Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Раис Худойдод" ба эъдом маҳкум шуд


Cаидуллоҳ, машҳур ба "Раис Худойдод" аз сӯи мақомоти Тоҷикистон низ ҷустуҷӯ мешуд
Cаидуллоҳ, машҳур ба "Раис Худойдод" аз сӯи мақомоти Тоҷикистон низ ҷустуҷӯ мешуд

"Раис Худойдод", раҳбари як гурӯҳи ҷиноӣ, ки дар Тоҷикистон ҳам мавриди ҷустуҷӯ қарор дошт, ба эъдом маҳкум шудааст. Ӯ моҳи сентябри соли гузашта дар пайи як амалиёти нерӯҳои Афғонистон боздошт шуда буд.

Додгоҳе дар шаҳри Кобул Саидуллоҳ – маъруф бо лақаби “Раис Худойдод”-ро, ки аз ӯ “хатарноктарин ҷинояткор” ном бурда мешуд, ба эъдом (қатл) маҳкум кардааст. Як масъули Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷараёни мурофиаи 19-уми январ дар додгоҳи Кобул яке аз ҳамдастони "Раис Худойдод" ба бист сол ва се тани дигари онҳо - ҳар яке ҳафтсолӣ - аз озодӣ маҳрум гардидаанд.

“Раис Худойдод” дар моҳи сенятбри соли гузашта боздошт шуда буд. Ӯ на танҳо аз сӯи мақомоти амниятии афғон таҳти таъқиб қарор дошт, балки дар рӯйхати сиёҳи мақомоти амниятии Тоҷикистон низ шомил буд. Пулиси байналмилалӣ - Интерпол низ ӯро меҷуст.

Дар лаҳзаҳои аввали боздошти “Раис”, мақомоти амниятии афғон аз ӯ “хатарноктарин, золимтарин, муҷримтарин ва моҳиртарин муҷрими ҳирфаӣ дар таърихи муосири Афғонистон” ном бурда буданд. “Раис Худойдод” дар сангинтарин ҷиноятҳо, аз қабили одамрабоӣ, қатлу куштор ва сирқати амвол гумонбар дониста мешуд.

Ба қавли мақомоти афғон,“Раис Худойдод” давоми чанд соли охир бештар аз сад миллион долларро аз ҳисоби одамрабоӣ ва дуздӣ ба даст оварда будааст. Ӯ аз ҷумла аз тоҷирон ва афроди саршинос ба тариқи зӯрӣ пул ба даст меовардааст. Кобул мегӯяд, ин нафар дар Тоҷикистон, Покистон ва Аморати Муттаҳидаи Арабӣ низ бо ҷурми одамрабоӣ ҷустуҷӯ мешуд ва дар рӯйхати сиёҳӣ мақомоти ин кишвар ҷой дошт.

Ин дар ҳолест, ки аз марзи Тоҷикистону Афғонистон воқеъ дар ноҳияи Шӯрообод чандин ҳолати одамрабоӣ қайд шудааст ва инчунин соли гузашта ду сокини Тоҷикистон дар дохили хоки Афғонистон рабуда шуданд, ки пас аз чанде раҳо гардиданд. Аммо ҳоло маълум нест, ки “Раис Худойд” барои кадоме аз ин одамрабоиҳо аз ҷониби мақомоти амниятии Тоҷикистон низ ҷустуҷӯ мешуд.

Ба гуфтаи мақомоти амниятии Афғонистон "Раис Худойдод" қабл аз боздошт дар вилоятҳои мухталифи Афғонистон бо номҳои мухталиф рафту омад мекард ва дар айни ҳол шиносномаҳои ҷаълии чанд кишвар дигар, аз ҷумла шиносномаи хориҷии Тоҷикистонро низ доштааст.

XS
SM
MD
LG