Тибқи иттилоъи вазорати молия Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир қарзҳои берунаи давлати Тоҷикистон 1 миллиарду 252 миллион доллар ташкил медиҳад, ки ин рақам ба 29 дарсади тавлидоти нохолиси миллӣ баробар будааст. Ин дар ҳолест, ки бар асоси меъёрҳои байнулмилалӣ афзоиши қарзи берунаи кишвар аз 25 дарсади тавлидоти нохолиси миллӣ таҳдид ба иқтисоди кишвар арзёбӣ мешавад.
Бар асоси иттиллоъи вазорати молия, давлати Тоҷикистон дар маҷмӯъ барои пардохти қарзаи вомҳои хориҷаи худ, аз ҷумла қарзҳои мустақими давлатӣ, қарзҳои муассисот ва идороти давлатӣ ва қарзҳои бо кафолати давлатӣ дар шаш моҳи аввали соли равон 23 миллион доллари амрикоӣ ихтисос додааст.
Қарзҳои берунаи давлати Тоҷикистон дар ин муддат баробар бо 29 дарсади тавлидоти нохолиси миллии кишвар шудааст, ки коршиносон онро таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти иқтисодии кишвар арзёбӣ мекунанд.
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, донишманди саршиноси риштаи иқтисод, мегӯяд, бар асоси меъёрҳои байнулмилалӣ, дар ҳоле ки маблағи қарзҳои берунаи давлат бештар аз 25 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил мекунад, иқтисоди он осебпазир ва бо хатар мувоҷеҳ аст.
Оқои Умаров илова кард, ки афзоиши қарзҳои берунаи Тоҷикистон ба ин миқдори бузург натиҷаи сиёсати нодурусти ниҳодҳои зидахли давлат аст, ки аз ибтидо барои пардохти онҳо бепарвоӣ ва бемасъулиятӣ зоҳир кардаанд. Зеро дар сурати саривақт ва дар мӯҳлати пешбинишуда пардохт кардани онҳо маблағ ба чунин рақам намерасид.
Аз тарафи дигар, мегӯяд донишманди тоҷик, шеваи истифодаи қарзҳои хориҷӣ дар ниҳодҳои давлати Тоҷикистон тақрибан беназорат буд ва имрӯз, ки бархе аз муассисот ва ниҳодҳои давлатӣ, назири Бонки миллӣ, дар баробари созмонҳои молии байнулмилалӣ изҳори надомат аз истифодаи номафҳуми вомҳо мекунанд, натиҷаи ҳамон муносибат аст.
Дар ҳоли ҳозир ҳаҷми қарзи берунаи Тоҷикистон ба сари ҳар як шаҳрванди ин кишвар ҳудуди 1800 долларро ташкил мекунад ва коршиносон мегӯянд, дар чунин вазъ сармоягузорони хориҷӣ аз тахсиси қарз ва иқтисоди Тоҷикистон парҳез мекунанд.
Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, ки давлат шурӯъ аз соли 2012 барои пардохти қарзҳои Бонки ҷаҳонӣ, Бонки аврупоии Рушд, Бонки исломӣ ва Эксимбанки Чин оғоз хоҳад кард. Зимнан Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир аз Бонки ҷаҳонӣ 352 миллион доллар қарздор аст.