Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти падару писар барои шиканҷаи шаҳрванди Қирғизистон


Сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон падару писар – Набиҷон Набиев ва Ҳаким Набиевро аз рӯи парвандаи “ситонидани пул”, “ғайриқонунӣ маҳрум сохтан аз озодӣ” ва “шиканҷа” боздошт ва тафтиши ин қазияро шурӯъ кардаанд. Як манбаи радиои Озодӣ дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ба Радиои Озодӣ рӯзи 5 январ гуфт, ки падару писар аз рӯи ҳодисаи боздошти ғайриқонунӣ ва азияти ҷисмонии шаҳрванди Қирғизистон Акжол Калбаев дар Душанбе, ки моҳи декабри соли 2016 рух додааст, боздошт шудаанд. Ин манбаъ ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ки тафтиши парвандаро вазорати умури дохила пеш мебарад.

Гаравгонро баъди ду рӯзи амалиёт озод карданд

Дар робита бо ин қазия консули сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон Сардор Мусакеев дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ рӯзи 5 январ гуфт, ки қазия дар охири моҳи декабри соли 2016 рух додааст. Вай гуфт, ки "рӯзҳои 27 декабр як хеши Ақҷол Калбаев ба сафоратхона барои кӯмак дар озод кардани ин мард муроҷиат кард. Ман тадбирҳои заруриро андешидам, ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон муроҷиат кардам. Мо маҳалли нигаҳдошти шаҳрванди Қирғизистонро мушаххас кардем. Дар паи анҷом додани тадбирҳои тафтишотӣ, рӯзи 29 декабр Ақҷол Калбаев озод шуд".

Мусакеев гуфт, ки дар ҳузури худи ӯ Калбаев ба дасти хешаш супурда шуд ва рӯзи 30 декабр онҳо ба хоки Қирғизистон ворид шуданд. Вай гуфт, ки барои вокуниши сареъ ва касбии сохторҳои амниятии Тоҷикистон изҳори сипос мекунад, чун онҳо, ба гуфтааш, "тавонистанд, ки сари вақт гаравгонро озод карда ҷинояткорҳоро боздошт карданд".

Консули сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон аз додани тафсилоти бештар, аз ҷумла дар робита бо сабаби ба гарав афтидани Калбаев, шиканҷа шудану вазъи саломатии ӯ ба ҳангоми озод шудан аз гарав худдорӣ кард. Вай танҳо гуфт, ки аз рӯи маълумоти пешакии онҳо, баҳси миёни гаравгонгирҳо ва шаҳрванди Қирғизистон "пулӣ" буда, ба ихтилофҳои хусусии миёни онҳо бармегардад.

Гаравгону гаравгонгир - ҳамкорони собиқ буданд

Рӯзи 5 январ акси марде бо осори шадиди шиканҷа ва дар ҳолати даступобаста дар шабакаи Фейсбук нашр шуд. Дар шарҳи ин акс Шарофиддин Гадоев, яке аз фаъолони мухолифони тоҷик навишт, ки Калбаев бо фиреби ҳамкори собиқи тоҷикистониаш Набиҷон Набиев ба Душанбе гӯё ба меҳмонӣ даъват шуд, вале он ҷо мавриди боздошти зӯроварона ва шиканҷаи шадид қарор гирифт. Илова ба ин, гӯё падару писар аз хешовандони Калбаев барои ҷони ӯ 23 ҳазор доллар талаб кардаанд.

Гадоев дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки Набиев ва Калбаев дар солҳои 2012-ум дар шаҳри Ӯш дар ширкати марбут ба ин соҳибкори собиқ - "Голд тур транс" кор мекарданд. Ин ширкат машғули интиқоли молу коло ба Афғонистону Чин буд ва ҳамон сол раҳбарии намояндагии корхонаро дар Ӯш ба ӯҳда дошт. Шиносоии ин ду нафар аз он замон маншаъ мегирад.

"Голд тур транс" он солҳо бахше аз ширкатҳои ҳамкори "Фароз" ва "Тоҷирон" буд, ки марбут ба соҳибкори норозӣ Умаралӣ Қувватов будааст. Ҳоло дар намояндагии ширкати "Фароз" дар Душанбе ба радиои Озодӣ мегӯянд, ки нафаре бо исми Набиҷон Набиев дар ин идора кор намекунад ва солҳои охир ҳам дар феҳрасти коргарони ин корхона чунин исме вуҷуд надоштааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Набиев ба ҳайси як ҳуқуқшиносе ном мебаранд, ки дар гузашта дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ кор карда баъдан бо ширкати тиҷоратӣ аз рӯи ихтисосаш кор кардааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG