Оқои Собиров мехоҳад, ки тариқи додгоҳ барои зиёни маънавӣ аз оқои Усмонов 150 ҳазор сомонӣ ситонида шавад. Дар шикояти оқои Собиров, ки аз сӯи додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур баррасӣ мешавад, омадааст, ки Исмонов дар ҳама ҷо худро раиси Ҳизби демократ муаррифӣ мекунад, дар ҳоле ки фақат ӯ, яъне Собиров, раиси расман эътирофшудаи Ҳизби демократ аз сӯйи вазорати адлияи Тоҷикистон аст. Раиси дигари Ҳизби демократ Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ҳоло дар зиндон ба сар мебарад.
Дар ҳамин ҳол, Саидҷафъар Исмонов, раҳбари яке аз се ҷиноҳи Ҳизби демократи Тоҷикистон баррасии мунсифонаи шикояти Масъуд Собиров, сарвари расмӣ ва ҷиноҳи дигари ҳизб аз ӯ дар додгоҳро шубҳанок хонд. Вай тайи як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳозир нашудани худи муддаӣ, раҳ надодани хабарнигорон ба толори додгоҳ, пушти дарҳои баста гузаштани раванди додгоҳӣ ва аз сӯйи додрас пурсида нашудани шоҳидон бар шубҳаҳои ӯ афзудаанд.
Дар шикояти Масъуд Собиров омадааст, ки Исмонов ҳама ҷо худро раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон муаррифӣ карда, қонуни Тоҷикистон «Дар бораи аҳзоби сиёсӣ»-ро нақз мекунад, дар ҳоле ки раиси расман дар вазорати адлияи Тоҷикистон сабти номшудаи Ҳизби демократ танҳо ӯст. Дар шикояти Собиров ҳамчунин омадааст, ки Исмонов дар ҳафтаномаи «Фараж» аз номи Ҳизби демократ мақола навишта, худро раиси ин ҳизб номида, мардуми Тоҷикистонро насиҳат кардааст.
Дар навбати худ, Исмонов расонидани зиёни маънавиро ба Собиров такзиб карда, гуфт, расмияти Собировро ҳамчун раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон додгоҳҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур собит кардаанд, на аъзои ҳизби демократ. Вай афзуд, аз 35 узви садорате, ки Масъуд Собировро раиси ҳизб интихоб кардаанд, беш аз 20 нафар бо ӯянд ва ӯро раҳбари худ меҳисобанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси ҷиноҳи дигари Ҳизби демократ дар зиндон ба сар мебарад ва муборизаҳо барои раёсати ҳизб баъди зиндонӣ шудани ӯ шурӯъ шудааст. Қарор аст рӯзи душанбе додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур қарори ниҳоии худро дар мавриди шикояти Собиров аз Исмонов ба тасвиб расонад.