Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамкории Тошканду Душанбе: Дӯстӣ бештар ба нафъи кист?


Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон
Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон

Раҳоӣ аз бунбасти иртибототӣ (коммуникатсионӣ) дар ивази пешниҳоди бозори фурӯш, коршиносон равобити Тоҷикистону Узбекистонро дар марҳилаи ҳозир чунин баҳогузорӣ мекунанд.

Тоҷикистону Узбекистон тарҳи муштаракеро дар заминаи рушди истеҳсоли абрешим ва матои атласро дар ду кишвар баррасӣ кардаанд. Ин тарҳ бо номи “Барқарор кардани рушди устувори атлас ва абрешим дар Узбекистону Тоҷикистон” бо будҷаи 2 млн. евроро ҷонибҳо дар конфронси муштаракаи 28-уми ноябр дар шаҳри Душанбе матраҳ кардаанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Палатаи савдову саноати Тоҷикистон конфронс дар доираи тарҳи SWITCH-ASIA, бо пуштибонии молии Иттиҳоди Аврупо баргузор шудааст, ва масоили зиёдеро дар бар гирифтааст, ки ба эҷоди фурсатҳои истеҳсол ва рушди пойдор дар занҷираи арзиши атлас таъсир доранд.

Таъсиси корхонаҳои муштараки тоҷикиву узбекӣ яке аз масъалаҳои ҳамеша мавриди баррасии комисияҳои байниҳукуматии кишварҳо аст.

Дар поёни сентябри имсол дар Душанбе бо иштироки сарвазирҳои Узбекистону Тоҷикистон корхонаи муштараки Аrtel Avesto Electronics, ки чангкашак (ҷоруби барқӣ) ва обгармкунак истеҳсол мекунад, боз шуд.

Мутобиқи маълумоти Кумитаи давлатии омори Узбекистон дар ин кишвар аллакай 178 ширкат бо сармояи Тоҷикистон фаъол мебошанд.

Гардиши молу коло миёни кишварҳо, бино ба омори расмӣ, ҳар сол зиёд мешавад ва бештар ба фоидаи Тошканд аст.

ОМОРИ РУШД

Баъди ба гармӣ гароидани равобити ду кишвар ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев гардиши молу коло миёни Тоҷикистону Узбекистон чанд маротиба бештар шудааст: аз 69,2 млн доллари соли 2016 ба 362 млн дар соли 2019 расидааст.

Дар 8 моҳи соли ҷорӣ, бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омори Узбекистон, гардиши молу коло миёни ду кишвар 317 млн долларро дар бар гирифтааст, ки аз ин ҳаҷми содироти ин кишвар 255,1 млн доллар ва ҳаҷми воридоташ 61,9 млн будааст.

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки омори расмии ҷониби Тоҷикистон дар соли ҷорӣ маълумотро чанд маротиба камтар нишон медиҳад. Мувофиқи додаҳои Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон дар моҳҳои январ-август ҳаҷми умумии гардиши молу коло 217 млн долларро дар бар гирифтааст. Ба Узбекистон маҳсулот ба 52 млн доллар содир ва аз он кишвар бо 217 млн воридот шудааст. Дар ин ниҳод он вақт ин тафовутро ба амалиёти ҳамлу нақли коло рабт доданд, ки хосияти транзитӣ доштанд.

Дар ҳар сурат ҳаҷми хариди маҳсулоти Тоҷикистон аз Узбекистон нисбат ба фурӯш ба ин кишвар ду баробар бештар аст, ки бино ба арзёбии коршиносон “хатар” ба иқтисоди миллии кишвар дорад.

"МУШКИЛОТ ҲАСТ, АММО МАРБУТ БА МОСТ"

Иқтисоддони тоҷик Назаралӣ Назаралиев мегӯяд, ки дар сурати набуди рушди истеҳсолоти дохилӣ Тоҷикистон дар равобит бо Узбекистон тавозуни тиҷоратии манфии худро бештар кард.

“Беҳтар шудани равобит бо Тошканд, мисле ки дар равобит бо Чин иттифоқ уфтод, сабаби берун рафтани ҳаҷми бузурги асъори хориҷӣ аз кишвар шуд. Мо то кунун хеле чизи каме метавонем ба Узбекистон пешниҳод кунем, ки онҳо надоранд, барои ҳамин тақрибан бозори фурӯше барои ин кишвар ҳастем”,--мегӯяд ин ҳамсуҳбати мо. Ба гуфтаи ӯ, беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон метавонист ба кишвар тиҷорати Узбекистонро бикашонад, аммо дар ин бахш низ кишвар аз ҳамаи ҳамсояҳо ақиб мондааст.

Мувофиқи маълумоти ниҳоди омори Тоҷикистон дар 10 моҳи соли ҷорӣ давлат 2,5 миллирад долларро барои воридот масраф кардааст. Аз ҳисоби содироти маҳсулоташ 1,2 миллиард долларро ба даст овардаст. Берун рафтани сармоя пеш аз ҳама ба Русия будааст, ки аз он ҷо 30% маҳсулот ворид шудааст, ғайр аз ин ба Чин 15%, ба Узбекистон 8,1%, ба Туркия3,9% ва ба Олмон 2,5% масраф шудааст.

Тоҷикистон ба Узбекистон алюминийи ибтидоӣ, қувваи барқ, нахи пахта, маъдан, семент, чарми коркарднашуда, пила, абрешими хом, матоъҳои гуногун, нӯшокиҳои алкулӣ, гилем ва ғайра содир мекунад.

Хусусан дар бахши семент дар соли ҷорӣ Узбекистон дар баробари Афғонистону Қирғизистон содиркунандаи аслии семент будааст.

Аз Узбекистон ба Тоҷикистон гази табиӣ, маҳсулоти нассоҷӣ, нуриҳои менералӣ, плостик, пойафзол, маҳсулоти сафолӣ, металҳои ранга, таҷҳизоти электрониву механикӣ ворид мешавад.​

НИЯТҲО ВА ДУРНАМО

Дар ҳоли ҳозир ҷонибҳо ҳадаф доранд гардиши молу колоро то 1 миллиард доллар боло баранд, ки дар ин бора зимни сафари сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов ба Душанбе дар поёни сентябри имсол гуфта шуд. Ҳамчунин дар доираи форуми сармоягузорӣ доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Узбекистон 15 созишномаи нав бо маблағи 50 млн доллар ба имзо расониданд, ки тақрибан ҳамаи бахшҳои ҳамкориҳои иқтисодиро фаро гирифт.

Ҷонибҳо ҳоло дар ҳисобҳои худ ба додаҳои солҳои 2000-ум мехоҳанд баробар шаванд, ки он вақт гардиши молу колои кишварҳо баробар ба 500 млн доллар буд ва Узбекистон ба сегонаи шарикони асосии иқтисодии Тоҷикистон дохил мешуд. Вале дар миёни коршиносон шубҳаҳои мушаххасе дар ин замина вуҷуд дорад.

Сиёсатшиноси мустақил Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, ки Шавкат Мирзиёев нақшаҳои бузурге дошт, ки аз ҳисоби давлатҳои ҳамсоя кишвар ва истеҳсолоти маҳаллиро аз инзиво берун кунад, аммо онҳо комилан амалӣ нашуданд.

“Ба он хотир амалӣ нашуд, ки Узбекистон молҳои арзон ворид мекунад ва бо ин манофеи воридкунандагони маҳаллӣ ва истеҳсолкунадгаони маҳсулоти кишоварзиро танг мекунад, аз сӯйи дигар молҳои Узбекистон нисбат ба молҳои чиноӣ сифати бадтар доранд”,--мегӯяд сиёсатшинос. Дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи ӯ, ин раванд дар сатҳе танзимшаванда аст, ки манофеи доираҳои тиҷоратии маҳаллиро халалдор накунад.

Моҳи июни соли 2018 Тоҷикистон воридоти тухми мурғро манъ кард ва инро марбут ба он донист, ки истеҳсолкунандагони ватанӣ комилан тавони таъмини бозорро доранд. Тасмим баъди он гирифта шуд, ки бозори дохилӣ, тақрибан моломоли тухмҳои Узбекистон шуда буд, ки ба арзон шудани нарх оварда расонид.

БОЗИИ БИДУНИ БОЗАНДА

Сиёсатшинос Шералӣ Ризоён мегӯяд, ки равобити Узбекистону Тоҷикистон хосияти судоварии дуҷониба дорад ва онро бояд бар мабнои усули win-win (фоидаи дугона)баррасӣ кард.

“Барои Тоҷикистон бисёр муҳим аст, ки ба бозорҳои берунӣ дастрасӣ дошта бошад ва дар ин росто зерсохтҳои мо ба Узбекистон алоқаманданд. Дар консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон аз соли 2015 ба ин сӯ Узбекистон шомили кишварҳое, ки авлавият доранд, аст, ки бозгӯкунандаи зарурати рушди ҳамкориҳои мутақобилаи иқтисодӣ мебошад”,--таъкид мекунад коршинос.

Модели ҳалли мушкилоти ҷойдошта миёни Узбекистону Тоҷикистон, ба гуфтаи Ризоён, нишон дод, ки дар минтақа мушкилоте, ки ҳал нашаванд, вуҷуд надорад. “Дар давоми 25 сол равобити ду кишвар хосияти ташаннуҷӣ дошт, вале дар се соли ахир ҳамаи масоили мавҷуд дар миёни кишварҳо, ҳам барои коршиносни хориҷиву ҳам барои коршиносони Осиё Марказӣ ба шеваи ғайриинтизор, ҳали худро ёфтанд. Ин умедвории зиёде барои ҳамкориҳои минбаъда дар минтақа дод”,-гуфт Ризоён.

Солҳои зиёд Тоҷикистону Узбекистон, бар сари истифодаи дарёҳои фаромарзӣ, тақрибан дар ҳолати ҷанги сард қарор доштанд. Миёни кишварҳо парвозҳои ҳавоӣ қатъ шуда буд, хатсайрҳои автобусҳо ҳам бекор шуда буданд, қисме аз роҳи оҳан вайрон ва низоми раводид ҷорӣ шуда буд. Баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев ин равобит ба гармӣ гароиданд. Дар ин солҳо сарони ду давлат борҳо сафарҳои ҷавобӣ анҷом доданд, шартномаҳои ҳамкории стратегиро имзо кардаву низоми бидуни раводид ҷорӣ ва бар сари ба як миллиард доллар расонидни гардиши молу коло тавофуқ карданд.​

XS
SM
MD
LG