Маркази тиббии Хорев аз Исроил тасмим гирифтааст дар шаҳри Душанбе намояндагиашро ифтитоҳ карда, ба табибони тоҷик машварат медиҳад, ки аз мактаби тиббӣ Русия канор бираванд. Ин марказ имкон хоҳад дошт ҳама бемориҳои инсон дар Тоҷикистонро бо нархҳои дастрас муолиҷа кунад.
Табибони исроилӣ дар Душанбе
Ҳайати даҳнафарии пизишкони саршиноси Исроил тӯли як ҳафта дар Душанбе қарор дошта, дар бемористони "Истиқлол" ҳудуди 200 нафар маризонро қабул ва муолиҷа кардаанд. Роман Барак, сардухтури Маркази тиббии Хореви Исроил 8-уми ноябр дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки ин марказ дар 60 кишвари ҷаҳон намояндагӣ дорад ва ҳамакнун тасмим гирифтааст чунин намояндагиро дар шаҳри Душанбе низ ифтитоҳ кунад.
Мақомоти тандурустӣ мегӯянд, ки теъдоде аз пизишкони соҳибтаҷрибаи тоҷик дар ҷустуҷӯи маоши муносиб кишварро тарк кардаанд ва барои дорои тахассуси баланд шудани табибони ҷавон фурсат зарур аст.
Ба гуфтаи доктор Барак, дар ин рӯзҳо бо мақомоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон музокирот анҷом дода, барои сабти номи чунин як намояндагӣ дархости расмӣ фиристодаанд. Вай афзуд, ки маҳалли намояндагии Маркази тиббии Хорев дар маркази пойтахти Тоҷикистон интихоб шуда, дар зудтарин фурсат фаъол хоҳад шуд.
Ба эътиқоди ин пизишки исроилӣ, мушоҳидаҳои онҳо собит кардааст, ки дар Тоҷикистон теъдоди табибони соҳибтаҷриба андак нест, вале барои кор дар ин марказ онҳоро зарур аст, ки ба Исроил сафар кунанд ва бо давраҳои бозомӯзӣ фаро гирифта шаванд.
"Тибби пешрафтаи ҷаҳонӣ на исроилӣ аст, на русӣ"
Роман Барак афзуд: "Мушкили аслии табибони тоҷик ба гунаи кишварҳои дигари пасошӯравӣ ба ин нукта рабт мегирад, ки ҳамаи онҳо парвардаи мактаби тибби рус мебошанд. Бигузор чунин табибон низ бошанд, вале тибби пешрафтаи ҷаҳонӣ на исроилӣ аст ва на русӣ. Табибон бояд аз кӯдакӣ забони англисиро омӯзанд. Албатта, барои расидан ба ин ҳадаф шояд се насли инсон гузарад".
Ин табиби исроилӣ афзуд, ки таҷрибаи фаъолияти намояндагии Маркази тиббии Хорев дар Узбекистон нишон дод, ки пизишкони исроилӣ пайваста тавассути онлайн бо ҳамкоронашон дар Тошканд дар тамос ҳастанд ва якҷо беморонро ташхис ва табобат мекунанд. Дар сурати истисноӣ ё пизишки исроилӣ ба Тоҷикистон сафар мекунад ё бемор ба Исроил интиқол дода мешавад. Ба эътиқоди ин пизишки яҳудитабор, нархи табобат дар намояндагиашон дар Тошканд қобили қабул аст ва ҳар як фарди дорои даромади миёна метавонад аз хадамоти ин марказ истифода кунад.
"Табибон шеваи нодурусти муолиҷаро пешниҳод мекунанд"
Давид Исроил, раҳбари пизишкони бемориҳои чашм дар Исроил мегӯяд, ки дар давоми як ҳафтаи ахир беморони зиёде барои муолиҷа ба онҳо дар бемористони "Истиқлол" муроҷиат кардаанд. Вай мегӯяд, ки пизишкони ин бемористон соҳибтаҷриба ҳастанд ва метавонанд ба се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сӯҳбат карда, аз наҳваи истифода аз таҷҳизоти муосири бархӯрдор ҳастанд. Аммо, ба эътиқоди ин пизишк, духтурон маъмулан наҳваи нодурусти муолиҷаро пешниҳод мекунанд.
Вай гуфт: "Тӯли ин рӯзҳо чанд наврас ба наздам омада, талаб карданд, ки биноии чашмашон бад аст ва бояд барояшон доруе бидиҳам. Пурсидам, агар биноишат бад аст, пас айнаки чашмат куҷост? Гуфтанд, духтурон машварат додаанд, ки агар айнак бигирӣ, биниш боз бадтар мешавад. Мардуми тоҷик ба гунаи кишварҳои дигари пасошӯравӣ одат кардаанд, ки агар ба назди духтур омаданд, бояд ҳатман даҳҳо дору фармоиш диҳад. Вале тибби муосир ин аст, ки агар бемор аз назди пизишк бе рӯйхати доруи фармуда барояд, ин хубтар мебошад".
Ин дар ҳолест, ки солҳои ахир сокинони Тоҷикистон сатҳи табобат дар муассисаҳои тиббии кишвар пайваста шикоят мекунанд. Мақомоти тандурустӣ мегӯянд, ки теъдоде аз пизишкони соҳибтаҷрибаи тоҷик дар ҷустуҷӯи маоши муносиб кишварро тарк кардаанд ва барои дорои тахассуси баланд шудани табибони ҷавон фурсат зарур аст.
Табибони Чин, Эрон ва Исроил дар Душанбе
Аз сӯи дигар, дар чанд соли ахир дар Душанбе маркази тиббии Эрон, мавсум ба бемористони "Сино" ва тибби халқии Чин ба фаъолият оғоз кардаанд.
Роман Барак, сардухтури Маркази тиббии Хорев дар Исроил ба ин савол, ки оё фаъолияти онҳо дар як шаҳр якҷо бо табибони эронӣ мушкилзо нахоҳад шуд, гуфт, ки "ҳадафи мо наҷот ва табобати инсон аст. Ҳарчанд Исроил бо Эрон ва Арабистони Саудӣ робитаҳои дипломатӣ надорад, вале мо дар ҳамоишҳои тиббии ин кишварҳо ширкат мекунем".
Вай афзуд, ки ҳадафи ифтитоҳи намояндагӣ дар Душанбе тиҷоратӣ нест, зеро дар худи Исроил ин пизишкон ҳар моҳ садҳо ҳазор доллар фоида ба даст меоваранд.
Тасмими ифтитоҳи Маркази тиббии Хорев дар ҳоле аст, ки ироаи хадамоти беҳдоштӣ дар Тоҷикистон яке аз мавзӯъҳои мавриди интиқоди расонаҳо ва ҷомеа ба шумор меравад. Гуфта мешавад, ки бисёре аз афроди сарватманди Тоҷикистон ба табибони маҳаллӣ чандон эътимод надоранд ва барои муолиҷа ба берун аз кишвар, аз ҷумла ба Исроил, мераванд.