Шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳамзамон Русия Дилшод Қурбонов, ки дар як муҳити хонаводагии русӣ ва зери назари модаркалони русаш ба воя расидааст, ахиран дар Сурия кушта шуд. Падараш Юрий Василев, ки хабари марги писар ӯро дар деҳаи Тоқакаппаи ҷамоати Даҳанаи Кӯлоб ба ғам нишондааст, изҳори ҳайрат мекунад, ки чӣ тавр шуд Дилшод ба ҷанги Сурия рафту дар он ҷо ҷон дод.
Дилшод Қурбонов - писари Юрий Василев ба ифтихори бобои падарии худ бо номи тоҷикӣ номгузорӣ шудааст.
Юрий Василев мегӯяд, писараш дар Ростови лаби Дон бо тавсияи модарбузурги русаш, ки чанд соли охир дар парастории ӯ буд, бо духтаре ба исми Настя хонадор шуда, аз ӯ соҳиби ду писарча бо номи Алишер ва Далер шудааст. Бо вуҷуди оне ки ҳамсараш Настя дини исломро напазируфта будааст, аммо соли гузашта розӣ шуд, то бо шавҳараш ба Тоҷикистон омада, писарони 6 ва 8-солаашро хатна кунад. Падари Дилшод мегӯяд, эҳтимол фарзандаш пас аз Иди Рамазон, яъне моҳи август ба Сурия рафта бошад, зеро тамосаш аз ҳамон вақт бо хонаводааш дар Кӯлоб канда шуд: “Ӯ бо момаи русаш буд. Характераш тамоман русӣ буд. Якбора чи хел тағйир ёфт ва кӣ ӯро ба Сурия бурд, барои мо номаълум аст. Вақте аз он ҷо ба Тоҷикистон меомад, мо намозхониашро намедидем. Аз моҳи август дигар бо мо тамос намегирифт. Фақат намояндагони мақомот омада ба мо аз ҳалокаташ хабар доданд ва то ҳол ҳайронем.”
Юрий Василев, падари Дилшод мегӯяд, келинаш як моҳ пеш бо ӯ дар тамос шуда, куҷо будани шавҳарашро пурсидааст: “Настя аз мо пурсид, ки оё аз Дилшод хабаре ҳаст ё не? Мо гуфтем, ки мо хабар надорем. Ба ҳамсараш гуфта будааст, ки Тоҷикистон меравад. Гоҳ-гоҳ ба ӯ занг мезадааст ва охирон бор ба Настя моҳи гузашта тамос доштааст.”
Талоши мо барои тамос бо ҳамсари Дилшод бенатиҷа анҷом ёфт. Ба зангҳои бешумори мо то лаҳзаи таҳияи гузориш ӯ посухе надод. Юрий ҳам дигар натавонистааст бо Настя дар тамос шавад. Абдурауф Бобоев, як сокини Кӯлоб, ки бо ин хонавода наздикӣ дорад, гуфт, "ҳоло Юрий пас аз шунидани хабари марги писараш ҳамеша шароб менӯшад ва доим ӯро маст вохӯрдан мумкин аст. Пештар ҳам менӯшид, вале ин қадар бисёр не."
Масъулони мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ширкати ин ҷавон дар ҷанги Сурия онҳоро ба шиддат нигарон кардааст. Назаралӣ Зокиров, муовини раиси ҷамоати Даҳанаи Кӯлоб мегӯяд, хонаводаи ин ҷавонро аз наздик мешиносад ва ӯ ҳам аз ифротӣ шудани ин ҷавон ҳайрон аст. Ӯ мегӯяд, андешаи ин ҷавон дар Русия дигар шудааст, вагарна дар Тоҷикистон тамоми афроди наздикаш ӯро як ҷавони орӣ аз андешаҳои ифротӣ медонистанд. “Ин як хонаводаи ҳозиразамон ҳаст. Ҳар чӣ шудааст, дар Русия шудааст. Мо бо ҳамаи наздикону шиносонаш сӯҳбат кардем. Ҳама ҳайрон буданд ва ба ин бовар намекарданд. Гумон дорам, ки ӯ дар Русия ба дасти гурӯҳҳое афтода андешааш чунин шудааст.”
Дар ҳамин ҳол, Чинигул Азизова, омӯзгори Дилшод ҳам аз ӯ ҳамчун донандаи хуби забони русӣ ситоиш кард. Хонум Чинигул гуфт: “Дилшод зуд-зуд ба Русия ба назди модаркалонаш мерафт ва русиро дар мактаб аз ҳама хубтар медонист. Аз фанҳои дигар ҳам хонданаш хуб буд. Мактабро бо баҳои хуб хатм карда буд.”
Дилшод, ягона ҷавони рустабори Кӯлоб аст, ки дар Сурия кушта шуд. Мақомоти интизомии Кӯлоб низ хабари ҳалокати ин ҷавонро тасдиқ карданд. Тибқи охирин иттилое, ки мақомоти интизомии Кӯлоб рӯи даст доранд, аз ин шаҳр 17 нафар дар ҷангҳои Сурия ширкат мекунад.
Сомонаҳои зоҳиран марбут ба ҷангандаҳои тоҷик дар Сурия дар баробари нашри акси “Иброҳим” (Дилшод) ҳамчунин акси 15 ҷавони дигареро нашр кардаанд, ки ба қавли онҳо “шаҳид” шудаанд. Шахсияти боқӣ ҷавонони дигар номаълум аст. Мақомоти Тоҷикистон шумори шаҳрвандони тоҷикеро, ки дар Сурия меҷанганд, ҳудуди 300 нафар мегӯянд. То кунун, бино ба ҳисобҳо, дар ҷангҳо алайҳи режими Башор Асад дар он кишвари дури арабӣ дастикам 50 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаанд.