Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши мавридҳои худкушӣ дар Хатлон


Мақомоти интизомӣ ва ҷомеъаи шаҳрвандии вилояти Хатлон аз афзоиши мавридҳои худкушӣ дар ҷануби Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунад.

Ба иттилоъи раёсати умури дохилаи Хатлон, дар панҷ моҳи аввали соли равон 42 мавриди худкушию худсўзии сокинони минтақа ба қайд гирифта шудааст, ки дар қиёс бо соли гузашта ҳудуди сад дар сад афзун будааст. Шодибек Раҷабов, сардори раёсати умури дохилаи Хатлон, мегўяд, дар миёни афроде ки даст ба худкушӣ задаанд, 26 нафарашон зан ва 16 тани дигар мард будаанд.

Вай афзуд, мавориди худкушии ноболиғон низ қобили мулоҳиза буда, 11 кўдак дар соли ҷорӣ қасди худкушӣ кардааст. Ба андешаи сардори пулиси Хатлон, 23 мавриди қасди худкушӣ бар асоси низоъҳои хонаводаӣ ва хушунат сурат гирифта, дар сар задани 3 ҳодисаи худкушӣ мушкилоти иҷтимоӣ ва вазъи сангини рўзгор сабаб шудааст. Вале ба иттилоъи расмӣ, 13 нафар аз ҳалокшудаҳо бар асари бемории рўҳӣ даст ба худкушӣ задаанд.

Дар ҳамин ҳол, додситонии Хатлон иддаоҳоеро дар мавриди ин ки гўё аксар аз ҳодисаҳои худкушӣ бар асоси шиддат гирифтани бемориҳои рўҳӣ сар мезананд, зери суол мебарад. Фозилҷон Охунов, додситони Хатлон мегўяд:

«Дар аксар ҳолатҳо худи хешовандон шаҳрвандро ба худкушию худсўзӣ таҳрик медиҳанд. Муносибати дурустро ҳатто бо фарзандонашон раво намедонанд, мавриди латукўб қарор медиҳанд ва мардҳо бо хонумҳои худ муомилаи хуб карда наметавонанд. Ва баъд аз ин ки худкушӣ сар мезанад, барои гурез аз муҷозот ҳалокшударо бадном мекунанд, мегўянд, ки вай аз қабл бемори рўҳӣ буд. Мо аз ҳамин сабаб, таҳқиқи ҳар як ҳодисаи марбут ба худсўзиро таҳти контрол мегирем, то ки омилони таҳрикдиҳанда ба худкушии афзояндаро ба муҷозот бикашем».

Ва аммо дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта то 20 ҳодисаи дигар афзудани мавориди худкушӣ таҳлилгаронро ба ин андеша бурдааст, ки поин рафтани сатҳу сифати зиндагӣ, болоравии қиматҳо ва тангдастию нодории афзоянда гурўҳе аз шаҳрвандонро тазйиқ медиҳад ва дар сурати ислоҳ нашудани авзоъ, шумори афроде, ки даст ба худкушӣ мезананд, бамаротиб хоҳад афзуд. Юсуф Маҳмадов, ҷомеашиноси тоҷик, дар ин иртибот мегўяд:

«Худкушӣ як навъи ифодаи норозигии шаҳрванд аз вазъи баамаломада мебошад. Худкушӣ ҳамавақт замоне сар мезанад, ки инсон дигар роҳи ҳалли мушкилоти худро намеёбад. Ва шахсоне, ки хаста мешаванд ва шояд рўҳан хаста аз мушкилот шудаанд, ба худкушӣ даст мезананд.»

Ба гуфтаи равонпизишкон, мавориди худкушии мардон аз занон ва занон аз ноболиғон ба сурати умум, аз ҳам фарқ мекунад. Мардон дар аксари маврид бинобар аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ таъмин карда натавонистани хонавода ва нодорӣ, бонувон асосан бар асари хушунат ва зўроварии оилавӣ ва ноболиғон ба сабаби тазйиқу фишорҳои равонӣ ва муносиботи бадхашмонаи бузургсолон даст ба худкушӣ мезадаанд.

XS
SM
MD
LG