Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳиби нави «Тоҷиккимиёсаноат»


Молики нави Корхонаи «Тоҷиккимиёсаноат»-и ноҳияи Ёвон ширкати бритониёии мавсум ба «Миру Мир» хоҳад шуд, дар ҳоле ки ҳукумати Тоҷикистон натоиҷи музоядаи навбатии байналмилалиро бипазирад. Мақомот ҳанӯз иттилоъи дақиқ намедиҳанд, ки ба чи маблағ ин ширкати бритониёӣ «Тоҷиккимиёсаноат»-ро аз худ карданист.

Як мақоми баландпояи Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, гуфт, қарор аст дар наздиктарин иҷлоси ҳукумати Тоҷикистон масъалаи эътирофи қарори музояда дар бораи баранда шудани ширкати «Миру Мир» баррасӣ шавад.

Ҳамин сарчашма гуфт, «мо ҳоло иттилоъи бештар аз ин наметавонем бидиҳем, танҳо пас аз ин имзои шартномаи хариду фурӯш дар бораи ин ширкат хабар хоҳем дод. Ҳоло «Тоҷикимиёсаноат» харидорӣ шудааст, аммо ҳукумати Тоҷикистон протоколи фурӯши саҳмияҳои ин корхонаро таҳти баррасӣ қарор додааст.» Манбаъ афзуд, «Миру Мир» дуввумин ширкати бритониёист, ки дар зарфи як соли ахир барандаи тендери байналмилалӣ барои хариди «Тоҷиккимиёсаноат» шудааст.

Дар моҳи июни соли 2007 ширкати дигари бритониёӣ мавсум ба«Энҷик Чемикал» барандаи чунин музояда эълом шуда буд, аммо баъдан ҳукумати Тоҷикистон бидуни шарҳи сабаб ширкати мазкурро аз ин тарҳ дур кард. «Энҷик Чемикал», танҳо ширкате, ки дар он музояда иштирок дошт, бар ивази наздик ба 2,9 миллион доллари амрикоӣ корхонаи тақрибан бекорхобидаи «Тоҷиккимиёсаноат»-ро харидорӣ карда буд. Ҳамзамон ширкати «Энҷик Чемикал» қасд дошт, то соли 2009 ба маблағи 20 миллион доллар таҷҳизоти нав ба корхона ворид ва то поёни соли 2007-ум ҳамаи қарзҳои «Тоҷиккимиёсаноат»-ро дар назди мақомоти барқу газ ва молиёт ба маблағи беш аз 26 миллион сомонӣ пардохт кунад.

Ва аммо, ба гуфтаи мақомоти Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ширкати «Миру Мир», барандаи нави музоядаи «Тоҷиккимиёсаноат», пардохти беш аз 20 миллион доллари амрикоӣ барои хариди ин корхонаро ваъда додааст. Дар гузашта Кумитаи сармоягузорӣ истисно намекард, ки ҳангоми ба фурӯш гузоштани корхонаи «Тоҷиккимиёсаноат», авлавият ба ширкату сармоягузорони ватанӣ дода хоҳад шуд.

Дар яке аз мусоҳибаҳои худ Маҳмадшариф Нозимов, муовини аввали раиси кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, гуфта буд, мумкин аз ҳамин нуқтаи назар бошад, ки ҳукумати Тоҷикистон протоколи натиҷаи фурӯши «Тоҷиккимиёсаноат» ба ширкати бритониёии «Энҷик Чемикал»-ро беэътибор донист. Албатта дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон ҳастанд корхонаҳои азиму сармоягузорони ватанӣ, ки метавонанд дар ин музоядаи байналмилалӣ иштирок карда, соҳиби ин корхона шаванд.

Ва аммо Ҳоҷимуҳаммад Умаров, доктори улуми иқтисод, бар ин назар аст, ки сармоягузорони ватанӣ тавон ва ҳатто иштиёқи харидории «Тоҷиккимиёсаноат»-ро надоранд, чун аксар аз фанноварии он имрӯз ғайриқобили истифода шуда ва барои эҳёи ин корхона сарфи маболиғи ҳангуфт лозим аст. Вай афзуд, мутаассифона, натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар миқёси тамоми Осиёи Марказӣ имрӯз ширкату сармоягузореро намебинем, ки «Тоҷиккимиёсаноат»-ро соҳибӣ кунад ва ба он сатҳе бирасонад, ки то 60 фисади тавлидоти он дар хориҷи кишвар харидор пайдо кунад ва мавқеъи ин корхонаро дар бозори ҷаҳонӣ боло барад. Аз ин рӯ ман ба ин қарори ҳукумати Тоҷикистон розӣ нестам. Ба ақидаи ман, танҳо сармоягузорони Бритониё, Чин, Итолиё ва Олмон метавонанд ин корхонаро ба он сатҳе барқарор кунанд, ки ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ бошад, гуфт ӯ.

Ин ҳама дар ҳолест, ки «Тоҷиккимиёсаноат» тайи беш аз ним сол ахир бар асари набуди маблағ фаъолият намекунад. Сармояи аввалияи «Тоҷиккимиёсаноат», ки ягона корхонаи истеҳсоли маводи кимиёвӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказист, танҳо ҳудуди 4,5 миллион долларро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG