Ба телефони яке аз дӯстонам занг мезанам ва ба ҷои занги телефон ана ҳамин пораи вазъи яке аз руҳониёни тоҷикро мешунавам. Воқеан имрӯз дар баробари мусиқиҳои рангоранг аксар ҷавонон дар телефонҳои худ пораҳои мавъизаҳо дар мавзӯъҳои мухталифро сабт кардаву гуш мекунанд. Ҳамчунин шунидани мавъизаҳои руҳониён имрӯз бештар дар дохили микроавтбусҳо, ки бо садои баланд шунавонида мешавад ва ё дар бозори «Корвон», ки шунавандагони пайвастаи он тоҷирони бозоранд, хеле зиёд мушоҳида мегардад.
Барои баҳрабардорӣ аз мавъизаҳои динии руҳониёни маъруфе ба мисли Ҳоҷи Мирзо, Эшони Нуриддин, Эшони Маҳмудҷон, Эшони Аллома ҳар рӯзи ҷумъа аз ҳар кунҷу канори шаҳр ва навоҳии атрофи он афроди зиёде вориди масоҷид мешаванд, ки аксари онҳо ҷавононанд. Руҳониён мегӯянд, мавъизаҳои онҳо ва мавзӯъҳое, ки дар ин мавъизаҳо ё амри маъруфҳо матраҳ мегардад, барои ҷавонон хусусияти тарбиявӣ дорад. Аммо дар мавриди муҳтавои мавъизаҳо ва шеваи гуфтори руҳониён худи ҷавонони назарҳои мухталиф доранд.
Бархе аз ҷавонон мегӯянд, саҳми мавъизаҳо воқеан ҳам дар тарбияи ҳамсолонашон бузург аст ва мавъизаҳо ё амри маъруф метавонад кореро анҷом диҳад, ки иҷрои он ҳатто барои масъулин ва мақомот мушкил аст. Зеро рӯҳоният як ҷузъи ҳаёти ин мардум аст ва онҳо хоҳу нохоҳ ба ҳарфҳои рӯҳониён гӯш медиҳанд.
Яке аз ҳамсӯҳбатони мо мегӯяд: «Хайр, албатта манфиати бузурге дорад. Ҳидоят ва даъват ба роҳи рост аст,ва ҷавонон ба ин восита аз роҳи бад мегарданд. Барои мисол, аксаран дар ин мавъизаҳо гуфта мешавад, ки дуздӣ раво нест, нушокиҳои спиртӣ истеъмол накунед, зинокорӣ накунед, ки ин ба саломатии шумо зарар дорад. Алабатта ин ҳама ба манфиати мо ҷавонон аст».
Зимнан бархе аз нашрияҳои чопи Душанбе навиштаанд, ки ширкати руҳониён дар қисмҳои низомӣ ва шунавонидани мавъизаҳои динӣ ба сарбозон ҷиҳати аз байн бурдани худкушӣ ва дигар амалҳои номатлубе, ки ғолибан, гуфта мешавад, дар қисмҳои низомӣ сар мезанад, метавонад мусоидат кунад.
Мусоҳибам Маъруф мегӯяд, пас аз шунидани чунин мавъизаҳо бисёр иштибоҳҳои худро дар зиндагӣ дарк кардаву акнун иҷрои кору амалҳои зиёдеро ба худ иҷоза намедодааст: «Ман ҳам қаблан бисёр бачаи бадрафтор будам, як ду бор чунин мавъизаҳоро гуш кардам ва сахт таъсирам кард ва аз бисёр корҳо даст кашидам. Ё барои мисол, як ду сол пеш бисёр ҷавонон оиладор мешуданд ва баъди як муддати кутоҳ оилаҳои худро вайрон мекарданд, вале ҳоло вазъ беҳтар гаштааст ва дар ин ҳам, ба назари ман, таъсири мавъизаҳои руҳониён ҳаст».
Пораи мавъиза: «Вақтҳое омадааст, ки бояд мову шумо дар талаби илм бошем, бояд мову шумо босавод бошем ва дар илмҳои чӣ дунявӣ бошад, чӣ ухравӣ бошад, таваҷҷуҳи зиёд дошта бошем. Агар ҳарчи давлат ҳам дошта бошӣ, илм, ки надошта бошӣ, дар он ҳолат шараф ва бузургии ту муайян намешавад. Ҳабиби Худо гуфтаанд, «шарафи одам, бузургии одам, эҳтироми инсон фақат дар илм ва одоб доштан аст».
Порае аз вазъи Ҳоҷи Мирзо, як руҳонии маъруфи тоҷик буд, ки аз зарурати илм сӯҳбат карда, ҷавононро ба омӯзиши илм даъват мекард. Ва аммо, ба ақидаи бархе аз мусоҳибонам, чунин даъватҳо ва бо ин лаҳн дар мавъизаҳои руҳониёни тоҷик кам садо медиҳанд. Мусоҳибони ҷавонам Анис ва Парвина мегӯянд, ки бештари руҳониён дар мавъизаҳои худ ба таҳқиру иҳонати шахсият роҳ медиҳанд, ки ин наметавонад ба тарбияи ҷавонон муосидат кунад: «Чунин дискҳоро ман аслан гуш намекунам, чун дар онҳо ба вижа ҷавонон таҳқир ва танқид мешаванд».
Вале Ҳумайро дар ин маврид шеваи мавъизаҳои Шайх Ренатро, мисол меорад, ки вақтҳои ахир дар Тоҷикистон мавъизаҳои ӯ бо забони русӣ зиёд шунида мешаванд. Ба гуфти Ҳумайро, ин руҳониии тотор лаҳни гуфтори хеле орому таъсирбахш дорад ва мавзӯъҳои интихоб намудааш низ аз манфиат холӣ нестанд.
Ва дар ҳамин ҳол мақомоти расмии Тоҷикистон аз пахши бархе аз наворҳои мазҳабии рӯҳониён ҷилавгирӣ мекунанд.