Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Милиса пушаймон шуд". Қатъи парвандаи тамаъҷӯӣ аз сайёҳи руминӣ. ВИДЕО


Парвандаи ҷиноии як ходими полиси Кӯлоб, ки саҳнаи ришва талаб кардани ӯ аз як сайёҳи руминӣ мавриди интиқоди шадид дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд, қатъ шудааст.

Як мақоми Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи минтақаи Кӯлоб гуфт, парвандаи ҷиноятии корманди Бозрасии давлатии автомабилии минтақаро “баъди пушаймон шудан аз кирдори содир намудааш қатъ кардааст”. Комил Маҳмадизода, як

Агар минбаъд корманди умури дохила, гумрук, сарҳадбонӣ аз туристҳои хориҷӣ пул меситонанд, ё барои гардиши онҳо монеа эҷод мекунанд, хоини миллат эълон карда шавад

масъули ин ниҳод рӯзи 20-уми июл дар ҷараёни нишасти хабарии нимсолаи бахши минтақавии оҷонсии зиддикоррупсия гуфт, ки дар пайи нашри ин видео дар шабакаи YouTube дар ду моҳи пеш идораи онҳо “аввалин шуда, нисбати ин кор парванда боз кард”.

Маҳмадизода гуфт, ки дар пайи ин навор онҳо нисбати Саидшоҳ Шарипов, нозири дастаи хадамоти роҳҳои БДА-и минтақаи Кӯлоб аз рӯи моддаи 314, қисми 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (яъне “сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ”) парванда боз карда буд. Ба иттилои ӯ, ин ҳодиса 28 июли соли 2017 дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб рух дод.

“Ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматияш Саидшоҳ Шарипов аз як сайёҳи хориҷии мототсиклсавор 500-сомонӣ талаб намудааст ва сайёҳи хориҷӣ ба ӯ 200 сомонӣ додааст”.

Рафтори милисаи тоҷик сайёҳи хориҷиро озурда кард.

Видео аз 31 маи соли 2018

Рафтори милисаи тоҷик сайёҳи хориҷиро озурда кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:55 0:00

Ҳақи суду прокурор ба қатъи парвандаи ҷиноӣ

Комил Маҳмадизода гуфт, бинобар сабаби пушаймонӣ аз кирдори содирнамудааш, бо моддаи 29, қисми 1, сархати 1-и Кодекси мурофиявии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятиаш қатъ карда шудааст. Ин модда ба суду прокурор ҳақ медиҳад, ки шахси ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидашударо дар сурати пушаймонӣ аз кирдори кардааш оғози парвандаи ҷиноиро рад кунад.

Шарти ин модда инчунин ин аст, ки ҷиноят бори аввал сорид шуда, начандон вазнин ё дараҷаи миёна арзёбӣ шавад. Комил Маҳмадизода гуфт: “Бинобар сабаби набудани ҷабрдида ва ин нафар, ки пушаймон шуд аз кирдори кардааш павандааш қатъ ва аз ҷавобгарӣ озод шуд. Аммо ин шахс дигар дар вазифаи корманди милиса кор намекунад. Инчунин, Мустафои Муҷир, ки ҳамроҳи Саидшоҳ Шарипов якҷо буд, аз кор озод шуд ва нисбати сардори БДА-и минтақаи Кӯлоб Абдусалом Искандарзода ҷазои интизомӣ тадбиқ карда шуд”.

"Милиса пушаймон шуд". Қатъи парвандаи тамаъҷӯӣ аз сайёҳи руминӣ.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:04 0:00

Сабти талаби ришва ба телефони Михай Сика

Маълум нест, ки шаҳрванди Руминия – Михай Сикаи 34-сола ба тасмими мақомоти тоҷик чӣ назар дорад. Видеое, ки охири моҳи маи соли ҷорӣ дар интернет нашр шуд, аз ҳодисае дар сафари Помиру Душанбеи мотосиклсавори руминӣ шаҳодат медод. Дар ин навори видеоие, ки зоҳиран ба телефони мобил бардошта шудааст, гуфтугӯи тӯлонии ин марди хориҷӣ ва ходими полиси роҳро ба намоиш гузошт.

Миҳай Сика ва дӯсташ дар Тоҷикистон
Миҳай Сика ва дӯсташ дар Тоҷикистон

Дар навор дида мешавад, ки чӣ гуна баъди гуфтугӯи тӯлонӣ марди сайёҳ як миқдор пулро дар курсии пеши мошини нозирони роҳ мегузорад ва асабонӣ ба самти мотосиклаш бармегардад. Ба қавли сайёҳи руминӣ, онҳо аз Русияву Муғулистону Қазоқистону Қирғизистон ҳам гузаштанд ва фақат дар Тоҷикистон ба чунин бархӯрд рӯ ба рӯ шудаанд.

Радиои Озодӣ бо ӯ рӯзи 30-уми май сӯҳбат кард ва рӯзи 31-уми май гузоришеро бо видеои ӯ нашр кард. Мавзӯи ришваталабии як ходими полис аз меҳмони хориҷӣ дар Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу интиқодҳои зиёде барангехт. Аксари мунаққидон бар инанд, ки барои Тоҷикистони манфиатдори тақвияти бахши ҷаҳонгардиву туризм чунин шеваи кори полис ғайри қобили қабул аст. Полис дар ҳама давлат, бахусус дар чашми меҳмони хориҷӣ бояд ба унвони муҳофиз ва таъминкунандаи осоишу амнияти мардум арзёбӣ шавад, вале ришваталабиву рафтори ғайриқонунии намояндаи давлат ба обрӯи кишвар латма мезанад.

Президент: "Онҳо хоини миллатанд"

Мунаққидон мегӯянд, ки чунин ҳодисаҳо майли бисёр дигар ҷаҳонгардони хориҷиро аз сафар ба Тоҷикистон кам мекунад. Мавзӯи ришваситонии полис аз ҷаҳонгардони хориҷӣ аз ҷониби президенти Тоҷикистон ҳам шадидан интиқод шудааст. Дуруст як моҳ баъди пахши видеои сайёҳи руминӣ дар интернет, рӯзи 30 июн президент Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар ҳузури раҳбарону фаъолони вилояти Суғд тамаъҷӯӣ ва ришваситониро "хиёнат ба ватан" номид. Вай, аз ҷумла, гуфт:

«Айб аст, муомилаи бад сайёҳи хориҷиро мегурезонад. Агар минбаъд корманди умури дохила, гумрук, сарҳадбонӣ аз туристҳои хориҷӣ пул меситонанд, ё барои гардиши онҳо монеа эҷод мекунанд, хоини миллат эълон карда шавад ва дар нисбати ӯ ҷазои сангин дида шавад."

"Ришвахорон хоини миллат эълон мешаванд"​

Видео аз 3 июли соли 2018

"Ришвахорон хоини миллат эълон мешаванд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:09 0:00

Дар барномаи телевизионӣ сокинони Тоҷикистон диданд, ки президент зимни матраҳ кардани ин мавзӯъ бо мақомоти қудративу интизомӣ, хеле нороҳат буд ва бархурди қотеона ба ин масъаларо талаб мекард.
Тоҷикистонро соли гузашта назики 431 ҳазор туристи хориҷӣ зиёрат кардааст, вале бо эълон шудани соли 2018 ҳамчун "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ", осонтар шудани низоми дарёфти виза ва дигар сабукиҳо, соли ҷорӣ шумори меҳмонон хеле бештар шуд.

Як намояндаи ширкати сайёҳӣ мегӯяд, умеди мақомот ин аст, ки соҳаи сайёҳӣ як бахши муҳими даромади будҷаи Тоҷикистон шавад, вале айни замон, “мушкилоти мисли бархурди ғайрикасбии бархе ходимони полис бо хориҷиҳо боиси дилсардиву ноумедии дигарҳо мешавад ва ба хотири роҳатии сафарашон давлати дигари Осиёи Марказиро интихоб мекунанд”.

XS
SM
MD
LG