Дар ин филм зиндагии мушкили муҳоҷирони тоҷик, ки аз фурудгоҳ ва ё истгоҳи роҳи оҳан шурӯъ шуда, то ба ватан баргаштан идома мекунад, қадам ба қадам қисса ва роҳҳои ҳалли мушкил пешниҳод мегардад. Каҳрамони аслии филм Орзу Исоев, рӯзноманигори телевизиони Сафина аст, ки мекӯшад, рӯзгори як муҳоҷири кориро таҷриба кунад.
Порае аз филм: «Русия барои нафароне, ки нарафтаанд, афсонаеро мемонад. Аммо воқеъият дигар аст. Салони таёраро мусофирон ишғол мекунанд, чор соати парвоз онҳоро аз ватан ҷудо хоҳад кард. Борхалтаҳои ифлос, сару либоси безеб ва чеҳраҳову нигоҳҳои изтиробомезу тарсзада ҳар хел гумонҳои бадро бедор мекунанд. Чунин вазъро бархе аз кормандони фурудгоҳ ба манфиати хеш моҳирона истифода мекунанд».
Дар филми мазкур таъкид мешавад, ки ғолибан ҷавонони тоҷик таввакалан бо донишу таҷрибаи нокофӣ ба сафар баромада, дар аксар ҳолат мавриди фиреб ва ё суистифода қарор мегиранд. Бесаводӣ ва надонистани забон ба нақзи хуқуқи онҳо аз ҷониби корфармоён ва кормандони полис сабаб мегардад.
Порае аз филм:
· «Қабл аз сафар бояд макони муайян барои рафтан маълум бошад;
· Ҳангоми истифодаи хизмати ширкати бо кор таъминкунӣ, муҳоҷир бояд аз литсензияи ширкат бохабар шавад;
· Шартномаи басташуда бо ширкат ва корфарморо дастрас намуда, оид ба қонунӣ будани он боварӣ ҳосил кунад;
· Дар бораи ширкат ва корфармо ба хешу табор ва дӯстонаш бояд иттилоъ бидиҳад».
Ба гуфти Музафар Зарипов, раҳбари маркази итилоъотии муҳоҷирони меҳнатӣ, қонунҳои ҷадиди кишварҳои корфармо ва сафарҳои таввакалии ҷавонон ба он мусоидат кардааст, ки ахиран талабот ба кори муҳоҷирони беихтисосу ғайриқонунӣ коҳиш ёфтааст, ки ин як бохти асосии шаҳрвандони кишвар ба ҳисоб меравад. Вай меафзояд, «муҳоҷирати мо бояд босифат ва бобарор бошад. Ин филм ба он хотир пешниҳод шудааст, ки муҳоҷирон бо таёри ба сафар бароянд. Зеро аз намуди зоҳирӣ ва дониши онҳо вобастаааст, ки намояндагони дигар миллатҳо ба мо чи гуна муносибат мекунанд».
Музафар Зарипов меафзояд, камсаводӣ ва таҳаммул кардани таҳқиру шиканҷа боиси он гаштааст, ки дар Русия мардикорони тоҷик ба қаҳрамони латифа ва қиссаҳои ширинкорон табдил ёфтаанд.
Бо таҳияи филми «Бояд бидонӣ» дастандаркорон мехоҳанд таваҷҷуҳи ҷавононро қабл аз сафар ба омухтани касбу ҳунар ҷалб сохта, бо омузонидани ҳуқуқу уҳдадорӣ баҳри ҳимояи манфиатҳои қонунӣ дар дили ҷавонон ҷасорат пайдо бикунанд.
Музафар Зарипов мегуяд, «мо дар онҷо дар бораи хомуш будани муҳоҷирон дар назди милиса, консулгарӣ, додгустару додситон ва дигарҳо сухан мегуем. Ин маънои онро дорад, ки муҳоҷир дар ҳама ҷо бо тарс рӯ ба рӯ шудааст. Тарсида гап мезанад ва ё умуман гап намезананд, аз ҳуқуқҳояшон истифода намебаранд. Мо бисёр мардуми тоқатфарсо дорем, аммо ин маънои онро надорад, ки бо хомуши ба худ зарар расонем».
Тибқи омори ғайрирасмӣ, ҳудуди як миллион шаҳрвандони Тоҷикистон дар муҳоҷирати кори қарор доранд ва дар миёни онҳо кам нестанд, наврасоне ки пас аз хатми мактаби миёна, ба хотири таъмини хонаводаҳои камбизоати хеш, муҳоҷиратро ихтиёр кардаанд.