Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаёти кӯдакони бозориву муздури Душанбе


Дар ин шабу рӯзи гармои тобистон, ки кӯдакону наврасон аз таҳсил фориғанд, бархе аз онҳо, ки имконоти молӣ доранд, дар урдугоҳҳо истироҳат мекунанд.

Аммо қисмати дигарашон аз вазъи ногувори оила рӯ ба бозорҳои пойтахт овардаанд. Агарчӣ аз як сӯ ин мардикорони хурдсол дар шароити барои инкишофи ҷисмонӣ ва ақлониву рӯҳи хатарнок ба сар мебаранд, аз ҷониби дигар поймолшавии ҳуқуқи онҳо аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба назар мерасад. Ба гунаи мисол, як гурӯҳ кӯдакони мардикор аз он шикоят мекунанд, ки дар ҷараёни рейдҳои муштарак онҳо аз сӯи кормандони милиса мавриди латукӯб қарор мегиранд.

Дар ин зимн Хайруллои Нурулло, падари 8 фарзанд, мегӯяд, волидайн набояд дидаву дониста кӯдакони худро дар ин синну сол ба мардикорӣ ҷалб созанд.

Ва аммо бояд гуфт, ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқ на танҳо нисбати кӯдакони мардикор шиканҷаро раво мебинанд, балки ҳодисаҳои аз ҷониби онҳо нақзи ҳуқуқи дигар кӯдакон низ вуҷуд дорад. Дар робита ба ҳамин мавзӯъ ман сӯҳбате доштам бо Мавзуна, яке аз муҳасилини мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 1-и пойтахт. Мавзуна як мисоли оддиро аз ҳаёти худ барои ман қисса кард:

«Мо дар синфи 5-ум таҳсил мекардем ва рӯзе саргарми бозӣ будем, ки корманди милиса ба наздамон омад ва ба ман гуфт, ки барояш аз он тарафи кӯча нон харида биёрам. Ман гуфтам, ки барои ба он тарафи роҳ гузаштан метарсам аз фармони ӯ сарпечӣ кардам. Баъдан ӯ маро тела доду ба сӯям чӯбу сангро ҳавола дод. Мо базӯр худро аз ӯ раҳо кардем. Ин ҳодиса барои ман бетаъсир намонд ва пас аз ин ман ҷиддан аз пайи омӯзиши фанни ҳуқуқ шудам».

Дар ҳамин ҳол ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов гуфт, бар тибқи кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ҳеҷ кас иҷозаи нақзи ҳуқуқи ягон нафар, ба вижа кӯдакону наврасонро надорад.

Маҳмадназар Солеҳов, вазири умури дохилаи кишвар, тайи як нишасти хабарӣ гуфт, воқеан ҳам имрӯз ҳодисаҳои поймолкунии ҳуқуқи кӯдакону наврасон ва сӯистифодаи вазифа аз сӯи кормандони милиса ҷой дорад ва минбаъд барои ҷилавгирӣ аз чунин ҳодисаҳо назорат ҷиддӣ хоҳад шуд.

Ҳуқуқдонҳо мегӯянд, бар тибқи кодекси оилаи кишвар кӯдакону наврасон метавонанд бо истифода аз додситон аз ҳуқуқҳои худ дифоъ кунанд. Вале чун дар муассисаҳои таълимӣ ба наврасон ба таври кофӣ дарсҳои ҳуқуқӣ гуфта намешавад, онҳо дар дифоъи ҳуқуқҳои худ оҷизӣ мекашанд.

XS
SM
MD
LG