Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Орумбекзода: Аз хориҷ шудани Амрико аз ЮНЕСКО мутаассифем


Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон, хориҷ шудани Амрико аз узвияти ЮНЕСКО-ро зарбаи сахте ба кори ин созмон номид. Ӯ рӯзи 13-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Амрико аз кишварҳои аслии сармоягузор ба кори ЮНЕСКО буд ва бо рафтанаш чандин барномаи ин созмонро ба ҳам хоҳад зад.

“Албатта, хориҷ шудани Амрико аз ЮНЕСКО ё Бунёди Ҷаҳонии омӯзишӣ ва илмиву фарҳангии Созмони Милалро кори дохилии ин кишвар аст. Вале мо ба ҳайси узви ин созмон мавқеи худро дар нишасти моҳи ноябр расман баён хоҳем кард", - афзуд вазир.

Шамсиддин Орумбекзода
Шамсиддин Орумбекзода

Орумбекзода дар идома гуфт, ки ЮНЕСКО ҳар сол то шаш ё ҳафт барномаи фарҳангӣ ва илмии Тоҷикистонро пуштибонӣ ва маблағгузорӣ мекунад.

Амрико аз ЮНЕСКО хориҷ шуд

Амрико бо "зидди исроилӣ" хондани тасмимгириҳои созмони илмӣ, фарҳангӣ ва омӯзишии Созмони Милали Муттаҳид - ЮНЕСКО, эълон кард, ки ин кишвар аз ин ниҳоди фарҳангӣ хориҷ мешавад. Мудири кулли ЮНЕСКО аз ин амр интиқод кардааст. Ба гузориши "Франс-пресс", сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи 12-уми октябр гуфт, "ин тасмиме набуд, ки ба осонӣ гирифта шавад ва баёнгари нигарониҳои Амрико дар робита ба қарзҳои рӯзафзуни ЮНЕСКО, ниёзи ин созмон ба ислоҳоти бунёдӣ ва табъизҳое аст, ки ин ниҳод алайҳи Исроил раво медорад."

Вошингтон мухолифи ҳар гуна пуштибонии ЮНЕСКО барои ба расмият шинохтани давлати Фаластин аст ва эътиқод дорад, ки нахуст бояд гуфтугӯҳои сулҳи Ховари Миёна пеш биравад.

Ӯ дар идома гуфтааст, ки Амрико ба Ирина Бокова, мудири кулли ЮНЕСКО хабар дода буд, ки Вашингтон мехоҳад робитаи худ бо ЮНЕСКО-ро ҳамчун "кишвари нозири ғайри узв" идома диҳад, то нуқта назари Амрико ва тахассусеро, ки аз он баҳраманд аст, ба ин созмони фарҳангӣ мунтақил кунад.

Хуруҷи Амрико аз ЮНЕСКо рӯзи 31-уми декабри соли 2018 ба вуқуъ мепайвандад ва то он замон, ин кишвар узви комили ин созмон хоҳад монд. Амрико соли 2011 саҳми иқтисодии чашмгиреро, ки дар будҷаи ЮНЕСКО дошт, дар эътироз ба тасмими ин созмон дар бораи қабул кардани Фаластин ҳамчун узви комил, бекор кард.

Амрико пеш аз ин низ як бор дар замони раёсати ҷумҳури Роналд Рейган соли 1984 дар эътироз ба ончи "мудирияти бади иқтисодӣ дар ЮНЕСКО ва сиёсатҳои зиддиамрикоӣ" хонда буд, аз ин созмон хориҷ шуд ва дар даврони раёсати ҷумҳури Буши писар, дубора ба ин созмон баргашт.

Ирина Бокова, мудири кулли ЮНЕСКО.
Ирина Бокова, мудири кулли ЮНЕСКО.

Тасмими ҳукумати Доналд Трамп барои хуруҷ аз ЮНЕСКО вокуниши мудири ин созмонро дар пай дошт. Ирина Бокова ин тасмими Амрикоро зарба ба ҳама тарафҳо донистааст. Хонум Бокова изҳор дошт, ки аз дарёфти номаи расмии Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико дар ин бора, ба шиддат таассуф хурдааст.

Вай дар идома гуфт, "дар давроне, ки ҷангҳо ҳамчунон ҷомеаҳоро дар саросари ҷаҳон пора-пора мекунад, ҷои таассуфи амиқ аст, ки Амрико аз ниҳоди вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид, ки мунташиркунандаи омӯзиш ва сулҳ аст ва аз фарҳанг дар баробари ҳамлаҳое, ки ба он мешавад, дифоъ мекунад, хориҷ мешавад."

Вашингтон мухолифи ҳар гуна пуштибонии ЮНЕСКО барои ба расмият шинохтани давлати Фаластин аст ва эътиқод дорад, ки нахуст бояд гуфтугӯҳои сулҳи Ховари Миёна пеш биравад.

XS
SM
MD
LG