Рӯзи 13 июл барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел аз Чин Лю Сяобо дар ҳоле, ки дар боздошт буду аз бемории саратон ранҷ мекашид, даргузашт. Дар ин бора мақомоти Чин хабар доданд, ки даъватҳои зиёди байналмилалиро барои озод кардани ӯ ба хотири вазъи вахими саломатиаш нодида гирифтанд.
Ин муборизи роҳи демократия дар синни 61-солагӣ даргузашт. Як моҳ пеш Лю Сяобо баъди сангин шудани вазъи саломатиаш дар зиндон ба як бемористони шадидан назоратшавандаи пӯшида интиқол ёфт. Ӯ аз саратони ҷигар ранҷ мекашид. Мақомоти шаҳри шимолушарқии Шенян гуфтанд, ки Лю Сяобо баъди се рӯзи интиқолаш ба утоқи муолиҷаи изтирории бемористон даргузашт.
Ӯро як мунаққиди шадиди ҳукумат меномиданд, ки аз озодии баён ва дигарандешон ҳимоят мекард. Лю Сяобо дуюмин барандаи ҷоизаи Нобел шуд, ки дар шароити зиндон даргузашт. Соли 1938 дар аҳди режими нозӣ як барандаи маъруфи ҷоизаи сулҳи Нобел Карл фон Оссетский низ дар пушти панҷара ба ҳалокат расид. Лю Сяобо соли 2008 баъди имзои як муроҷиати хаттии фаъолони ҳуқуқи башари Чин барои таъмини озодиҳои бунёдии инсонӣ ва ҳам ислоҳот дар низоми сиёсии кишвар ҳабс шуд.
Соли 2009 ӯ барои ба истилоҳ тахрибкорӣ ба мӯҳлати 11 сол равонаи зиндон шуд. Дар Осло соли 2010 лаҳзае, ки исми ӯро ба ҳайси барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел эълон карданд, курсиаш холӣ буд. Барои дар рӯзҳои охири зиндагиаш аз зиндон озод шудани вай созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон, ҳукуматҳои ғарбӣ ва ҳам фаъолони маҳаллӣ зиёд талош карданд. Олмон пешниҳод кард, ки муолиҷаи ӯро ба дӯш мегирад. Айни чунин пешниҳодро ИМА ҳам карда буд.
Вале мақомоти Чин гуфтанд, ки кӯмаки зарурии тиббиро барояш дар дохил фароҳам меоранд ва моҳи май бо сабаби бемориаш иҷоза доданд, ки бо муолиҷа фаро гирифта шавад. Дар гузашта Чин чандин бор дар муроҷиаташ ба кишварҳои дигар гуфтааст, ки ба умури дохилии Пекин дахолат накунанд. Моҳи ҷорӣ табибони чинии Лю Сяобо гуфтанд, ки сиҳҳатии ӯ шароити интиқолаш ба хориҷаро имкон намедиҳад.
Дар ҳоле, ки мутахассисони тиббии ИМА ва Олмон ин иддаоро рад карда баъди ошноӣ бо вазъаш дар бемористони зиндон гуфтанд, ки метавонанд дар клиникаҳои кишварҳои худ ӯро бо хадамоти зарурии тиббӣ фаро гиранд. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар тарзи бархӯрд бо Лю Сяоборо интиқод карда гуфтанд, ки мақомот барои роҳ надодани ӯ ба муолиҷа дар берун аз кишвар иттилои нодуруст пахш мекарданд.