Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абрпораҳои аҷиб дар осмони Душанбе


Шоми чаҳоршанбе, 23 июл, дар фазои нимаабри Душанбе як акси аҷибе аз абри равшан пайдо шуд, ки ҳудуди 20 дақиқа равшанӣ кард ва таваҷҷӯҳи сокинони пойтахти Тоҷикистонро ба худ ҷалб намуд.

Ин абрпораҳои равшан шабеҳи навиштаи хеле монанд ба исми Худованд-Оллоҳ бо хати арабӣ буданд. Мардум аз болои бому баландиҳо то зери абр пинҳон шудан он навиштаро тамошо карданд ва гурӯҳе ҳам аккосӣ намуданд. Аксарияти шоҳидони ин ҳодиса бар ин назаранд, ки ин наққошии исми Оллоҳ буд.

Аммо раиси Донишкадаи астрофизикаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон Хурсанд Ибодинов бар ин назар аст, ки ин ягон навиштае ва ё ҳодисаи ғайримуқаррарӣ набуда, изи шиҳоби дурахшон буд, ки дар натиҷаи паҳншавӣ дар ҳаво шакли печидаро гирифтааст.

Хурсанд Ибодинов дар ин робита гуфт, ин ҳодисаи оддии табиии кайҳонист, на чизи дигар. Ӯ афзуд, ин абрпораҳои равшан бар асари ба қабати ҳаво ворид шуда сухтани шиҳобпораи бузургҳаҷм пайдо гаштаанд. Ба гуфтаи вай, ҳодисаҳои ба қабати атмосфераи Замин воридшавии шиҳобпораҳо ва сухтани онҳо пайваста сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG