карахт мешуд ва маҷоли фарёд задан ҳам надоштем. Ҳарду ларзон ба якдигар нигоҳ мекардем ва фикр мекардем, ки тамом, дигар шонсе барои зинда мондан намондаст...
Эҳсонҷон Тоҳиров: "Рӯзи 17 феврал ҳамроҳи дӯстам озими шаҳри Душанбе шуда, мехостем ба Дубай парвоз кунем. Ман дар як созмони байналмилалии тиҷоратӣ кор мекунам ва қарор буд, дар Дубай бо шариконамон мулоқот кунем. Мо савори мошин аз нақби “Истиқлол” гузаштем, аммо дар минтақаи Майхура маъмурони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳушдор доданд, ки дар пеш тармафароӣ аст. Вале мо бояд ба Душанбе мерасидем, зеро бегоҳи ҳамон рӯз замони парвоз ба Дубай буд."
Радиои Озодӣ: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода қаблан ҳам ҳушдор дода буд, ки хатари тармафароӣ вуҷуд дорад. Чаро бо вуҷуди чунин огаҳӣ шумо ба роҳи худ идома додед?
Эҳсонҷон Тоҳиров: "Мо мехостем бо ҳавопаймо аз Хуҷанд парвоз кунем, аммо билети парвоз набуд. Ронандаҳои таксӣ ваъда доданд, ки роҳ хуб аст ва моро то ба Душанбе мерасонанд. Вале дар минтақаи Ҳушёрӣ дигар имкони ҳаракат ба самти пойтахт набуд. Мо субҳи барвақти 18 феврал бояд ба Дубай парвоз мекардем ва ба ин далел тасмим гирифтем аз маҳалли тармафароӣ пиёда гузарем. Аз мошин берун шуда, пиёда болои кӯҳе баромадем, то ки баъдан аз он поён шуда ба роҳ идома диҳем. Аммо дар пайи баста шудани маҷрои дарёи Варзоб онҷо кӯле пайдо шуда буд ва мо дар торикӣ ба дохили об афтодем. Тақрибан ним соат дохили оби сард будем ва эҳсос мекардам, ки дасту почаам алакай аз кор мемонанд. Хостам худро берун кашам, вале нерӯи ман кам мешуд. Он вақт ба дӯстам гуфтам, ки агар бо кумаки ҳамдигар берун нашавем, якҷоя мемирем. Мо якҷоя талош кардем, вале бефоида буд. Чуқурии оби кӯл то 2 метр буд. Баробари афтодан ба об тамоми либоси танамон тар шуд ва ҳамин вазни либоси тар ҳам моро ба дохили об зер мекард. Талош мекардем, ки ба соҳил наздик шуда, ҷоеро дошта берун шавем, вале азбаски ҳама ҷо барфу ях буд, аслан имкони қапидани чизе набуд. Меғеҷидему дубора ба об меафтодем. Воқеан ҳам умедамон барои зинда мондан то рафт кам мешуд. Вақте ба об афтодем, дар он торикӣ ва ҳам шароити хеле даҳшатнок дар ҳолати шок будем, баъд вақте зуд дарк кардем, ки ба чӣ ҳол гирифтор шудем, ҳамаҷониба талош кардем аз дохили об берун шавем. Воқеан ҳам лаҳзаҳои хеле пурдаҳшат буд. Дар атроф торик, пурбарф, сард, ҳеҷ ҷонзоде набуд. Ҳамин лаҳза аз дурӣ чароғи мошине пайдо шуд. Мо хушҳол шуда, доду фарёд задем, ки моро наҷот диҳед. Як мошини барфтозакуние омад ва моро бо бели худ берун кашид."
Радиои Озодӣ: Ин мошини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода буд?
Эҳсонҷон Тоҳиров: "Не, ин мошини барфтозакунии ширкати IRS буд ва ду нафаре бо номи акаи Тӯйғун ва акаи Насрулло ба наҷоти мо шитофтанд. Моро бо бели булдозери худ аз дохили об берун оварданд ва зуд ба маҳси бадани мо машғул шуданд, зеро аз сардии об бархе аз узвҳои бадани мо осеб дида буданд. Сипас онҳо ба маъмурони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода занг зада, хабар доданд, ки ду нафарро аз дохили оби сард наҷот доданд. Вақте мошини КҲФ ба ҷои ҳодиса расид, моро дохили мошини онҳо ҷой доданд. Тӯли тақрибан чаҳор рӯз мо дар пойгоҳи КҲФ қарор доштем. Фикр мекунам, наҷоти мо хости Парвардигор буд, вагарна дар он торикӣ ва маҳалли тармазада аз куҷо кормандони ширкати IRS пайдо мешуданд? Ҳамчунин, ба мутахассисони КҲФ низ изҳори сипос мекунем, ки ба мо ёрии аввалияи тиббӣ расониданд. Вагарна, бештаре аз бадани мо ях зада буд."
Радиои Озодӣ: Ҳанӯз ҳам мехоҳед, сафари худ ба Дубайро идома диҳед?
Эҳсонҷон Тоҳиров: "Бале, феълан дӯстам дар Душанбе қарор дорад ва тавассути телефон ба ман хабар дод, ки замони парвози мо тамдид шудааст. Шаби оянда бояд ба Дубай парвоз кунем."
Радиои Озодӣ: Боз ҳам ин саволро такрор мекунам, чунки дар шароите ки шумо будед, он хеле муҳим аст. Чаро, бо вуҷуди хатарҳои воқеӣ, аз роҳ нагаштед?
Эҳсонҷон Тоҳиров: "Мулоқоти Дубай барои мо сахт муҳим буд ва ҳамонгуна, ки қаблан зикр кардам, билети парвоз ба Душанбе набуд ва ба ин хотир тасмим гирифтем аз роҳи заминӣ ба пойтахт бирасем."
Радиои Озодӣ: Дар дохили об чӣ эҳсосоте шуморо фаро гирифта буд?
Эҳсонҷон Тоҳиров: "Дохили об сахт сард буд. Ним соате, ки дохили об будем, талош мекардем худро берун кашем. Дар ниҳоят эҳсос кардам, ки дасту почаам аз кор мемонанд. Аммо, шукр, ки моро наҷот доданд."
Радиои Озодӣ: Мешавад гуфт, ки то ҷое бо зиндагӣ падруд мекардед?
Эҳсонҷон Тоҳиров: "Воқеан, дар сар фикре доштам, ки дигар зинда намемонам. Аммо якҷоя бо дӯстам ба хулосае омадем, ки бояд худро наҷот диҳем, зеро волидону фарзандон моро интизоранд. Бо ҳамин андеша танҳо барои наҷот талош мекардем."