Хонум Мишел Монтас - сухангӯи Дабири кулли СММ Бан Ги-мун мегӯяд, камаш 260 000 сокини Тоҷикистон ба кумаки оҷил ниёз доранд.
Камбуди энергияву об вазъро боз ҳам печидатар кардааст.
Аксари мактабҳо бо камбуди нерӯи барқ мувоҷеҳ мебошанд.
Бунёди кӯдакони СММ (UNICEF) иттилоъ додааст, ки ба Тоҷикистон кумакҳои фаврӣ ва аз ҷумла ба шифохонаҳо генератор мефиристад. Чанд созмони дигари байнулмилалӣ низ изҳори омодагӣ кардаанд, ки ба Тоҷикистон кӯмак бифиристанд.