Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дирӯзу имрӯзи телевизиони Хатлон


Телевизиони давлатии Хатлон бо гузашти 15 сол аз замони таъсисаш, ниҳоятан дорои шабакаи мустақими худ шуда, ҳамакнун 8 соат дар як шабонарўз барнома пахш мекунад.

Аммо ба қавли таҳлилгарон, бо вуҷуди афзун шудани ҳаҷми кор, сифати намоишҳо ҳанўз ҳам бисёр беҳбуд мехоҳад. Дар гузашта барномаҳои телевизиони Хатлон рўзе то якуним соат ва аз тариқи Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон пахш мешуд ва бо ин, ҳуқуқи тамошобинон ба интихоби намоиш ва дастрасӣ ба иттилоъ нақз мегардид.

Ҳамакнун мавҷҳои телевизиони Хатлон танҳо дар 14 ноҳияи ҷанубии Тоҷикистон қисман қобили дарёфт аст ва наздики як миллион сокини вилоят аз имкони тамошои барномаҳои он маҳрум будаанд. Кори эҷодии телевизиони Хатлон низ таҳти интиқоди шадиди коршиносони соҳа қарор гирифтааст, чун намоишҳои берангу каммазмун, филму сериёлҳои ғайритоҷикӣ ва нусхабардоришуда аз шабакаҳои телевизионии Русия, истифода аз усулҳои қадимии барномасозӣ, таваҷҷўҳи тамошобинро ба сахтӣ ҷалб мекардааст. Давлати Шоҳэътибор, рўзноманигори яке аз расонаҳои байнулмилалӣ, дар ин робита мегўяд:

«Замоне ки телевизиони Хатлон танҳо 1,5 соат намоиш медод, тақрибан 90 дарсади барномаҳои ин телевизионро гузоришҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ буд. Танҳо аз тракторҳо мегуфтанду тамошобин ҳаракати тракторҳо ва майдонҳои холиро медид. Аммо ҳоло масъулияти кормандони ин шабака афзун шудааст. Тамошобини худро пайдо кардан лозим меояд ва низ барномаҳои хуб таҳия кардан. Аммо бо журналистони ғайриҳирфаии ин шабака аудиторияи худро пайдо кардан бисёр мушкил аст».

Ва аммо масъулини телевизиони давлатии Хатлон мегўянд, бо истифода аз нерўҳои начандон қавии зеҳнӣ, ки шабакаи мазкур дорост, ҳадди аксар ё ниҳояти имконоти фаъолияти эҷодӣ ҳамин аст. Ба гуфтаи Саидалӣ Бобохонов, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Хатлон, дар ҳоли ҳозир ҷамъан 70 нафар дар садо ва симои маҳаллӣ сари кор ҳастанд, вале адами хабарнигорони ҳирфаӣ аз мушкилоти аслии расонаҳои давлатӣ маҳсуб мегардад:

«Бо ин вуҷуд мо талош дорем, барномаҳои хуб таҳия созем. Ният ҳаст, ки бо таҳким додани ҳайати эҷодӣ, ҳамчунин кори радиои вилоятиро низ қувват диҳем. Ҳоли ҳозир 8 соати барнома ин ҳадди максимуми кори мост».

Ва аммо, натанҳо телевизиони давлатии Хатлон, балки ягона телевизиони мустақили «Қўрғонтеппа» низ мувоҷеҳ ба мушкилоти кадрию фаннӣ буда, барномаҳои шабакаи мазкур ҳамоно мавриди интиқоди шадид қарор мегирад. Ҳарчанд телевизиони мазкур мустақил ном бурда мешавад, аммо тамошои намоишҳои таҳлилии сиёсию иқтисодӣ ва низ иҷтимоӣ тақрибан даст намедиҳад.

Масъулини шабакаи мазкур бештар бо пахши танҳо эълому рекломи пуриштибоҳ ва филмҳои таҷассумгари зўроварию тахрибкорӣ иктифо мекунанд. Гузашта аз ин, дар телевизиони «Қўрғонтеппа» танҳо донишҷўён ва муҳассилини макотиби миёна кор мекардаанд, сардабири расонаи мазкур низ донишҷўе на ба ихтисоси комили «рўзноманигорӣ» будааст.

XS
SM
MD
LG