Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаллобе дар Суғд ҳазорҳо $-ро ба ҷайб зад


Ҷӯрабой Шерматов.
Ҷӯрабой Шерматов.

Як сокини Суғд худро корманди Оҷонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод муаррифӣ намуда ва аз сокинон бо ваъдаи додани қитъаи замин, пулҳои ҳангуфт гирифтааст.

Бино ба иттилои Оҷонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод, сокини ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ҷӯрабой Шерматов худро ҳамчун “корманди ин оҷонсӣ дар вилояти Суғд” ва “шахси наздики раҳбари он” муаррифӣ карда, бо ваъдаи додани қитъаҳои замин, аз 10 сокини ноҳияи Исфара аз 300 то 11 ҳазор доллар бо роҳи фиреб ва қаллобӣ, аз худ кардааст.

Ҷӯрабой Шерматов моҳи январи соли равон пас аз шикояти гурӯҳе аз сокинон ба Оҷонси назорати давлатии молӣ ва муборпиза бо фасод, боздошт шудааст. Як манбаъ аз ин ниҳод ба Радиои Озодӣ гуфт, “дар пайи арзи сокинон барои дастгир намудани Шерматов, ҷустуҷӯ эълон шуд ва кормандони Оҷонсии мо ӯро дастгир намуданд. Нисбат ба вай парвандаи ҷиноятӣ бо айби “қаллобӣ” боз карда шудааст.”

Шерматов иқрор кардааст, ки вай аз моҳи июни соли гузашта то моҳи январи соли равон бо ваъдаи соҳиби қитъаи замин намудан дар маҷмӯъ 45 ҳазор доллар маблағи сокинони Исфараро аз худ кардааст. Шерматов гуфтааст, ки рӯзҳои наздик пулҳои сокинонро ба соҳибонаш бар хоҳанд гардонд.

Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон афроде худро корманди мақомот номида, бо роҳи қаллобӣ пули сокинонро аз худ менамоянд. Дар моҳи январи соли ҷорӣ Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа Маҳмадалӣ Давлатшоев, сокини 36-солаи ҷамоати "Заргар"-и ноҳияи Бохтарро, ки худро худро генерал-майори Кумитаи федеролии мубориза бо фасоди Русия муаррифӣ карда ва аз сокинони минтақа маблағҳои калон ба даст меовардааст, барои даҳ сол равонаи зиндон кард.

Маҳмадалӣ Давлатшоев дар таърихи 10-уми сентябри соли 2015 ва тибқи шикояти 8 нафар аз сокинони вилоят аз сӯи Оҷонсии мубориза бо фасод боздошт шуда буд. Мақомоти Оҷонсии мубориза бо фасод он замон гуфта буданд, ки пули ба таври қаллобӣ рӯёнидаи Маҳмадалӣ Давлатшоев аз 8 сокини вилояти Хатлон 15 ҳазор доллар амрикоиро ташкил медиҳад.

Аз ин қабл дар Хуҷанд пулис Исмоил Худоёров, сокини 48-солаи ноҳияи Конибодомро боздошт карда буд, ки худро “корманди почтаи марказӣ” номида, аз 10 сокини пиронсоли умдатан рустабор бо муждаи расонидани бастае, ки фарзандонашон ирсол намудаанд, аз онҳо пул ситонида ва ғайб мезадааст.

Ба гуфтаи Оҷонсии назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод, Ҷӯрабой Шерматов диплом ва ихтисосе надошта, замони боздошт ҷое кор намекардааст. Вай як ҷавони оддии деҳотӣ ба назар мерасад ва мӯйлабу риши кӯтоҳаш дарвоқеъ аз корманди мақомот набудани вай дарак медиҳад.

Вале суоле дар зеҳнҳо пайдо мешавад, ки чаро сокинон ба чунин афрод бовар мекунанд ва барои ҳалли мушкилоти худ, маблағҳои калонро дар ихтиёри онҳо мегузоранд. Бархе сокинон мегӯянд, ин гуна афрод диплом ва маълумоту ихтисосе надошта бошанд ҳам, вале "ба гап ҷома пӯшонида", сокинонро ба доми фиреби худ меафтоданд ва пули онҳоро бо дурӯғу фиреб аз худ менамоянд.

Коршинос -- Фаридуни Шариф мегӯяд: “Дар ҷомеаи мо феълан мутаассифона, чунин ақидае роиҷ шудааст, ки бе пул ва додани ришва кореро ҳал кардан тақрибан номумкин шудааст. Ва табиист, ки ришваро худи мансабдор ба дасти худ намегирад, балки ин корро ба ҷои вай миёнаравҳояш анҷом медиҳанд. Барои ҳамин, сокиноне, ки корашонро анҷом додан мехоҳанд, масалан мехоҳанд, ки бенавбат соҳиби қитъаи замин шаванд, ба ваъдаи дурӯғини мисли Шерматов “мансабдори сохта”, ки худро шахси наздики мансабдори баландпоя меномад, бовар мекунанд ва пули худро ба ду дасти адаб ба ин гуна қаллобон медиҳанд. Ва фақат баъди он ки корашон буд нашуд ва пулашон ҳам барнагашт, ба мақомот шиква мебаранд.

Дар ҳамин ҳол, манобеъ аз Оҷонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод дар вилояти Суғд мегӯянд, агар Ҷӯрабой Шерматов маблағҳои бо роҳи қаллобӣ гирифтаашро ба соҳибонашон баргардонад, эҳтимол дорад бо ҷазои сабуктар -- пардохти ҷарима, халос хӯрад. Дар ғайри он пушти панҷараҳои зиндон ӯро интизор аст.

XS
SM
MD
LG