Дар ҳолест, ки ахиран Бонки Ҷаҳонӣ барои таъмини амнияти ғизоӣ ва харидории маводи озуқа ба Тоҷикистон 5 миллион доллари амрикоӣ кўмаки изтирорӣ ихтисос додааст. Бобоҷон Алихонов, мудири бахши равобити байнулмилалии иқтисодии Кумитаи омори Хатлон, бо таъйиди ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, танҳо дар панҷ моҳи аввали соли равон ба андозаи беш аз 6 миллион доллари амрикоӣ орду гандуми истеҳсоли Қазоқистон ба қаламрави ҷануби Тоҷикистон ворид шудааст:
«Ба вилоят 13 095 тонна гандум ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 57 фоиз ё ба миқдори қариб 5 ҳазор тон зиёд мебошад. Орди Қазоқистон бошад дар панҷ моҳи соли 2008-ум 36 654,2 тонна ворид шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 13, 2 дар сад бештар мебошад».
Дар ҳамин ҳол, сокинони ҷануби кишвар аз норасоии орду болоравии бесобиқаи он дар дўкону фурўшгоҳҳо шикоят мекунанд. Дўконҳои ордфурўшӣ ҳамакнун на мисли пешин саршор аз орду гандуми қазоқию маҳаллӣ ба назар мерасанд. Муҳаммад Назар, тоҷири орду гандум дар яке аз дўконҳои бозори Қўрғонтеппа мегўяд:
«Зина ба зина боло рафта истодааст нархи орд, ҳоло аллакай аз марзи 130 сомонӣ берун рафт, орд дар ватанаш - Қазоқистон гарон шуда истодааст. Барои ҳамин дигар тиҷорати орду гандум барои мо дигар бесуд ва зиёновард шуда истодааст».
Ҳамакнун мақомоти вилояти Хатлон бо дарназардошти норасоии озуқа ва болоравии бошиддати қимати маводди ниёзи аввалия тасмим гирифтаанд, содироти орду гандуми маҳаллиро ба хориҷ аз кишвар мутаваққиф намоянд. Дар баробари ҳушдорҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз бўҳрони эҳтимолии ғизо, мақомоти Тоҷикистон низ иқрор мекунанд, ки камбуди озуқа барои ин кишвар хатарзост.
Бо таваҷҷўҳ ба ин мушкил, ахиран Бонки Ҷаҳонӣ барои таъмини амнияти ғизоӣ ба Тоҷикистон 5 миллион доллар ва ҳамзамон ҷиҳати беҳсозии вазъи беҳдоштии аҳолии аз норасоии ғизо бештар осебпазири кишвар иловатан 4 миллион доллари амрикоӣ кўмаки билоивази изтирорӣ ихтисос додааст. Гуфта мешавад, маболиғи ихтисосёфта барои 28 ҳазор хонаводаи ниёзманди Тоҷикистон барои харидории орду гандум ва ҷилавгирӣ аз нобудшавии чорвои хонагиашон тақсим мешавад. Бонки Ҷаҳонӣ ҳамчунин аз болоравии қимати маводи ғизои воридшаванда ба Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.
Гаронтар шудани қимати орду гандум дар кишвар ба сабади истеъмолии мардум таъсири манфӣ расонида, аксар аз онҳоро водор кардааст, барои харидории орд бахши аъзами маблағашонро масраф намоянд. Чунин ба назар мерасад, ки шумори қобили мулоҳизаи сокинони бахусус навоҳии дурдасти ҷануби кишвар барои хариди дигар анвоъи хўрока пул намеёбанд, зеро тибқи иттилоъи расмӣ, тақрибан 60 дар сади аҳолии Тоҷикистон дар ҳоли фақру нодории шадид ба сар мебаранд.