Анҷумани ҳуқуқи башари Ӯзбакистону Олмон мақомоти Тошкандро муттаҳам кардааст, ки соли 2014 ба таври иҷборӣ беш аз як миллион нафарро ба маъракаи пахтачинӣ сафарбар кардаанд. Ба қавли ин гурӯҳи мустақар дар Олмон, мақомоти Тошканд афроди алоҳида ва ҳатто ширкатҳои байналмилалиро ба пахтачинӣ сафарбар кардаанд.
Пахта муҳимтарин манбаи даромади буҷаи Ӯзбакистон ба ҳисоб рафта, ин кишварро дар ҷаҳон дар мақоми панҷум қарор медиҳад. Вале бар тибқи таҳқиқоти мухталифи фаъолони ҳуқуқи башар, даромади ҳангуфт аз фурӯши пахтаи хом ба кисаи наздикони хонаводаи президент Ислом Каримов ва мақомоти баландпояи ин кишвар ворид мешаванд.
Сироҷиддини Ислом, шореҳи бахши ӯзбакии радиои Озодӣ мегӯяд, танқидҳо аз саноати пахтакории ин кишвар ва истифодаи ғуломвори кӯдакону калонсолон, кормандони соҳаи буҷавӣ дар чиниши ҳосили пахта ҳамеша садо медиҳанд. Аз сӯе, агар мақомот ба ин танқидҳо одат карда, шеваи корашро дар ин соҳа кам тағйир додааст, боз ҳам ҳукумати Ўзбакистон аз фишорҳои байнулмилалӣ хеле нороҳат мешавад. Чанд сол пеш дар паи маъракаи фарогири гурӯҳҳои бонуфузи ҳуқуқи башар, як қатор ширкатҳои истеҳсолкунандаи либос дар Ғарбу Аврупо аз харидории пахтаи Ӯзбакистон расман даст кашиданд.
“Дар натиҷа, Ӯзбакистон хисорати молии зиёд мебинад. Танҳо аз фурӯши пахта ин кишвар тақрибан 1 миллиард доллар даромад мегирад. Пахта дар Ӯзбакистон хеле каммасраф аст. Чун кишоварзон бидуни иҷозати давлат чизе кошта наметавонанд. Аксарияти фермерҳо маҷбуранд пахта коранд ва маҳсулоти тайёрро ба давлат бо нархи хеле арзон фурӯшанд. Ғайр аз ин, давлат ҳар сол мактаббаччаҳо, донишҷӯён ва кормандони буҷавиро маҷбур мекунад, ки ба пахтачинӣ бароянд”, мегӯяд ин таҳлилгар. Аз сӯе, ба гуфтаи ӯ, давлати Ӯзбакистон дар як вазъи душвор қарор дорад.
“Бояд аз ду роҳи бад якеашро интихоб кунад: ё маҷбур аст аз истеҳсоли пахта даст кашад ва аз як миллиард доллар бебаҳра монад ва ё заҳмати дастаҷамъии маҷбуриро идома диҳад. Дигар роҳ дар Ӯзбакистон вуҷуд надорад”, мегӯяд ӯ.
Ба гуфтаи ин коршиноси ӯзбак, "аз ҳамин хотир, ҳукумат талош мекунад вуруди нозирони хориҷӣ ё таҳлилгарони ин масоилро ба дохили кишвар роҳ надиҳад. Ҳукумати Ӯзбакистон омода нест, ки интиқоди байналмилалиро эътироф кунад."
Маъракаи пахтачинӣ дар Ӯзбакистон аз охирҳои моҳи август шурӯъ шуда, маъмулан то аввалин сардиҳои зимистон идома мекунад. Дар ин муддат аз се то панҷ моҳ садҳо ҳазор нирӯи кӯдак ва кормандони соҳаи буҷавӣ дар чиниши ҳосили пахта зери назорати полис ва бо амри тамоми сохторҳои давлатӣ, ҷалб мешаванд.
Шоҳидон мегӯянд, ки маъмулан шароити майдонҳо хеле сангин аст, коргарон аз субҳи барвақт аз хоб бедор карда шуда, бо ғизои хеле нокифоя ба майдон бароварда мешаванд. Онҳо аз гармӣ, оби пок ва ҷои шустушӯй маҳрум мебошанд. Тибқи гузориши Анҷумани ҳуқуқи башари Узбакистону Олмон, танҳо соли гузашта дар маъракаи пахтачинии Ӯзбакистон камаш 17 нафар ҳалок шудаанд.