Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар марги сарбоз Ҳасан Каримов ҳамхидматаш айбдор шуд


Акси Ҳасан Каримовро модараш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт
Акси Ҳасан Каримовро модараш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт

Додгоҳи низомии вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон рӯзи 15 май ба баррасии парвандаи ҷиноии як сарбози қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Норак оғоз мекунад, ки ба марги ҳамхизматаш айбдор шудааст.

Дар курсии айбдоршаванда - Муҳсинхӯҷа Султонов, сарбози 21-сола аз вилояти Суғд нишастааст, ки ба гуфтаи тафтишот ҳамхизматашро шадидан латтукӯб ва оинномаи артишро нақз кардааст.

Иттиҳом аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноӣ

Як масъули Додгоҳи низомии вилояти Хатлон рӯзи 14 май дар суҳбат ба

Натонистам ба танаи писарам нигоҳ кунам, вале шуяндаҳои ҷасад гуфтанд, ки гӯшҳои писаратон кабуд аст, дилаш каме сиёҳ будааст.

Радиои Озодӣ гуфт, ки Муҳсинхӯҷа Султонов дар қатли Ҳасан Каримов, сарбози 21-солаи деҳаи Вахши ҷамоати Ваҳдати шаҳри Леваканд гумонбар аст. Тафтишот мегӯяд, ки ҳодиса рӯзи 28 феврали соли ҷорӣ рух дод ва рӯзи баъдаш ҷасади Каримов ба наздиконаш супурда шуд. Ҳасан Каримов дар артиш як соли пурра ҳам хизмат накарда буд.

Абдурашид Юсуфзода, додситони низомии вилояти Хатлон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки алайҳи сарбоз Муҳсинхӯҷа Султонов бар асоси ду моддаи Кодекси Ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, барои барасӣ ба додгоҳи низомӣ фиристода шудааст. Юсуфзода аз гуфтани ҷузъиёти бештар худдорӣ танҳо гуфт, ки нафари гумонбар “сардори қатор буд”.

Як мақоми додгоҳи низомӣ гуфт, ки нисбати Султонов дар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ - “расонидани зарари вазнин ба саломатӣ” ва “вайрон кардани оиннома дар муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо” гумонбар дониста мешавад.

Дар оғоз ду нафар гумонбар дониста мешуд

Дар моҳи март мақомоти интизомӣ дар шаҳри Норак гуфта буданд, ки дар заминаи марги Ҳасан Каримов ду сарбоз гумонбар мешавад, вале дар ниҳоят танҳо як нафар ба ҳайси гумонбар ба курсии ҷавобгарӣ нишаст.

Маълум нест, ки мавқеи гумонбар Мӯҳсинхӯҷа Султонов ба ин парванда чист ва то куҷо ӯ худро гунаҳгор эътироф мекунад.

Як мақом дар ҳукумати шаҳри Норак ба Радиои Озодӣ гуфт, ки натиҷаи экспертизаи судӣ дар ҷасади сарбоз осори латукӯбро ошкор кард ва марги ӯро ба хунравии дарунӣ марбут кард.

Хунравии сарбоз ва осори лату кӯбро дар сина ва гӯшаш модари сарбоз - Навбаҳор Суюнова ҳам ба Радиои Озодӣ тасдиқ карда гуфт:

"Натонистам ба танаи писарам нигоҳ кунам, вале шуяндаҳои ҷасад гуфтанд, ки гӯшҳои писаратон кабуд аст, дилаш каме сиёҳ будааст. Экспертизаи судӣ карда буданд, вале ман напурсидам. Дар гулӯяш задаанд, ки хунравӣ шуда ҷон додааст".

Қисми низомии 051050-и Гвардияи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Норак ҷойгир аст ва сарбозони ин қисми низомӣ асосан ба таъмини бехатарии нерӯгоҳи барқи обии Норак машғул ҳастанд.

11 марг дар артиш дар солҳои 2014-2016

Дар аксар хабарҳое дар бораи маргу мири сарбозон дар артиш нашр мешавад, гоҳо мушкили латукӯб шудани онҳо аз ҷониби кӯҳнасарбозон чун сабаби аслии фоҷеа ном бурда мешавад. Эътилофи зидди шиканҷа дар як гузориши худ дар охири соли 2016 навишта буд, ки дар солҳои 2014-2016 дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон 59 сарбоз мавриди шиканҷаву бадрафторӣ қарор гирифта, 11 нафар ба ҳалокат расидааст.

Хушунати низомиён ва зӯргӯии сарбозони баландрутбаву ботаҷруба аз болои сарбозони ҷавон дар артиши Тоҷикистон ҳодисаи нав нест. Мақомот ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯянд, ки дар пайи барномаҳои вижаи тарбиявиву фарҳангии онҳо дар қисмҳои низомӣ як пешравие дар амри таҳрири вазъ дар артиш ҳосил шудааст, вале боз ҳам ҳодисаҳои хушунат дар артиш ба чашм мехӯрад.

Айни замон, фаъолони ҳуқуқи башар ва созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ мегӯяд, ки солҳои охир бархурди мақомот ба шикоятҳо дар заминаи латукубу азияти сарбозон дар артиш хеле ҷиддитар шуда дар ин замина тадбирҳои ҷиддии ҷилавгирикунанда аз муносибати ғайриоинномавӣ миёни сарбозон гирифта мешаванд.

XS
SM
MD
LG