Расман гуфта мешуд, ҳадафи он пешгирии қочоқи маводи мухаддир ва парвариши рустаниҳои нашъаовар дар қаламрави минтақа мебошад. Аммо дар ҷараёни он ҳодисаҳое рӯй дод, ки барои ҷомеаи Тоҷикистон ғайриинтизор буд.
Яке аз чунин рӯйдодҳо қатли Мирзо Зиёев, собиқ фармондеҳи нерӯҳои Иттиҳоди мухолифони Тоҷикистон ва вазири пешини умури изтирории Тоҷикистон буд.
Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар як изҳороти муштарак Зиёевро дар ҳамкорӣ бо Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон, мушоракат бо гурӯҳи калони қочоқчиёни маводи мухаддир ва гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷинояткор айбдор карданд.
Кушта шудани Неъмат Азизов, собиқ сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода, дастгир шудани шаш нафар ва кушта шудани панҷ шаҳрванди Русияву Қазоқистон дар ин амалиёт баёнгари он гардид, ки вазъ дар минтақа ҳасос аст ва мақомоти марбутаи Тоҷикистон амалиёти густардаро роҳандозӣ кардаанд.
Ба гуфти сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Маҳмадулло Асадулоев, амалиёти «Кӯкнор 2009» дар минтақаи Тавилдара бо назардошти вазъи ин минтақа вижагиҳои худро дошт. Масалан, дар амалиёти Тавилдара ходимони Кумитаи амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати дифоъ, Додситонии кул ва Додситонии ва ҳарбии Тоҷикистон фаъол буданд.
Вай меафзояд: «Дар рафти амалиёти мазкур гурӯҳи ҷинояткороне муайян шуданд, онҳо ҳам дар қочоқи маводи мухаддир ва дар амалҳои гаравгонгирӣ ва террористӣ даст доштанд. Дар доираи ин маърака амалиёти махсус роҳандозӣ шуд, ки миқдори зиёди лавозимоти ҷангӣ ва варақаҳое, ки ба ҳизбҳои экстремистӣ дахл доштанд, гирифта шуданд аз ин минтақа.»
Дар ҳоле ки мақомоти зирабти Тоҷикистон мегӯянд, ки амалиёти «Кӯкнор-2009»-ро дар Тавилдара ба поён расондаанд, Олим Одилов, ки феълан дар ин минтақа зиндагӣ мекунад ва аз собиқ сарбозони нерӯҳои мухолифони тоҷик ба шумор меравад, мегӯяд, ҳанӯз ҳам нерӯҳои ҳукумат дар кӯҳҳо мустақаранд ва ба назар намерасад, ки вазъият комилан ором шудааст.
Ҳамсӯҳбатам ҳадс мезанад, ки амалиёти вижаи ҳукумат маҳз ба хотири дастгир кардани Мирзо Зиёев ва Неъмат Азизов амалӣ шуда буд.
Маҳмадулло Асадуллоев ҷой доштани нерӯҳои хукуматиро дар қаламрави Тавилдара таъйид карда, гуфт, ин гӯруҳи хурди Вазорати корҳои дохилӣ мебошад, ки ба хотири ошкор кардани пинҳонгоҳҳои гурӯҳҳои дастгиршуда дар кӯҳҳо ҷустуҷӯро идома медиҳад.
Таҳлилгар Ҳикматуллоҳ Сайфулоҳзода бо ишора ба он, ки Мирзо Зийев ва Неъмат Азизов -- намояндагони Иттиҳоди мухолифон дар ин амалиёт қурбонӣ шуданд, гуфт ки таъмини амният дар салоҳияти давлат аст, вале ба назар мерасад, ки ҳукумат дар қиболи он ки пешвоёни фронти халқиро бо иттиҳоми дигар аз қудрат дур кард, бояд бо пешвоёни собиқ мухолифин бо шеваи дигар рафтор мекард.
Вай гуфт: «Мирзо Зиёев 8 сол дар яке аз вазоратҳои қудратии кишвар масъулият дошт ва яке аз шахсиятҳои наздики раиси ҷумҳур ба ҳисоб мерафт. Он вақт атрофи ӯ гапи бисёр буд. Он солҳо ошкор бархӯрд накарданд. Вале вақте аз вазирӣ барканор шуд, дар ин амалиёт ҷинояткор ҳисоб шуда ва ва аз байн бурда шуд.»
Раиси Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон, Абдуғанӣ Муҳаммадазимов, бар ин аст, ки бо аз байн бурдани Мирзо Зиёев ва Неъмат Азизов ва дастгир шудани гурӯҳи онҳо, акнун вазъ дар Тавилдара ором аст ва гӯё дар инҷо ягон ҳодисае нашуда бошад.
Муҳаммадазимов меафзояд: «Он гурӯҳҳое террористии ифротгаро, ки аз шимоли Афғонистон ва ғарби Покистон ба Тоҷикистон ворид шуданд ва он шахсоне, ки бо ҳукумат мушкилӣ доштанд, аз байн бардошта шуданд."
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, амалиёти «Кӯкнор 2009» дар Тавилдара беш аз 1 моҳ идома кард ва зимни он 11 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1000 бех буттаи маводи мухаддир нест карда шудааст.
Ба гуфти ҳамин манбаъ, зимни даргирии мусаллаҳона, нерӯҳои ҳукуматӣ танҳо ҷароҳат бардоштаанд.
Аммо дар яке аз баёнияҳои муштараки Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон гуфта мешуд, ки як афсар дар минтақаи Ҳавзи Кабуд аз тири гурӯҳҳои камингирифта ба ҳалокат расидааст.
Ба ҳар ҳол посгоҳҳои иловагӣ дар роҳи Тавилдара бардошта шуда, танҳо посгоҳҳои пешина боқӣ мондаанд. Вале дар посгоҳҳои қаблӣ низоми кори нисбат ба гузашта пурзӯртар шудааст.
«Он гурӯҳҳое террористии ифротгаро, ки аз шимоли Афғонистон ва ғарби Покистон ба Тоҷикистон ворид шуданд ва он шахсоне, ки бо ҳукумат мушкилӣ доштанд, аз байн бардошта шуданд...