Ҳазинаи ин барномаи панҷсола 20 миллиард доллар баровард шуда, аз 63 ҳазор сарбози феълӣ ба 120 ҳазор сарбоз расонидани шумори нерӯҳои урдуи давлатии Афғонистонро ба ҳадаф дорад. Ба навиштаи “Ню-Йорк Таймз”, вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс ҳамчунин мехоҳад низоми сохтории фармондеҳии нерӯҳои эътилофи таҳти раҳбарии Амрико ва нерӯҳои таҳти фармони паймони низомии НАТО дар Афғонистонро низ тағйир диҳад.
“Ню-Йорк Таймз” навиштааст, ин тарҳ дар посух ба таҳдиди афзояндаи Толибон дар садади танзими сохтори фармондеҳии нерӯҳои таҳти фармони Амрико ва паймони НАТО дар Афғонистон таҳия шудааст. Ба навиштаи “Ню-Йорк Таймз”, Гейтс ҳамчунин мехоҳад аз барномаи 20-миллиарддолларие, ки тақвияи қобили мулоҳизаи урдуи давлатии Афғонистонро ба ҳадаф дорад, низ пуштибонӣ кунад.
Рӯзнома менависад, ин ду тасмим дар маҷмӯъ аломати идроки кӯтоҳиҳоест, ки боиси ақиб уфтодани амалиётҳои нерӯҳои эътилофи таҳти раҳбарии Амрико ва нирӯҳои ISAF дар Афғонистон шудааст. Дар ҳоле ки идомаи ҷанги Ироқ монеъи эъзоми билофосилаи нирӯи бештари Амрико ба Афғонистон шудааст ва Пентагон, бо вуҷуди дарки чунин зарурат, дасти кам то соли оянда ба он кишвар нирӯи иловагӣ фиристода наметавонад, ин барнома метавонад зарфиятҳои низомии муттаҳидини Амрико ва артиши Афғонистонро тақвият диҳад, навиштааст “Ню-Йорк Таймз”.
Пентагон гуфтааст, ҳазинаи ин барнома дар 3 соли аввал солона тақрибан 5 миллиард долларро ташкил дода, барои 2 соли баъдӣ солона то 3 миллиард доллар лозим хоҳад шуд. Иҷрои чунин барномаи пурҳазина бидуни кӯмакҳои саршори молии Амрико ғайримумкин аст. Аммо мақомоти Пентагон ба “Ню-Йорк Таймз” гуфтаанд, ки Роберт Гейтс дар роҳи маблағгузории иҷрои тарҳи мазкур ба ҳамдастиии кишварҳои муттаҳиди Амрико низ умед мебандад.
Нерӯҳои эътилофи таҳти раҳбарии Амрико дар Афғонистон асосан машғули пиёда кардани амалиётҳои ҷангӣ алайҳи чирикиҳо дар минтақаҳои хушунатзадаи умдатан ҷануби он кишваранд. Вале ағлаби нирӯҳои байналмилалии кӯмак ба амнияти Афғонистон, ё худ ISAF, ки таҳти фармони паймони низомии НАТО амал мекунанд, дар манотиқи нисбатан ором мустақар буда, бештар масруфи барномаҳои бозсозии Афғонистонанд.
Ба навиштаи “Ню-Йорк Таймз”, камбуди ҳамоҳангӣ байни фармондеҳии ин нирӯҳо ва аҳдофи мутафовите, ки ҳар кадом аз ин ду нерӯ дар Афғонистон дунбол мекунанд, аз ҷумлаи илали ақибуфтодагиҳои мавҷуда дар роҳи иҷрои ин аҳдоф будааст. Бар асоси тарҳи ҷадид, Пентагон мехоҳад фаъолияти кулли нирӯҳои хориҷӣ дар Афғонистонро таҳти фармондеҳии бештар ҳамоҳангшудаи генерал Девид МакКирнан биоварад. Ин генерали амрикоӣ феълан фармондеҳии нерӯҳои таҳти фармони НАТО дар Афғонистонро бар ӯҳда дорад.
Ҷефф Морелл, сухангӯи вазорати дифоъи Амрико ба “Ню-Йорк Таймз” гуфтааст, таъйини як фармондеҳи воҳид барои тамоми нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон истифодаи муассиртар аз зарфиятҳои мавҷударо таъмин карда, барои расидан ба ҳадафи ниҳоӣ, яъне фурӯ нишондани хушунатҳои афзоянда дар он кишвар, мусоидат мекунад.
Амрико феълан дар Афғонистон 27 000 сарбоз дорад. “Ню-Йорк Таймз” менависад, дар ҳоли ҳозир идомаи ҷанги Ироқ ба Пентагон даст намедиҳад, то ба Афғонистон нирӯи иловагӣ эъзом кунад, вале вазорати дифоъи Амрико тасмим гирифтааст, дар соли оянда ба он кишвар ду бригадаи ҷадиди низомии иборат аз тақрибан аз 6 000 то 10 000 сарбоз бифиристад.
Ин дар ҳолест, тайи наздики 7 соли амалиёти байналмилалии зиддитеррор дар Афғонистон беш аз 500 сарбози амрикоӣ кушта шудаанд ва бахусус 2 моҳи охир ба маҳзи афзоиши мизони ҳамалоти ҷангиёни Толибон барои нерӯҳои Амрико дар он кишвари ҷангзада пурқурбонӣ будааст.