Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар остонаи бӯҳрони бузурги ғизо


Сайёра дар остонаи бӯҳрони бузурги ғизо қарор дорад. Чунин ҳушдор чандин моҳ боз сари забони иқтисоддонҳо ва сарони ниҳодҳои молии олам аст.

“Аз рӯи арзёбии мо, бар асари ду баробар боло рафтани қимати маводи ғизо дар се соли ахир тақрибан 100 миллион сокинони кишварҳои даромадашон андак боз ҳам фақиртар шудаанд. Ин на фақат мушкили ниёзмандиҳо дар кӯтоҳмуддат аст, муҳим боз он аст, ки насли оянда ин қиматро пардохт накунад”. Ин изҳороти Роберт Золик, раиси Бонки Ҷаҳонист, ки моҳи апрел садо дода буд. Дар ҳамин ҳол иддае аз иқтисоддонҳо мегӯянд, ки болоравии қимати маводи озуқа аллакай қишрҳои фақири бархе аз кишварҳоро дар вартаи гуруснагӣ қарор додааст.

Ба гуфтаи Робин Лодҷ, намояндаи Барномаи ҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид, Афғонистон як намунаи ин вазъ аст. Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ ӯ афзуд, “охирҳои моҳи январ раисиҷумҳур Карзай даъват кард, ки ба хотири кумак дар таъмини ғизо ба дуву ним миллион сокинони иловагӣ 77 миллион доллар ҷудо карда шавад. Инҳо мардуми тоза ба гуруснагӣ мувоҷеҳшуда, онҳоеанд, ки бар асари болоравии қимати ғизо ба озуқа ниёзманд шудаанд. Инҳо фақирони сокини шаҳр ва ё атрофи шаҳранд, одамонеанд, ки қаблан барои хуронидани худ маблағи кофӣ доштанд ва ягона чизе, ки барои онҳо тайғир хурдааст, ин аст, ки қимати ғизо барояшон дастнорас шудааст”.

Ва дар чунин вазъи нигарониву ҳушдорҳо аз имкони гуруснагии шадид дар бархе гушаҳои сайёра сарони кишварҳои олам барои баррасии вазъи ба вуқуъпайваста ва пайдо кардани роҳҳои ҷилавгирӣ аз бӯҳрони нави ҷаҳонӣ дар Рум, пойтахти Италиё, ҷамъ меоянд. Дар ин нишаст, ки рӯзи сешанбеи 3 июн шурӯъ шуда, то рӯзи панҷшанбе идома хоҳад кард, мақомоти Созмони Милали Муттаҳид ва раҳбарон ё сарвазирони беш аз 40 кишвар ширкат хоҳанд дошт. Интизор меравад, ки дар нишаст Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, аз кишварҳо даъват кунад то ба таври оҷил маҳдудиятҳо дар тиҷорат ва андозҳои бахши кишоварзиро лағв кунанд, ки як сабаби болоравии бесобиқаи маводи озуқа дар 30 соли ахир маҳсуб мешаванд.

Ясуо Фукуда, сарвазири Ҷопон хостори он хоҳад шуд, ки кишварҳои пешрафта ба хотири ҷилавгирӣ аз жарфтар шудани бӯҳрон захираи ғизо дар мамолики фақирро таъмин кунанд. Ва раҳбари ҳайати Иёлоти Муттаҳида, вазири кишоварзӣ Ед Шафер рӯи он мавзӯъ тамаркуз хоҳад кард, ки як сабаби болоравии қимати маводи ғизо афзоиши нархи энерҷист ва аз ин рӯ, роҳҳои пайдо кардани маводи сӯхти алтернативиро бояд ҷустуҷӯ кард.

Ва аммо бархе коршиносон бар инанд, ки маҳз тавлиди яке аз чунин маводи сӯхти алтернативӣ - маводи сӯхти биологӣ ба болоравии қимати озуқа мусоидат кардааст, зеро бисёр кишварҳо майдонҳои зиёди киштро барои парвариши маҳсулоте ҷудо кардаанд, ки баъдан аз онҳо маводи сӯхти биологӣ тавлид мешавад. Ва аммо мухолифини ин ақида мегӯянд, ки айни ҳол ҳаҷми тавлиди маводи сӯхти биологӣ он қадар бузург нест, ки ба захираи озуқа таъсир гузорад.

Гуфта мешавад, дар нишасти Рум сарони он кишварҳое низ ҳузур хоҳанд дошт, ки бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз рӯи дигар масоил ихтилофи назар доранд. Яке аз онҳо раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод аст, ки барномаи ҳастаии кишвараш ду дафъа мавриди таҳримҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қарор гирифтааст. Ва аммо Теҳрон мегӯяд, ки Аҳмадинажод на фақат дар ин нишаст ширкат хоҳад кард, балки бо истифода аз вазъи мусоид бо Попи Рум мулоқот низ анҷом хоҳад дод.

Дигар аз ширкаткунандагони нишасти Рум раисиҷумҳури Зимбабве Роберт Мугабест, ки кишварҳои Ғарб ӯро дар тақаллубу қонуншиканҳо дар интихоботи ахири раёсати ҷумҳур айбдор мехонанд. Ба ӯ вуруд ба Иттиҳодияи Аврупо мамнӯъ аст, ба истиснои нишастҳои таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид. Зимнан, дафъаи гузашта ӯ чунин имконро барои интиқоди шадиди баъзе раҳбарони Ғарб истифода карда буд.

XS
SM
MD
LG