Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сартароше, ки раиси зиндони Кӯлобро кушт, дар зиндон даргузашт


Умед Тешаев 35 сол дошт
Умед Тешаев 35 сол дошт

Марде, ки соли 2014 сардори маҳбаси Кӯлобро бо 18 зарби қайчӣ кушта ба зиндони абад маҳкум шуда буд, дар маҳбаси шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппа) даргузашт.

Хабари даргузашти Умед Тешаеви 35-соларо хонаводаи ӯ ва ҳамчунин як мақоми раёсати зиндонҳо таъид кард. Дар бораи сабаби даргузашти Тешаев маълумоте дар даст нест ва хешовандонаш мегӯянд, ки ҷасад дар роҳ ба сӯи Кӯлоб аст ва танҳо баъди расидани он бар асоси ҳуҷҷатҳо метавонанд дар ин бора иттило бидиҳанд.

Тафсилоти ҳодисаи куштори раиси зиндон ноябри соли 2014 дар як таҳқиқоти Алихон Икромӣ, коршиноси судию тиббӣ бо номи “Қатли сардори маҳбас” нашр шуд.

Рустам Эргашев, тағои Умед Тешаев дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ шоми 27 июл гуфт, ки мақомоти маҳбаси Қӯрғонтеппа аз даргузашти ин мард хабар доданд. Ба гуфтаи Эргашев, хоҳарзодааш зоҳиран ҳамин рӯз мурдааст. Вай гуфт, рӯзи ҷумъа “тахминан соатҳои якуним-дуи рӯз буд, ки занг зада хабар доданд. Ҳанӯз сабаби маргашро намедонем ва мунтазирем, ки санадҳояшро бубинем”.

Рустам Эргашев ба ин савол, ки оё Тешаев дар маҳбас аз беморие ранҷ мекашид, гуфт, дар ин бора чизе намедонад ва танҳо модараш буд, ки бо писар дар зиндон дидор мекард. Ҷанозаи ӯ қарор аст рӯзи 28 июл дар шаҳри Кӯлоб баргузор шавад.

Сартароше, ки қайчиро бо ҳадафи дигар ба кор бурд

Қазияи куштори раиси зиндони шаҳри Кӯлоб моҳи феврали 2014 сарусадои зиёде барпо кард.

Умед Тешаев, як сартароши маҳаллӣ ним сол пеш аз ин ҳодиса аз рӯи ҷинояти дигар – қатли марде бо 54 зарби корд ба 17,5 соли зиндон маҳкум шуда буд. Ҳукми ӯ моҳи августи соли 2013 содир шуд ва шаш моҳ баъди ин ӯро дар қатли раиси зиндон Умар Қаюмови 65-сола гунаҳгор карданд.

Умар Қаюмов 15 сол дар вазифаи раиси зиндони Кӯлоб кор карда буд
Умар Қаюмов 15 сол дар вазифаи раиси зиндони Кӯлоб кор карда буд

Ҳодиса рӯзи якшанбе, 16 феврали соли 2014 рух дод. Тафтишот мушаххас кард, ки он рӯз Умар Қаюмов, сардори маҳбаси Кӯлоб аз сартароши зиндонӣ хостааст, ки мӯисари ӯро қайчӣ занад. Ҳамин олат ҳам дар натиҷа сабаби қатли раиси зиндон шуд. Тафтишот гуфт, ки Тешаев нахуст ба сари раиси зиндон ва баъдан ба аъзои дигари баданаш дар маҷмӯъ бо қайчии дасташ 18 зарба задааст.

Дар оғоз модар Мушкинисо Эргашева пофишорӣ мекард, ки писараш дучори бемории рӯҳӣ аст, вале тафтишот ва ҳам додгоҳ инро тасдиқ накарданд.

"Қатли сардори маҳбас" ҷузъиёти кушторро ба риштаи тасвир кашидааст

Дар таърихи истиқлолияти Тоҷикистон ин камтарин ҳодисаи куштори раиси зиндон аз ҷониби як маҳбус мебошад.

Тафсилоти ҳодисаи куштори раиси зиндон ноябри соли 2014 дар як таҳқиқоти Алихон Икромӣ, коршиноси судию тиббӣ бо номи “Қатли сардори маҳбас” нашр шуд. Муаллиф гуфт, азбаски худи ӯ дар ҷараёни таҳқиқи ин ҳодиса иштирок кардааст, ҳодисаро тавре ҳаст иншо кард.

Умар Қаюмов як бо ихтисоси ҳуқуқшинос беш аз 20 сол дар низоми маҳбасхонаҳои Тоҷикистон кор кардааст. 15 соли охири умраш раиси зиндони Кӯлоб буд.

XS
SM
MD
LG